Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Динозавр дар Вахш?


Пайдо шудани скелети махлуқи монанд ба динозавр дар водии Вахш баҳсҳои доманадори бостоншиносони маҳаллиро ба бор овардааст.

Олия Набиева, раиси осорхонаи кишваршиносии «Бибихонум»-и шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, устухонҳои динозавре, ки эҳтимолан тоза аз тухм берун шуда буд, аз қаъри манзили кӯҳанбунёде дар ноҳияи Бохтар кашф шудааст. Хонум Набиева мегӯяд, ин устухони ҳайвонест, ки ҳоло дар табиат вуҷуд надорад.

«Ҳоло, албатта чунин навъи ҳайвон нест. Мо худамон ҳайронем, ки чӣ тавр ин скелет то замони мо расидааст. Хеле эҳтиёт карда истодаем. Ана ҳамин скелети динозаврики мо ҳам ҳамон сохту шакли динозаврҳои бостониро дорад. Инро ба ҷумҳурӣ мебаранд ва умедворем, ки таҳқиқоти олимон даъвоҳои моро тасдиқ кунад. Шояд боз фикр кунанд, ки ин скелетро ба осорхонаи мо бармегардонанд ё ҷойи дигар мебаранд," - мегӯяд Олия Набиева.

- Оё соҳибхонае, ки ин устухонро пайдо кардааст, шарҳ дод, ки скелети динозаври эҳтимолиро чӣ тавр ва аз куҷо пайдо кардааст?

- Бале, гуфт. Ӯ гуфт, "вақте ки хонаи бобокалони падарамро вайрон мекардем, ҳафт адад тухми шубҳаовари хушкшударо ҳамроҳи ҳамин скелети хурд кашф кардем. Ба гумони ғолиб, баччаҳои таваллуднашудаи динозавр дар дохили ин тухмҳо мурдаанд. Фақат ҳамин махлуқ, ки ҳоло скелеташро дар даст дорем, аз тухм берун шуда, аммо ин ҳам мурдааст. Нафаре, ки устухонҳоро пайдо кард ба мо гуфт, ки падараш то рӯзи маргаш иҷоза намедодааст, ки ин манзили бобокалонашро тахриб кунанд, аммо сабабашро шарҳ намедодааст,»


Ҳуввияти соҳибхонаро ба хости худаш, маъмурияти осорхонаи «Бибихонум» маҳфуз нигоҳ медорад ва гуфта мешавад, ки то анҷоми таҳқиқот мавзеъи кашфи скелети беназир низ махфӣ хоҳад буд.

Азбаски дар вилояти Хатлон пажӯҳишгоҳи хоси бостоншиносӣ ва коршиносони ин соҳа вуҷуд надоранд, аз бостоншиносони Фарҳангистони улум ва вазорати фарҳанги Тоҷикистон дархост шудааст, ки бозёфти ахирро аз лиҳози илмӣ арзёбӣ кунанд. Қарор аст, умури таҳқиқотӣ то се моҳи оянда анҷом бипазирад.

Аммо Сафармоҳ Ятимова, таърихнигор ва коршиноси собиқадори умури осорхонаҳо, бо таваҷҷуҳ ба махсусияти иқлими Вахшонзамин мегӯяд, ки мавҷудияти динозаврҳо дар ин қаламрав ҳатто дар ҳазораҳои пеш аз милод ҳам берун аз имкон будааст.

«Ҳоло гуфтан душвортар аст. Водии Вахш замонҳои пеш зери об будааст. Чандин миллион сол пеш ҳам. Агар дар ин қаламрав динозаврҳо зиндагӣ карда бошанд ҳам, миллионҳо сол пеш. Мо аз садафҳо ва дигар бозёфтҳои обии замонҳои қадим медонем, ки Вахшонзамин аксаран дар зери об буд ва табиист ки динозаврҳо дар даруни об намегаштанд», - зикр кард С. Ятимова.

Ҳоло устухони ҳайвони монанд ба динозаври хурд дар осорхонаи кишваршиносии «Бибихонум»-и Қӯрғонтеппа муваққатан ба маърази тамошо гузошта шудааст. Ин скелет дар миёни онҳое, ки аз осорхона дидан мекунанд, баҳси зиёдеро ба бор овардааст.



Осорхонаи "Бибихонум"
Осорхонаи "Бибихонум"
Бобоҷон, донишҷӯи риштаи таърихшиносии Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа, мегӯяд: «Ман тоза аз ин скелет дидан кардам. Дандонҳо, шакли устухон ва косахонаи сари он ба динозавр монандӣ дорад, ки тааҷҷубовар аст. Ман аксашро бардошта, тавассути Интернет ба чанд донишманди хориҷӣ фиристодам. Ҷавоб омад, ки ин скелет ба ягон ҳайвони мавҷуда дар табиати имрӯза мувофиқ намеояд…»

Маъмурияти осорхонаи «Бибихонум» мегӯяд, ки дар сурати дарёфти хулосаи мусбати бостоншиносон, скелети мазкур аз нодиртарин нигораҳои ин осорхона хоҳад буд, аммо барои дар ҳарорати мӯътадил нигоҳ доштану ҳифозати он сарфи маблағи ҳангуфте лозим меояд, ки ҳоло дар ихтиёр нест.
XS
SM
MD
LG