Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати дифои ИМА: Ҳамла ба мактаб дар Раққа таҳқиқ мешавад


Раққа
Раққа

Вазорати дифои ИМА гуфт, ки эътилофи ба раҳбарии Амрико, ки бо ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” меҷангад, гузоришҳо дар бораи ба мактабе дар Сурия расидани мушакҳоро таҳқиқ мекунад. Ин мактабро дар наздикии Раққа ҷангиён ба унвони сарпаноҳе истифода мекарданд ва дар натиҷаи ҳамлаҳои мушакӣ 33 нафар кушта шуд. Созмони бритониёии нозирони ҳуқуқи башар дар Сурия рӯзи 22 март гуфт, ки бовар меравад ҳамлаҳои мушакиро нирӯҳои эътилофӣ анҷом додаад.

Ин созмон гуфт, ки дар дохили мактаб ҷасади 33 нафар нафар пайдо шуд. Аз рӯи баъзе хабарҳои дигар ин мактаб ба унвони сарпаноҳе ба хонаводаҳои мардуми беҷошуда истифода мешуд. Фармондеҳии нирӯҳои эътилоф гуфт, ки ҳанӯз нишонаҳои кушта шудани афроди мулкӣ дар ин ҳодиса, тавре созмони бритониёӣ иддао кардааст, собит нашудааст. “Вале ин ҳодиса таҳқиқ мешавад”, гуфтанд низомиён.

Нирӯҳои иборат аз курдҳои Сурияву арабҳо бо пуштибонии амрикоиҳо ва ҳам ҳамлаҳои ҳавоии эътилоф, маъракаеро зидди шӯришиён ба роҳ мондаанд, ки ҳадафаш зери назорат даровардани Раққа мебошад. Ин амалиёт моҳҳо идома дорад. Раққаро қароргоҳи муҳими шӯришиён меноманд. Гурӯҳи “Давлати исломӣ” Раққаро пойтахти худ унвон кардааст.

XS
SM
MD
LG