Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Усмон Ғозӣ кушта шуд"


Толибон иддао доранд, ки ин ҷасади Усмон Ғозӣ аст
Толибон иддао доранд, ки ин ҷасади Усмон Ғозӣ аст

Гурӯҳи Толибон бо нашри чанд акси, ба гуфтаи онҳо, ҷасади Усмон Ғозӣ аз кушта шудани раҳбари Ҳаракати исломии Узбакистон хабар доданд.

Толибон зимни иддао дар бораи кушта шудани Усмон Ғозӣ, раҳбари Ҳаракати исломии Узбакистон, ки ахиран бо гурӯҳи тундгарои “Давлати исломӣ” байъат карда буд, чанд акси ҷасади ӯро дар Интернет нашр кардаанд. Дар ин аксҳо дида мешавад, ки мӯи сар ва риши Усмон Ғозӣ тарошида шудааст.

Гурӯҳи Толибон дар саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтааст, ки Усмон Ғозӣ “ба хотири махфӣ монданаш риши худро тарошида буд”. Ба иддаои онҳо ҷасади ӯ дар вилояти Зобули Афғонистон кашф шуда ва Усмон Ғозӣ дар зарфи ду ҳафтаи охир дар ҳолати фирор қарор дошта, ҳатто бо либоси занона паноҳ бурдааст.

Мақомоти расмии Афғонистон ҳанӯз ин хабарро тасдиқ накардаанд. Вале хабари Толибон дар бораи кушта шудани Усмон Ғозӣ дар ҳолест, ки аввалҳои моҳи ноябри соли ҷорӣ дар вилояти Зобули Афғонистон байни ҷангиёни Толибон ва боқимондаҳои Ҳаракати исломии Узбакистон ҷангҳои шадид сурат гирифта, дар натиҷа даҳҳо тан аз ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон куштанд. Он вақт бархе аз манобеъ гуфта буданд, ки гӯё Усмон Ғозӣ низ ба асорати Толибон афтода, бо ҳукми додгоҳи шариатӣ бо ҷурми “хиёнат” эъдом шудааст.

Ҳаракати исломии Узбакистон, ки аз сӯи кишварҳои зиёде, аз ҷумла дар Амрико, Аврупо, Русия ва дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, бо шумули Узбакистону Тоҷикистон, созмони террористӣ шинохта шудааст, дар ибтидои солҳои 90 арзи ҳастӣ кардааст. Ҷангиёни он ба раҳбарии Ҷумъаи Намангонӣ ва Тоҳири Юлдош дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз тарафи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин меҷангиданд. Баъди имзои созишномаи сулҳ байни давлат ва мухолифини тоҷик ва ду талоши ҳамлаҳои мусаллаҳонаи Ҳаракати исломӣ ба Узбакистону Қирғизистон, дар соли 2000 ҷангиёни ин ҳаракатро маҷбур карданд, ки аз Тоҷикистон ба Афғонистон бираванд.

Дар пайи оғози амалиёти ҷаҳонии зиддитеррор ба раҳбарии Амрико дар Афғонистон даҳҳо тан аз ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон, бо шумули фармондеҳаш Ҷумъаи Намангонӣ кушта шуданд ва боқимондаҳои он ба раҳбарии Тоҳири Юлдош ба сарзаминҳои қабиланишини Покистон паноҳ бурданд.

Раҳбари ин ҳаракат Тоҳири Юлдош дар моҳи августи соли 2009 дар натиҷаи асобати як мушаки ҳавопаймои амрикоӣ кушта шуд ва ба ҷои ӯ домодаш Усмон Одилро раҳбари ин гурӯҳ интихоб карданд. Аммо дар соли 2012 Усмон Одил низ ба ҳалокат расид ва ба ҷои ӯ Усмон Ғозӣ ба раҳбарии Ҳаракати исломии Узбакистон расид.

Тақрибан ним сол пеш Ҳаракати исломии Узбакистон ба раҳбари “Давлати исломӣ” Абӯбакри Бағдодӣ байъат супурд ва аз раҳбарони Толибон хост, то ҳамкорӣ бо идораҳои ҷосусии Покистон ва музокироти сулҳ бо ҳукумати Афғонистонро қатъ карда, низ ба “хилофати исломӣ”-и аз сӯи Бағдодӣ эълоншуда бипайванданд. Ин тасмими Усмон Ғозӣ ва ин ки як нафараш бо номи Усмон Ҳакимиро ҳамчун “фиристода” ба Сурия ба назди Бағдодӣ фиристод, ба гуфтаи таҳлилгарон, худи аъзои Ҳаракати исломиро ба ду шоха тақсим кард ва аз тарафи дигар, хашми Толибонро ба бор овард. Раҳбарони Толибон, ки тайи солиён ба ҷангиёни узбак паноҳ дода буданд, байъати онҳо ба “Давлати исломӣ”-ро ҳамчун “хиёнат” ва “кӯрнамакӣ” қабул карданд.

XS
SM
MD
LG