Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаш баҳси додгоҳӣ бо матбуот дар соли интихобот


Сомонаи ҷадиди odob.tj аз Шӯрои ВАО
Сомонаи ҷадиди odob.tj аз Шӯрои ВАО

Дар 7 моҳи соли равон 6 ҳолати муроҷиат ба додгоҳ аз фаъолияти хабарнигорон ва расонаҳо сабт шудааст, ки дар солҳои қаблӣ собиқа надоштааст.

Аксарияти ин даъвоҳоҳои додгоҳӣ алайҳи нашрияҳо ва хабарнигорон ба ҳифзи шаъну шараф ва одобу ахлоқи журналистӣ рабт дорад. Даъвогарон бо бурдани шикоят ба додгоҳ бо талаби нашри раддия ва ё узрхоҳии хабарнигор дар наздашон инчунин талаби пардохти ҷубронпулии ҳангуфт ҳам мекунанд.

Барои мисол, даъвои Рустам Ҳукумов бо нашрияи «Имрӯз Нюс» бо 50 000 сомонӣ ҷарима бастани нашрия анҷомид. Даъвои ширкати «Тоҷирон»-и марбут ба яке аз домодҳои раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон алайҳи матлаби "Мурдафурӯшӣ дар "Тоҷирон", ки низ дар «Имрӯз Нюс» нашр шуда буд, бо ҳамагӣ 1 сомонӣ ҷарима бастани нашрия ва 30 000 сомонӣ ҷарима шудани вакили мудофеъ Файзинисо Воҳидова анҷомид.


Афзоиши баҳсҳои додгоҳии матбуот дар соли интихобот
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:57 0:00
Линки мустақим


Ширкати «Тоҷирон» ба дунбол эълон кард, ки ин пули ҷаримаро «дар самти баланд бардоштани одоби касбии рӯзноманигорон ва инкишофи этикаи журналистӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намуда, ин маблағро ҳамчун маблағи грантӣ ба созмонҳои журналистие медиҳад, ки дар соҳаи баланд бардоштани масъулияти касбию этикии журналистон фаъолият мекунанд.»


Олга Тутубалина
Олга Тутубалина
Ҳоло чанд созмони эҷодӣ алайҳи хабарнигори «Азия Плюс» Олга Тутубалина дандон тез карда, тавассути додгоҳ мехоҳанд ки аз ӯ барои «таҳқир»-и зиёиён 200 000 сомонӣ ҷуброн бирӯёнанд. Як мавриди дигари баҳси додгоҳӣ даъвои як мудири кӯдакистон алайҳи Радиои Озодӣ буд, ки ба фарқ аз мавридҳои дигар, ба фоидаи Озодӣ анҷомид, ва ду мавриди дигар - даъвои намояндагони Кумитаи дин бо хабарнигори "Тоҷнюс" ва аз ҳафтаномаи "Самак" 150 000 сомонӣ товон хостани шоир Аскар Ҳаким.

Маҳзи ба бо роҳи мусолиҳатомез ҳал кардани баҳсҳо миёни хабарнигорон бо ширкатҳо ва ё афроди алоҳида ва ба истилоҳ то ба додгоҳ нарасондани моҷаро ахиран созмони ҷамъиятии Шӯрои ВАО сомонаи вижаеро бо номи Odob.tj раҳандозӣ кард. Мақсад аз таъсиси ин сомона ба гуфтаи аъзои Шӯро, инъикоси фаъолияти ин сомзон ва ҳам нашру баррасии шикояти мардум алайҳи журналистон ва баҳои коршиносон дар бораи нигоштаҳои журналистӣ аз назари меъёрҳои ахлоқи журналистӣ мебошад.

Қурбон Аламшоев, узви Шӯрои ВАО мегӯяд, дар тӯли солҳои фаъолияташ ин Шӯро чандин баҳсҳои миёни шаҳрвандон ва хабарнигоронро бо роҳи мусолиҳатомез ҳал кардааст: «Дар аксар кишварҳои мутамаддини дунё ин гуна Шӯроҳо дар шаклҳои гуногун вуҷуд доранд. Дар Тоҷикистон азбаски дар бораи фаъолияти чунин шӯро маълумоти кам доранд, шаҳрвандон бевосита ба додгоҳ шикоят мебаранд. Ин Шӯро кӯшиш мекунад, ки қазияҳои додгоҳӣ низ бо роҳи мусолиҳатомез ҳал шавад. Масалан дар қазияи ахири миёни зиёиён ва хабарнигори «Азия плюс» Олга Тутубалина Шӯрои матни хабарнигорро таҳлил карда, ба хулосае омад, ки журналист дар ин қазия айбе надорад.»

Ҷаноби Аламшоев мегӯяд, ин ҷанбаи фаъолияти Шӯрои ВАО танҳо хислати машваратӣ дорад ва наметавонад ягон нашрияро ба чопи ягон мавод ваё баръакс ба нашр накардани ягон матлаб водор кунад.

Бинобар мониторинги созмонҳои дифоъ аз озодии сухан ва ҳуқуқи хабарнигорон, ҳар сол дар Тоҷикистон маъмулан 2-3 парванда алайҳи журналистону расонаҳо боз мешавад. Аммо қазияҳои додгоҳӣ алайҳи хабарнигорон алалхусус дар арафаи маъракаҳои сиёсӣ, мисли интихобот зиёд мешаванд. Ба таъкиди коршиносон, мақомот маъмулан дар арафаи чунин маъракаҳо бо шеваи «ё ба зорӣ, ё ба зӯрӣ, ё ба зар» мехоҳад аз озодбаёнии хабарнигорон ҷилавгирӣ кунад.


Акбаралӣ Сатторов
Акбаралӣ Сатторов
Акбаралӣ Сатторов, раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон мегӯяд, зиёд шудани баҳсҳои додгоҳӣ бо хабарнигорон ва нашрияҳо аз боло рафтани савияи ҳуқуқии мардум низ гувоҳӣ медиҳад: «Ин хуб аст, ки акнун даъвогарон ба додгоҳ шикоят мебаранду мисли солҳои қаблӣ назди журналистон бо автомату гурӯҳҳои авбош намеоянд. Ман фикр мекунам, ки зиёд шудани баҳсҳои додгоҳӣ ба боло рафтани қадри сухан рабт дорад ва ҳушдор ба журналистон аст, ки давраҳои бесоҳибӣ сипарӣ шуд ва акнун ҳар шахс, ҳар ширкат аз ҳуқуқи худаш дифоъ мекунад.»

Ҷаноби Сатторов афзуд, Шӯрои ВАО дар ҳал кардани қазияҳои баҳснок миёни хабарнигорону шаҳрвандон метавонад нақши бориз дошта бошад, вале дар ҳоли ҳозир на ҳамаи расонаҳо узв ин шӯроянд ва онро эътироф мекунанд.
Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон моҳи январи соли 2010 таъсис шудааст. Муассисони ин шӯро созмонҳои бонуфузи журналистие, чун Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, гурӯҳҳои расонаии “Азия-Плюс”, “Чархи гардун” ва «Оила», шабакаи телевизионии СМТ ва Анҷумани миллии расонаҳои мустақил мебошанд.
XS
SM
MD
LG