Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикони аз Яман беруншуда то фардо ба Душанбе мерасанд


7 апрел ин ҳавопаймо шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Яман ба Русия интиқол дод

7 апрел ин ҳавопаймо шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Яман ба Русия интиқол дод

Гурӯҳи шашнафараи шаҳрвандони Тоҷикистон бахше аз 118 мусофиранд, ки шаби 16 июл бо ҳавопаймои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Русия аз кишвари ҷангзадаи Яман ба Маскав оварда шуданд.

Гурӯҳи шашнафараи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Яман боқӣ мемонданду имрӯз ба Маскав расиданд, то субҳи фардо, 17 июл ба Душанбе мерасанд. Дар ин бора ба радиои Озодӣ Муҳаммад Эгамзод, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Маскав хабар дод. Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар Яман тахминан 60 шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ мемонанд, ки нияти бозгашт ба ватанро надоранд.

Ба иттилои Эгамзод, ба гурӯҳи шашнафара - сокинони шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Қалъаи Хумб ва Панҷи шомиланд. Онҳоро ҳавопаймои русӣ аз шаҳри Санъои Ҷумҳурии Яман тахминан соатҳои 2 шаби 16 июл ба шаҳри Маскав расонидааст. Шаҳрвандонро масъулини Хадамоти консулии сафорати Тоҷикистон ва намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Русия дар як ситоди муваққати кумитаи ҳолатҳои изтирории Русия ҷо доданд. Ин ситодро баъди шурӯи ҷангҳои дохилӣ дар Яман ташкил дод ва ҳар гурӯҳи шаҳрвандони аз Яман беруномадаро нахуст аз қайди ҳамин ситод мегузаронид. Қарор аст гурӯҳи тозарасида то субҳи рӯзи 17 июл ба фурудгоҳи Душанбе бирасад.

“Зимни сӯҳбат бо шаҳрвандон маълум гардид, ки айни ҳол теъдоди ками шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин ҷумҳурии арабӣ боқӣ мемонад. Онҳое, ки баргаштанд, ҳукумати Тоҷикистон ва Русияро барои мусоидат дар берун шудани онҳо аз Яман ташаккур карданд”, менависад Эгамзод.

Дар моҳҳои марту апрели соли ҷорӣ бо тавсеаи ҷангҳои шибҳанизомиёни ҳусӣ зидди нирӯҳои ҳукуматии Яман аксар шаҳрвандони хориҷӣ қаламрави ин кишварро тарк карданд. Як бахши муҳими онҳо – табибон ва дигар мутахассисони тиб мебошанд, ки дар миёни онҳо даҳҳо шаҳрвандони Тоҷикистон бо аҳли хонаводаашон ба сар мебурданд. Дар маҷмӯъ ҳукумати Тоҷикистон аз ин кишвар тақрибан 180 шаҳрвандашро бо кӯмаки ҳукумати Русия берун овард.

Тахминан 60 шаҳрванди дигари Тоҷикистон бо ихтиёри худ дар ин кишвар боқӣ мемонанд. Дар Яман ширкатҳои русии тиббӣ амал мекунанд, ки бемористонҳои ин кишварро бо мутахассисони тиббӣ, аз ҷумла, табибону ҳамшираҳои тоҷикистонӣ таъмин мекунанд ва ҳаққи хизмати беҳтареро назар ба даромадҳои расмии духтурон дар ватанашон пешниҳод мекунанд. Бо шурӯи ноамниҳо дар Яман аксар мутахассисони тоҷики беруншуда аз ин кишвар мегӯянд, маҷбуранд дар Тоҷикистон монда дунболи ҷустуҷӯи кор шаванд.

XS
SM
MD
LG