Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросими пуршукӯҳи кушоиши Олимпиадаи Сочи


Рӯзи ҷумъаи 7-уми феврал дар шаҳри Сочи маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ барпо гардид.

Ин маросими пуршукӯҳро, ки бо ҳузури беш аз 40 ҳазор тамошобин дар варзишгоҳи “Фишт” баргузор шуд, зиёда аз 3 миллиард одамон тавассути телевизион тамошо карданд. Маросими кушоиши бозиҳо аз се бахш иборат буд.

Маросим бо суруди миллии Русия шурӯъ шуд. Пас аз он, мувофиқи анъанаи олимпӣ, парад ё намоиши ҳайатҳои варзишии ҳамаи кишварҳои ширкаткунандаи бозиҳо, ки яке аз бахшҳои асосии ин маросим маҳсуб мешуд, барпо гардид. Парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон лижарон Алишер Қудратов буд. Ба ҷуз вай дар ин ҳайат лижарон Андрей Дригин бо мураббиаш, Баҳрулло Рачабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Муҳаммадшо Абдуллоев, мудири кулли ин кумита, ширкат доштанд.


Дар бахши дувум, ки хеле шавқангезу ҷаззоб буд, тамошогарон бо кишвари Русия ва таърихи он дар давраҳои мухталиф ошноӣ пайдо карданд. Қисми бадеии маросим бо намоиши рамзии намудҳои зимистонаи варзиш ба поён расид. Сипас Томас Бах, раиси Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Дмитрий Чернишенко, раҳбари кумитаи тадорукоти «Сочи-2014», суханронӣ карда, ширкаткунандагони бозиҳо, тамошобинону меҳмонон ва мизбононро бо оғози бозиҳо табрик намуданд. Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин Бозиҳои XXII зимистонаи олимпиро дар Сочи кушода эълон кард.

Баъдан қаҳрамони шашкаратаи олимпӣ оид ба конкитозӣ Лидия Скобликова, қаҳрамони дукаратаи олимпӣ оид ба хоккей Вячеслав Фетисов, кайҳоннавард Валентина Терешкова, ҳунарпеша Чулпан Хаматова, коргардон Никита Михалков, дирижёр Валерий Гергиев, пойгачии кибернетикӣ Алан Енилеев ва дорандаи медали «Барои ҷасорат» хабарнигор Анастасия Попова парчами олимпӣ бо панҷ ҳалқаи гуногунранг – рамзи иттиҳоди варзишгарони тамоми ҷаҳонро вориди варзишгоҳ карданд. Овозхони маъруф Анна Нетребко гимни олимпиро иҷро кард.

Пас аз он қасами ҳатмии олимпӣ хӯрда шуд. Аз номи варзишгарон Руслан Захаров, узви мунтахаи Русия дар шорт-трек, аз номи доварони бозиҳо Вячеслав Веденин, вакили фаннии Федератсияи байналмилалии варзиши лижаронӣ (FIS) ва аз номи мураббиён Анастасия Попкова, мураббии русиягӣ дар навъи слалом, ботантана қасам хӯрданд.

Баъди каме танаффус ба варзишгоҳ шӯълаи оташи олимпӣ – машъалро тенисбози машҳур Мария Шарапова ворид кард. Вай машъалро ба қаҳрамони дукаратаи олимпӣ дар чаҳидан ба баландӣ бо симхода Елена Исинбоева дод. Баъдан машъал ба дасти қаҳрамони секаратаи олимпӣ оид ба гуштӣ Александр Карелин супурда шуд. Аз дасти ӯ машъалро қаҳрамони олимпӣ оид ба гимнастикаи бадеӣ Алина Кабаева гирифт ва дар навбати худ онро ба қаҳрамони секаратаи олимпӣ оид ба рақси рӯи ях Ирина Роднина супурд. Сонӣ машъалро қаҳрамони секаратаи олимпӣ оид ба хоккей Владислав Третяк ба даст гирифт.

Третяк ва Роднина бо машъал ба сӯи ҷоми оташ, ки берун аз майдон буд, давиданд. Онҳо бо машъал оташи олимпиро даргиронданд. Маросими кушоиши ботантанаи Олимпиадаи Сочи-2014 бо фейерверк ё тарфбозии боҳашамат ба анҷом расид. Бояд гуфт, ки дар таҳияи ин барнома 12 ҳазор мутахассисони гуногун ва дар парад 3,5 ҳазор варзишгар ва ҳамроҳони онҳо аз 88 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд.

Дар ин маросим роҳбарони давлатҳо ва намояндагони воломақом аз зиёда аз 80 кишвар ва созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ иштирок доштанд. Аз он ҷумла раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 6-уми феврал дар Сочи бо ҳамтои русаш Владимир Путин мулоқот кард, дар маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ ширкат варзид. Инчунин дар ин маросим дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун иштирок кард.



Дар Олимпиадаи Сочи варзишгарон аз 88 кишвари ҳамаи қораҳои дунё ширкат мекунанд. Аз қораи Аврупо 49 кишвар, аз қораи Амрико 15 кишвар, аз қораи Африқо се кишвар – Зимбабве, Марокаш ва Того, аз қораи Осиё 18 кишвар - Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Кореяи Ҷанубӣ, Лубнон, Муғулистон, Непал, Покистон, Тайван, Тайланд, Тимор-Лесте, Тоҷикистон, Узбакистон, Филиппин, Ҳонконг, Чин, Ҷопон ва Эрон, аз Уқёнус 3 кишвар – Австралия, Зеландияи Нав ва Тонга иштирок мекунанд.

Бояд гуфт, ки дар Олимпиадаи Сочи аз собиқ кишварҳои шӯравӣ танҳо Туркманистон ширкат намеварзад. Ва аммо раиси ҷумҳури Туркманистон Қурбонкелдӣ Бердимуҳаммадов дар маросими кушоиши бозиҳо иштирок дошт.

Ба барномаи Бозиҳо 15 намуд дохиланд: биатлон, бобслей, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, лижаронии дуҳарба, пойгаи лижатозӣ, ҷаҳиш бо лижа аз трамплин, варзиши чанаронӣ, скелетон, дави босуръат бо конки, сноуборд, рақси рӯи ях бо конки, фристайл, хоккейи рӯи ях ва шорт-трек. Рӯзи 8-уми феврал мусобиқот дар 5 намуд – биатлон, пойгаи лижатозӣ, дави босуръат бо конки, сноуборд ва фристайл баргузор мешавад.

Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Сочи то 23-юми феврал идома меёбанд. Дар ин Олимпиада ширкати беш аз 2800 варзишгар дар назар аст. Онҳо барои 98 маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд. Тилисми Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ, ки аз ҷониби сокинони Русия интихоб шудааст, Паланг, Хирси сафед ва Харгӯш мебошанд. Дар Олимпиадаи Сочи аз Тоҷикистон танҳо як варзишгар – Алишер Қудратов - дар мусобиқаи лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом рӯзи 22-юми феврал иштирок мекунад.

Алишер Қудратов 11-уми январи соли 1986 дар ноҳияи Варзоби Тоҷикистон ба дунё омадааст. Вай аз солҳои бачагӣ дар мавзеи Сафеддара , ки дар ин ҷо аз замони шӯравӣ урдугоҳи лижаронӣ мавҷуд аст, тамрин мекунад. Қадаш 1 метру 60 сантиметр ва вазнаш 65 килограмм мебошад.

Бояд гуфт, ки дар Олимпиадаи Сочи аз 56 варзишгаре, ки кишварҳои Осиёи Марказиро намояндагӣ мекунанд, 51 нафарашон аз Қазоқистон, 3 нафар аз Узбакистон (Ксения Григорева ва Артём Воронов дар лижаронии кӯҳӣ, Миша ГЕ дар рақси рӯи ях бо конки) ва якнафарӣ аз Қирғизистон (Дмитрий Трелевски, лижаронии кӯҳӣ) ва Тоҷикистон (Алишер Қудратов, лижаронии кӯҳӣ) мебошанд.
XS
SM
MD
LG