Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти афғон таъйид карданд, ки субҳи рӯзи якшанбе шаш нафар бо ҷурми фаъолиятҳои террористӣ эъдом шуданд, ки дар миёни онҳо яке аз омилони куштори устод Бурҳониддин Раббонӣ, раиси ҷумҳури пешини Афғонистон низ мебошад.

Мақомоти Афғонистон эъдоми шаш танро, ки ба фаъолиятҳои террористӣ муттаҳам мешуданд, таъйид карданд. Дафтари раиси ҷумҳури Афғонистон рӯзи 8-уми май эълон кард, ки ҳукми қатли шаш нафар ба ҷурми содир кардани "ҷиноятҳои сангин" иҷро шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳукми қатли ин афрод бар асоси "қонунҳои ҷазо ва дастурҳои дини мубини ислом, бо дарназардошти тақозои бор-бори хонаводаҳои қурбониёни ҳамлаҳои террористӣ" иҷро шудааст.

Ба иттилои мақомоти расмии афғон, чаҳор нафар аз афроди эъдомшуда вобаста ба ҳаракати Толибон, як нафар ба гурӯҳи "Ал-Қоида" ва як нафар ба шохаи Ҳаққонии гурӯҳи Толибон тааллуқ доранд. Ба гуфтаи мақомоти афғон, дар миёни афроде, ки ҳукми қатл дар нисбати онҳо иҷро шудааст, шахсе бо Ҳамдулло ё Ҳамидуллоҳ, ки дар террори устод Бурҳониддин Раббонӣ, раиси ҷумҳури пешини Афғонистон ва собиқ раиси Шӯрои олии сулҳи он кишвар даст дорад, низ ҳаст.

Устод Бурҳониддин Раббониро моҳи сентябри соли 2011 як узви Толибон, ки худро қосиди сулҳи онҳо муаррифӣ карда буд, дар хонааш дар шаҳри Кобул кушт. Мақомоти амниятии Афғонистон мегӯянд, ки ҳамла ба Бурҳониддин Раббониро Толибон дар шаҳри Кветтаи Покистон тарҳрезӣ намуда ва онро Ҳамидуллоҳ ҳамоҳанг кардааст. Устод Раббонӣ аз соли 1992 то соли 1996 раиси ҷумҳури Афғонистон буд ва замоне, ки кушта шуд, раҳбарии Шӯрои олии сулҳи Афғонистонро ба дӯш дошт.

Толибон дар вокуниш ба қатли ин афрод гуфтаанд, ки эъдоми ин афрод ғайримунсифона будааст. Ин гурӯҳ дар эъломияи худ ҳамзамон гуфтааст, ки ин афрод дар зиндон шиканҷа шудаанд. Толибон аз ин қабл ҳушдор дода буданд, ки агар афроди ин гурӯҳ эъдом шаванд, ниҳодҳои додгоҳӣ ва адолатии Афғонистонро ҳадаф қарор хоҳанд дод.

Эъдоми ин афрод дар ҳоле сурат мегирад, ки дар пайи ҳамлаи хунбори рӯзи 19-уми апрели соли ҷорӣ дар назди Раёсати амнияти Афғонистон дар шаҳри Кобул, ки боиси марги беш аз 60 тан ва захмӣ шудани ҳудуди 300 нафар шуд, президент Ашраф Ғанӣ дар парлумони он кишвар гуфт, ҳукми қатли афроде, ки ба фаъолиятҳои террористӣ муттаҳам мешаванд, иҷро хоҳад шуд.

Ҳукумати Афғонистон нагуфтааст, ки чанд нафар дар он кишвар ба қатл маҳкум шудаанд, аммо раиси сенати Афғонистон Фазлулҳодӣ Муслимёр чанд рӯз пеш эълон кард, ки ҳудуди 500 тан дар ин кишвар маҳкум ба эъдом мебошанд. Ин дар ҳолест, ки аз ин қабл Созмони афви байналмилал аз раиси ҷумҳури Афғонистон хоста буд, ки ҳукми эъдоми мухолифони мусаллаҳро имзо накунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG