Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАВОР. Шаш JF-17 ҳавопаймои Эмомалӣ Раҳмонро ҳамроҳӣ карданд


Дар шабакаи “Ютюб” як навори камтар аз якдақиқаӣ пахш шудааст, ки дар он гусели ҷангандаҳои ҳавоии Покистон ҳавопаймои раиси ҷумҳури Тоҷикистонро намоиш медиҳад.

Рӯзи 13 ноябр дар шабакаи Ютюб як навори кӯтоҳ, ки зоҳиран аз сӯи нерӯҳои ҳавоии Покистон нашр шудааст, пахш шуд, ки нишон медиҳад, шаш ҷангандаи ҳавоии Покистон аз навъи JF-17, ҳавопаймои раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро гусел мекунанд.

Қабл аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Исломобод, расонаҳои Покистон аз қавли мақомоти он кишвар навишта буданд, ки ба маҳзи ворид шудани раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба ҳарими ҳавоии он кишвар, чаҳор ҳавопаймоии ҷангӣ аз ҳавопаймои ӯ муроқибат хоҳанд кард ва то замони фуруд омадан дар фурудгоҳ, онро ҳамроҳӣ хоҳанд намуд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 11-13 ноябр бо як сафари давлатӣ дар Покистон қарор дошт. Дар пойгоҳи ҳавоии "Нурхон" дар наздикии Исломобод, ба ифтихори ташрифи раисиҷумҳури Тоҷикистон аз тӯпҳо 21 бор тир холӣ карда шуд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯро шомгоҳи 11 ноябр дар пойгоҳи ҳавоии "Нурхон"-и шаҳри Исломобод нахуствазири Покистон Навоз Шариф ва дигар мақомоти баландпояи он кишвар истиқбол карда буданд. Оқои Раҳмон шомгоҳи 13 ноябр ба Тоҷикистон баргашт.

XS
SM
MD
LG