Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

6 кило помидор ва 27 тухм барои ҳамла ба Кабирӣ


Лаҳзаи ҳамла бо тухму помидор ба Кабирӣ

Лаҳзаи ҳамла бо тухму помидор ба Кабирӣ

Ҳамла бо тухму бо помидор ва истифодаи гурӯҳи занони гӯё норозӣ зоҳиран ба як василаи осону арзони фишор ба дигарандешон ва сафоратҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон табдил меёбад.

Барои ҳуҷум ба Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва аъзои ин ҳизб дар шаҳри Кӯлоб 6 кило помидор ва 27 дона тухм истифода шудааст.

Аҳмад, як помидорфурӯши бозори “Умед-88”-и шаҳри Кӯлоб дар суҳбати бидуни сабт ба Радиои Озодӣ гуфт, як ношинос аз ӯ 6 кило памидор харид ва шоҳиди гуфгугӯи ӯ бо рафиқаш шуд, ки мегуфт, 27 дона тухм ҳам гирифтааст ва ин миқдор барои «кор» кофист.

Аҳмад баъдтар аз шабакаҳои интернетӣ хабар ёфт, ки ин помидору тухмҳо миёни як гурӯҳ тақсим гардида ва дар ҳамла алайҳи раҳбару аъзои қатории ҲНИТ дар Кӯлоб истифода шуданд.

Муҳиддин Кабирӣ, ки узви парлумон низ ҳаст, масъалаи помидору тухмборон шудани ҳайати ҲНИТ-ро ба рӯзномаи парлумон ворид намуд ва намояндагони мардумӣ ин қазияро ба як баҳси тунд кашиданд. Раиси ҲНИТ гуфт, мехоҳад шарҳи ин ва ҳодисаҳои қаблиеро, ки сари ҳизбаш омаданд, аз мақомот бишнавад: «Агар мақомоти мо ин қудратро надоранд, ин буҷаву ин маошу пули мардумро барои чӣ мегиранд? Ба фикри ман, ин ҷо ду сабаб аст. Ё воқеан наметавонанд, аз уҳдаи кор намебароянд, ки бояд ҷавоб гӯянд, ё худашон шариканд. Варианти сеюм вуҷуд надорад. Агар дорад, онро барои мо гӯянд.»

Робин Орд- Смит

Робин Орд- Смит

Дар ҳамин ҳол, ҳамон рӯз – 10 июн - назди бинои сафорати Бритониё дар Душанбе низ ҳодисаи ҳамсон ба вуқӯъ пайваст. Инҷо эътирозгарон бинои сафоратро сангборон карданд ва шоҳидон аз фарёдҳои онҳо танҳо калимаи «Бадахшон» - ро ба хотир гирифта, ба расонаҳо арз кардаанд. Он рӯз сафири Бритониё дар Тоҷикистон Робин Орд- Смит ба Бадахшон сафар карда, ҳадафи ин сафарро дар сафҳаи Твитераш ошноӣ бо вазъи минтақа ба манзури ҷамъ овардани иттилоъ дар бораи вазъи ҷаҳонгардӣ дар Бадахшон арзёбӣ намуд. Муовини ӯ Ричард Вуд ба Радиои «Озодӣ» гуфт, ки шарҳи ҳодисаи 10 июнро худи сафир хоҳад дод.

Солҳои ахир дар қаламравҳои собиқ Шӯравӣ, назири Гурҷистон, Қирғизистон ва Украина, таҳаввулоте иттифоқ меафтанд, ки расману ғайрирасмӣ кори дасти кишварҳои мушаххаси хориҷӣ унвон мешаванд.

21 май дар Бадахшони Тоҷикистон низ як гуруҳи бузурги ҷавонон даст ба хушунат заданд ва дар ҳошияи ин ҳаводис мақомоти расмии Тоҷикистон дар онҳо нақши хориҷиҳоро зикр карданд. Намояндаи дафтари Иттиҳоди Аврупо Иштван Нитрай, ки пеш аз рӯйдодҳои Хоруғ ба Бадахшон сафар карда буд, чунин иттиҳомро беасос ва хандаовар шумурда буд.

Сӯҳроб Шарифов, вакили Маҷлиси намояндагон пас аз баррасии ҳамлаи гурӯҳҳои номаълум ба Муҳиддин Кабирӣ ва сафорати Бритониё дар як суҳбати хоса ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо нишони ноамниянд ва ҳукумат ба ташкили онҳо манфиат надорад. Вай бидуни овардани мисолҳои мушаххас ишора кард, ки сафоратҳои хориҷӣ гоҳо ба умури дохилии давлатҳо низ мудохила мекунанд: «Яъне аз ақиби ин корҳо мақсадҳои гуногун ҳастанд ва мо ҳам мехоҳем, ки ин мақсадҳо муайян карда шаванд. Кӣ ва чӣ пушти ин гурӯҳҳо ҳаст? Баъзе сохторҳои хориҷӣ даст доранд дар ин ҷо ва ин дар мисоли дигар давлатҳо, ба монанди Украина, Русия, кишварҳои араб, исбот шудааст. Ин ҳам метавонад мантиқ дошта бошад ва як фарзия барои таҳқиқот шавад. Мо бояд ҳушёрии сиёсиамонро аз даст надиҳем.»

«Дасти хориҷӣ» ҳамеша дар сӯҳбатҳои мақомоти расмӣ зикр мешавад ва боре ҳам як ишораи мушаххас ба САҲА буд. Аммо дар посух ба суоли мо дар мавриди нигарониҳое, ки Тоҷикистон дорад, Маркус Мюллер, сарвари дафтари САҲА дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин иддао дурӯғпароканӣ (дезинформатсия) аст ва гурӯҳҳое ҳастанд, ки мехоҳанд созмони моро ба ин ноамниҳо ҳамроҳ кунанд.

Эътироз джар назди сафорати Амрико дар Душанбе. 5 апрели соли 2013

Эътироз джар назди сафорати Амрико дар Душанбе. 5 апрели соли 2013

Қонунгузории Тоҷикистон баргузории ҳамоишҳои эътирозии бидуни иҷозати расмиро манъ кардааст. Аммо аз соли 2013 эътирози ҳамсон ба эътирози ахир дар назди сафорати Амрико дар Душанбе ҳам ҷой дошт. Ҳамин тавр, дар чанд моҳи охир раҳбарони ҳизбҳои мухолифии сотсиал-демократу наҳзати исломӣ ҳадафи ҳамлаҳои гурӯҳҳои гӯё норозӣ аз онҳо қарор гирифтанд.

Гурӯҳҳое ба бинои аҳзобу сафоратҳо ҳамла мекунанду ғайб мезананд. Мақомот чанд тан аз ширкатдоронро гӯё боздошт мекунанд, аммо то ба ҳол дар бораи муҷозоти ҳеҷ як аз онҳо гузориш нашудааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG