Пайвандҳои дастрасӣ

Шаш созмони байнулмилалӣ хостори озодии Бузургмеҳр Ёров шуданд


Бузургмеҳр Ёров

Бузургмеҳр Ёров

​Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар иттиҳомоти алайҳи Бузургмеҳр Ёровро "сиёсӣ" хонда, аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки билофосила ин вакили мудофеи боздоштшударо озод кунанд.

Шаш созмони байнулмилалии ҳуқуқи башар - Ҳюман Райтс Вотч, Амнести Интернешнл, Анҷумани ҳуқуқи башар дар Осиёи Миёна, Ҳамкории байнулмилалӣ барои ҳуқуқи башар, Кумитаи Ҳелсинки ва Paris Bar - аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки вакили мудофеи боздоштшуда Бузургмеҳр Ёровро билофосила озод кунанд ё иттиҳомоти боэътимод ва ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ пешниҳод намоянд.

Бузургмеҳр Ёров, ки ба хотири дифоъ аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи ҳизби ҳамакнун мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон кумитае таъсис карда ва раёсати онро ба уҳда дошт, рӯзи 28 сентябри соли ҷорӣ ба иттиҳоми "қаллобӣ" ва "сохтакорӣ" аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилӣ боздошт шуд. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе қарор кард, ки оқои Ёров то замони анҷоми тафтиш ду моҳ дар боздоштгоҳ хоҳад монд. Аммо созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ин иттиҳомотро "сиёсӣ" унвон кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, вакили мудофеъ Ҷамшед Ёров рӯзи 7 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Бузургмеҳр Ёров ба додгоҳи Исмоили Сомонӣ барои ҳабси думоҳааш аризаи шикоятӣ пешниҳод намуда, онро беасос хондааст. Котиботи Додгоҳи Исмоили Сомонӣ низ ба Радиои Озодӣ гуфт, "ариза аз ҷониби шаҳрванд Бузургмеҳр Ёров 6 октябр ворид шудааст ва мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт."

Зимнан, рӯзи 16 сентябри соли ҷорӣ 13 тан аз аъзои Раёсат ва фаъолони ҲНИТ бо айбномаи ҳамкорӣ бо гурӯҳи генерал Абдуҳалим Назарзода боздошт шуда ва Бузургмеҳр Ёров бо дархости пайвандони ин афрод ба таври ройгон ба дифои боздоштшудагон иқдом карда буд. Нахуст ҷаноби Ёров аз мавридҳои шиканҷа дар қиболи Саидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар боздоштгоҳи Вазорати умури дохилӣ хабар дода буд.

Бино ба баёнияи созмонҳои ҳуқуқи башар, Бузургмеҳр Ёров чорумин вакили мудофеъ аст, ки дар зарфи ду соли ахир мақомоти Тоҷикистон бо иттиҳомоти ҷанбаи сиёсидошта боздошт кардаанд. Надежда Атоева, раҳбари Иттиҳодияи ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ мегӯяд, “боздошти адвокати саршиноси ҳуқуқи башар бо ангезаҳои сиёсӣ намоишгари он аст, ки мавориди поймол кардани ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст. Давлати Тоҷикистонро лозим аст, Бузургмеҳр Ёровро озод карда ё имкони дастрасии ӯ ба вакили мудофеъ ва дидор бо хонаводаашро таъмин кунад”.

Дар ҳафтаи гузашта созмони Amnesty International ё Афви Байнулмилал аз ҳабси Бузургмеҳр Ёров изҳори нигаронӣ карда буд. Ин созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар бо пахши як баёния эълом дошт, ки эҳтимол вакили дифои боздоштшуда мавриди шиканҷа қарор гирад.

Ба гуфтаи ин созмон, маъмулан дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон ба хотири дарёфти иттилои зарурӣ аз афроди гумонбар аз шиканҷа ба таври фаровон истифода мешавад. Муаллифони баёнияи Amnesty International айбномаҳои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар қиболи Бузургмеҳр Ёровро дорои ангезаи сиёсӣ хонда, гуфтаанд, ки “ин иттиҳомот ба манзури маҳдуд сохтани дастрасии аъзои боздоштшудаи ҲНИТ ба вакилони дифоъ” эъмол шудааст.

Ба гуфтаи ин созмони байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар, “ин як навъ ҳушдор ба вакилони дифои дигар аст, ки аз дифои ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи ҲНИТ худдорӣ кунанд”.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG