Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаҳои имсолаи Нобелро месупоранд


Имсол ҷоизаи Нобел дар умури иқтисодро олимони амрикоӣ Оливер Ҳарт ва Бенгт Ҳолмстрём дарёфт карданд
Имсол ҷоизаи Нобел дар умури иқтисодро олимони амрикоӣ Оливер Ҳарт ва Бенгт Ҳолмстрём дарёфт карданд

Дар Стокҳолм маросими тақдими ҷоизаҳои имсолаи Нобел баргузор хоҳад шуд. Имсол 11 нафар барандаи ин ҷоиза шуда, вале танҳо даҳ нафари онҳо дар маросими рӯзи 10 декабр иштирок хоҳанд кард. Боб Дилан, барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт наметавонад, ба ин маросим биравад. Маъракаи тақдими ҷоизаи Нобел дар толори консертии Стокҳолм баргузор шуда, барандагон шаҳодатнома ва медали тилло хоҳанд гирифт. Дертар ба онҳо ҷоизаи пулӣ ҳам дода мешавад. Бар пояи васияти Алфред Нобел ҷоизаи ӯ аз соли 1901 дар бахшҳои физика, кимиё, тиб, адабиёт ва сулҳ ба афроди саҳмгузор дар рушди ин соҳаҳо тақдим мешавад.

XS
SM
MD
LG