Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Урумчӣ се уйғурро ба эъдом маҳкум кард


Як додгоҳи Чин се нафарро бо иттиҳоми “терроризм” ба эъдом маҳкум кард. Чаҳор тани дигар бо ҳамин иттиҳом ба мӯҳлати 20-солӣ равонаи маҳбас шуданд.
Додгоҳи шаҳри Урумчӣ, маркази вилояти Шинҷон, ҳукми ин ҳафт нафарро, ки дар бомбгузорӣ дар майдони Тянанмени Пекин дар моҳи октябри соли гузашта ва ҳалокати панҷ нафар, ба шумули се тан аз худи ҳамлагар, айбдор шуданд, рӯзи 16 июн эълон кард.

Мақомоти Чин масъулияти ҳамларо, ки дар он даҳҳо каси дигар маҷрӯҳ шуданд, бар дӯши ҷудоихоҳони уйғур вогузоштанд.

Уйғурҳо, ки дар ғарби Чин ба сар мебаранд, аз сиёсати ҳукумати Пекин ва пайваста поймол шудани ҳуқуқҳояшон норозиянд ва талоши ҷудоӣ аз Чинро доранд.
XS
SM
MD
LG