Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Низомиёни украинӣ ва ҷудоихоҳони рустабор барои аз хатти ҷабҳа канор бурдани тонку зиреҳпӯшҳо шитоб надоранд. Ҳамзамон, бар хилофи оташбас, даргириҳо дар шарқи Украина идома меёбанд.

Бар пояи созиши оташбасе, ки ҳафтаи гузашта дар Минск ҳосил шуд, марҳалаи дуввуми созиши оташбас - аз минтақаи даргириҳо берун кардани танку зиреҳпӯшҳо ва тӯпхона бояд рӯзи сешанбе, 17 феврал оғоз меёфт.

Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи хабаргузориҳо, ҷонибҳои даргир оташбасро риоя намекунанд. Дар шаҳри Дебалтсево ахиран бар асари задухӯрдҳо бинои идораи милиса хароб шуд, тирандозӣ дар хиёбонҳои шаҳр ва канори вокзали роҳи оҳан идома дорад. Ҷудоихоҳон дар бораи ишғоли бахши аъзами шаҳр хабар доданд ва инро вазорати дифои Украина ҳам эътироф мекунад. Киев гуфт, ки бар асари ҳамлаҳои ҷудоихоҳон ба мавқеъҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар канори шаҳри муҳосирашудаи Дебалтсево панҷ сарбози украинӣ кушта ва 14 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Ҷудоихоҳон, дар навбати худ, артиши Украинаро дар он айбдор карданд, ки тайи шабонарӯзи гузашта 17 бор оташбасро халалдор кардааст. Онҳо ҳамчунин нерӯҳои украиниро дар мушакборони фурудгоҳи Донетск айбдор намуданд. Рӯзи сешанбе аз даргириҳо дар канори шаҳри бандарии Мариупол низ хабар расид.

Вазъ дар шарқи Украина, аз ҷумла, дар Дебалтсево мояи нигаронии сарони кишварҳое шудааст, ки 12 феврал, баъд аз 14 соати шабзиндадорӣ дар Минск ҷонибҳои даргирро ба хатми хушунат мойил намуданд. Штеффен Зайберт, сухангӯи ҳукумати Олмон, рӯзи 17 феврал гуфт, ки шоми гузашта раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд, садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва раҳбари Украина Петро Порошенко дар як сӯҳбати телефонӣчораҳои мушаххас барои иҷозаи вуруди нозирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ба Дебалтсеворо баррасӣ карданд. Ӯ афзуд, Меркел ва Порошенко аз раисиҷумҳури Русия Владимир Путин хостанд, ки бо истифода аз нуфузаш миёни ҷудоихоҳон онҳоро барои риояи оташбас розӣ кунад.

Ҷейн Псакӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико ҳам аз Русия ва ҷудоихоҳон хост, ки фавран ҳама ҳамлаҳоро қатъ кунанд ва бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар иртибот шаванд.

Оташбас дар шарқи Украина 15 феврал шурӯъ шуд. Бар пояи созиш, бояд тайи ду ҳафта ҳама тонку зиреҳпӯшҳо ва тӯпхона минтақаи низоъро тарк кунанд ва дар масофаи 140 километр минтақаи буферӣ ташкил шавад.

Анна Райская, таҳлилгари масоили сиёсии муқими шаҳри Киев мегӯяд, ки дар маҳофили Украина ба муваффақ шудани оташбас ва хатми низоъ дар шарқи кишвар бо назари шубҳа менигаранд. Ба гуфтаи ӯ, "ҳанӯз ду ҳафта қабл аз талошҳои хонум Меркел ва Франсуа Ҳолланд ва сафарҳояшон ба Киеву Маскав, дар маҳофили сиёсии Украина ҳадс зада мешуд, ки ин кӯшишҳо бефоидаанд. Ва ҳаводисе, ки рӯзҳои ахир рӯй доданд ва банди аввали тафовуқнома - оташбас халалдор шуд, ноумедиҳоро бештар кард". Таҳлилгар меафзояд, ки "соҳибназарон ба комёб шудани дигар бандҳои созиш миёни Киев ва ҷудоихоҳон хушбин нестанд, зеро фосила миёни манофеъи ҷонибҳо хело бузургу амиқ аст",

Дар ҳамин ҳол аз рӯзи сешанбе таҳримҳои нави Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Русия ба ҳукми қонун ворид шуданд. Брюссел ба феҳристи таҳримҳо ду муовини вазири дифои Русия Аркадий Бахин ва Анатолий Антонов, ҳамунин муовини раҳбари Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Русия Андрей Картаполов, ду вакили Думаи давлатӣ, аз ҷумла, овозхон Иосиф Кобзон ва 15 тан аз раҳбарони ҷудоихоҳони Донбассро шомил кард. Онҳо дар “тахриб ва таҳдид ба якпорчагӣ ва истиқлоли Украина” айбдор мешаванд. Онҳо ҳаққи вуруд ба кишварҳои узви Иттиҳодияро нахоҳанд дошт ва ҳисобҳои бонкияшон дар ин қаламрав мунҷамид хоҳанд шуд.

Ҳоло ба феҳристи таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо 151 мансабдор ва 37 корхонаву муассиса дар Украинаву Русия шомил шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG