Пайвандҳои дастрасӣ

Ситораи Кароматулло ба озмуни “Таронаҳои Шарқ” меравад


Ситораи Кароматулло

Ситораи Кароматулло

Имсол дар ҷашнвораи мусиқии “Таронаҳои Шарқ” дар шаҳри Самарқанд Тоҷикистонро дастаи шашмақомсароён муаррифӣ хоҳанд кард.

Озмуни навбатии “Таронаҳои Шарқ” қарор аст рӯзҳои 25-30 август дар шаҳри бостонии Самарқанд баргузор шавад. Қисмати озмуни он, мисли ҳамеша, дар майдони таърихии Регистон баргузор мешавад. Масъулин мегӯянд, ки имсол майдони Регистон махсус то 25 дар сади дигар васеътар мешавад ва барои тамошои хуби консертҳо аз фанновариҳои навин, аз ҷумла системаи 3D истифода мешавад. Радиои Озодлик мегӯяд, шоу-барномаи консертӣ аз ҷониби мутахассисони ширкати олмонии Adhoc ва ширкати маҳаллии “Тошшаҳарнур” танзим мешавад.

Дар ҳоле, ки мақомоти умури фарҳанг дар Ӯзбакистон ба ташкили ин ҷашн ҳамаҷониба омодагӣ мебинанду кормандони риштаи буҷавӣ ба поккории хиёбонҳову биноҳо машғуланд, ҳунармандон ҳам бо баргузории тамрину машқҳои овоз барои ширкат дар ин озмун тайёрӣ мебинанд.

Аз ҷумла, дар бахши озмуни ин ҷашнвораи мусиқӣ Ситораи Кароматулло ва ансамбли шашмақомсароёни тоҷик ҳунарнамоӣ мекунанд. Ситораи Кароматулло 22 сол дошта, хатмкардаи мактаби мусиқии ба номи Малика Собирова ва шӯъбаи мусиқии анъанавии тоҷики Консерваторияи миллии Тоҷикистон (соли 2009) аст. Ғижжакнавоз аст. Аз 16-солагӣ ба иҷрои оҳангҳои “Шашмақом” таваҷҷӯҳ дорад. Вай мегӯяд, барои ҳунарнамоии ӯву гурӯҳи шашмақомсароён 15 дақиқа вақт дода мешавад ва эҳтимолан дар ин фурсат се оҳанг тақдим шавад. Ҳамроҳ бо ӯ дар ин барномаи ҳунарӣ панҷ мусиқинавози дигар ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Ситораи Кароматулло мегӯяд, иҷрои оҳангҳои “Шашмақом” агарчанд аз назари аввал корест лоиқи овозхонҳои касбиву хушсадои ботаҷриба ва шунавандааш ҳам бештар тамошобини бузургсол, онро мешавад ба дили ҷавонон наздиктар кард: “Фикр мекунам, ки агар оҳангҳои “Шашмақом”-ро бо оҳангу жанрҳои дигари замонавии мусиқӣ синтез кунем, мешавад ба ин оҳангҳо як тозагие бахшид. Дар ин сурат, таваҷҷӯҳи ҷавонон ҳам, ки бояд аз ин мусиқӣ огаҳ бошанд, бештар хоҳад шуд”, гуфт ӯ.

Ба гурӯҳи ҳунармандони тоҷик, ки ҳамчунин ба Самарқанд барои ширкат дар ҷашнвораи мусиқии “Садои Шарқ” мераванд, исми Луҳира Мӯъминова, Тоҷибек Раҳимов ва Фурқати Саид зикр мешавад. Парвин Юсуфӣ, овозхони таронаҳои попи тоҷик, ки ҳамчунин роҳии Самарқанд аст, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ аз шаҳри Душанбе гуфт, ӯро ба ҳайси меҳмон ба барномаи ҳунарии ин ҷашнвора даъват кардаанд ва ӯ ният дорад чанд таронаи худро тақдим кунад. Парвин Юсуфӣ гуфт, ки намехоҳад аз ҳоло исми таронаҳои худро фош кунад, ки дар Самарқанд садо хоҳанд дод, вале умедвор аст, ки ин оҳангҳо мақбули тамошобинон хоҳанд шуд. “Визаи сафар ба Ӯзбакистонро ҳам аллакай ба даст овардем. Ният дорем, тавассути марзи Сариосиё ба қаламрави Ӯзбакистон ворид шавем. Моро дар марз ташкилкунандагони озмун бояд пешвоз гиранд”, гуфт ӯ.

Ҷашнвораи мусиқии байналмилалии “Таронаҳои Шарқ” шурӯъ аз соли 1997 баргузор шуда, дар ду сол як бор бо ташаббуси вазорати фарҳанги Ӯзбакистон ва дигар сохторҳои давлатӣ ва ҳамчунин ширкати мусиқии “Ӯзбекнаво” ташкил мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG