Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон фаъолияти аксар марказҳои дилерӣ, ки ба хариду фурӯши SIM-корти телефонҳои мобил машғул буданд, қатъ шудааст. Ҳаққи фурӯши SIM-кортҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва атбои хориҷӣ танҳо ба ду ширкат – "Ошно-групп" ва "О мобайл" фароҳам оварда шудааст.

Дар ҳоле ки иттилоъ дар бораи ширкати «О мобайл» дастрас нест, ширкати «Ошно-групп» дар бинои марбут ба “Тоҷиктелеком” – ширкати давлатии мухобиротӣ ҷойгир аст.

"Монополия" ё ҷилавгирӣ аз бебандуборӣ?

Мақомот мегӯянд, бо ин роҳ бозори фурӯши SIM-корти телефонҳоро ба танзим медароранд ва сохторҳои давлатӣ дар бораи ҳар соҳиби телефон иттилои дақиқ ва расмӣ хоҳанд дошт. Ҳадаф – ҷилавгирӣ аз бебандуборӣ, даст ба даст шудани шумораи телефонҳо, ҷилавгирӣ аз истифодаи симкортҳои Тоҷикистон бо ҳадафҳои ҷиноӣ ва ҳам ба дасти гурӯҳҳои ифротгарову террористӣ роҳ ёфтани SIM-кортҳо будааст. Вале мунтақидон мегӯянд, чунин тасмим дар бозори SIM-кортҳо як монополияи нав ҷорӣ мекунад.

Гаштугузори мо дар кӯча ва марказҳои савдо дар Душанбе нишон дод, ки аксари марказҳои дилерӣ ва ё нуқтаҳои фурӯши SIM-кортҳо фаъоляташонро қатъ кардаанд. Бархе ба фурӯши телефонҳои ҳамроҳ ва бархе дигар комилан самти тиҷраташонро дигар кардаанд. Моликони марказҳои дилерӣ, ки аз сабт ва бурдани номашон худдорӣ карданд, мегӯянд, қатъи фаъолияташон дар пайи як "рейди масъулони хадамоти алоқа" иттифоқ афтод.

"Кадом ширкате, ки иҷозатнома дорад..."

Дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 7 март дар шарҳи вазъият гуфтанд, ҳоло танҳо ширкатҳое ба хариду фурӯши SIM-корти телефонҳои мобил машғул ҳақ доранд, ки иҷозатномаи Хадамоти алоқаи Тоҷикистонро дошта бошанд. “Кадом ширкате, ки иҷозатнома дошта бошад, бемамониат метавонад фаъолият кунад. Замоне ки литсензия набуд, ҳама ба SIM-кортфурӯшӣ машғул шуданд ва ба ҳар касе мехостанд, SIM-кортҳоро фурӯхтанд. Ба ҳамин хотир, тартиботи нав ҷорӣ шуд, ки фурӯши SIM-кортҳо ба танзим дароварда шавад”, - иброз доштанд дар Хадамоти алоқа.

Дар Хадамоти алоқа ба Радиои Озодӣ нагуфтанд, ки чанд ширкати дилерӣ ҳоло дар Тоҷикистон соҳиби иҷозатномаи ин хадамот аст.

«Ошно-групп» ва «О мобайл»

Дар ҳамин ҳол, ҳамсуҳбатони мо дар ширкатҳои мобилӣ гуфтанд, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дастур додааст, кулли SIM-кортҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон тариқи ширкате бо номи “Ошно-групп” фурӯхта шаванд. Соли гузашта Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо ирсоли як нома аз ҳамаи ширкатҳои мобилӣ тақозо кард, ки SIM-кортҳоро ба шаҳрвандони хориҷӣ танҳо тавассути ширкати “О мобайл” бифурӯшанд.

Сиёвуш Зуҳуров. Акс аз бойгонӣ

Сиёвуш Зуҳуров. Акс аз бойгонӣ

Дар ҳоле ки иттилоъ дар бораи ширкати «О мобайл» дастрас нест, ширкати «Ошно-групп» дар бинои марбут ба “Тоҷиктелеком” – ширкати давлатии мухобиротӣ ҷойгир аст. Вале масъулони ин ширкат аз сӯҳбат бо Радиои Озодӣ худдорӣ карданд. Дар мавриди ин ширкат ҳам маълумоти зиёде дар даст нест. Танҳо тибқи феҳрасти Кумитаи андози Тоҷикистон, ин ширкат моҳи декабри соли 2015 ба шаҳрвандони Тоҷикистон Сиёвуш ва Рамз Зуҳуровҳо тааллуқ дорад.

Ҳама «субдилер» мешаванд?

Дар Тоҷикистон бинобар иттилои ширкатҳои мобилӣ то 100 маркази дилерӣ фаъолият мекунанд, ки тақрибан 80 дарсади онҳо ба соҳибкорони инфиродӣ тааллуқ доранд ва боқимонда дар шакли ширкатҳо фаъолият мекунанд. Ин дилерон ба навбати худ то 10 ҳазор субдилеронро дар ихтиёр доранд. Субдилер – агент ё намояндаи дилер аст, ки аз роҳи миёнаравӣ тиҷоратро ба роҳ мемонад. Бинобар арзёбии ширкатҳои мобилӣ, 80 дарсади SIM-корти муштариён маҳз тавассути дилерон ба фурӯш рафтааст.

Ғафурҷон Иркаев

Ғафурҷон Иркаев

Ғафурҷон Иркаев, раиси Анҷумани ширкати мобилии Тоҷикистон, мегӯяд, воқеан дар фурӯши SIM-корт тавассути марказҳои дилерӣ нуқсон ҷой дошт ва он бояд ислоҳ шавад: “Аммо манъ кардан ва таҳти инҳисор қарор додани ин бозор роҳи ҳал нест”, - мегӯяд ӯ.

Иркаев афзуд, беҳтарин роҳ ин муколамаи ширкатҳои мобилӣ бо танзимгари ин соҳа аст, ки дар якҷоягӣ ва бо назардошти манофеи дуҷониба мушкилро ҳал кунанд. Дар Тоҷикистон ҳоло 4 ширкати бузурги мобилӣ – «Бабилон», «Мегафон», «Тселл» ва «Билайн», дар маҷмуъ, 4 миллиону 400 ҳазор муштарии фаъоли телефонҳои мобилӣ доранд. Ҳамзамон бинобар арзёбии коршиносон ҳудудан 1 миллион муштариёни “калаванда” низ вуҷуд доранд, ки барои хидматрасонӣ ба онҳо фаъолияти марказҳои дилерӣ зарур аст.

Ширкатҳои дучори мушкил

Соҳаи мухобироти Тоҷикистон то чанд соли пеш аз бахшҳои босуръат рушдкунандаи иқтисоди кишвар маҳсуб меёфт, вале дар як соли охир се ширкат – «Тселл», «Мегафон» ва «Билайн» аз ҷониби сохторҳои андоз барои мушкил дар пардохти молиёт ҷарима шуданд. Аз ҷумла, ширкати «Билайн» 151,3 миллион сомонӣ, «Мегафон» - 155 миллион сомонӣ ва «Тселл» - 155 миллион сомонӣ ҷарима шуданд. Ду ширкати аввал дар баҳсҳои додгоҳӣ мағлуб шуданд. Ширкати «Тселл» гуфтааст, ки нияти тарки бозори Тоҷикистонро дорад, чунки дигар фаъолияти худро дар ин бозор аз назари манфиатҳои молӣ – бефоида арзёбӣ мекунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG