Пайвандҳои дастрасӣ

"Шайх Мунис" дар амалиёти полис дар Сидней кушта шуд (ВИДЕО)


Рӯҳонии аз Эрон фироркарда, ки рӯзи душанбе дар як қаҳвахона дар маркази шаҳри Сидней дар Австралия чанд нафарро ба гаравгон гирифт, миёни се нафаре буд, ки дар амалиёти вижаи полис ба ҳалокат расиданд.

Дар амалиёти раҳоии гаравгонҳо дар як қаҳвахонаи шаҳри Сиднеи Австралия се нафар, аз ҷумла, гаравгонгир – Ҳорун Мунис кушта шуданд. Амалиёти вижаи полис ва нерӯҳои амниятӣ шаби гузашта доир гардид.

Бар пояи иттилои ахири полис, Ҳорун Мунис дар маҷмӯъ 17 нафарро гаравгон гирифта буд. Панҷ нафари онҳо то шурӯъи амалиёти полис қаҳвахонгаро тарк намуданд.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, Ҳорун Мунис, ки худро дар интернет Шайх Мунис меномид, соли 1996 аз Эрон фирор кардааст.

Хабаргузории Рейтер бо такя ба иттилои полис навиштааст, киМунис қаблан барои талоши таҷовуз ба номус боздошт ва бо пардохти гаравпулӣ раҳо шуда буд. Ҳамчунин ӯро дар фиристодани номаҳо ба хонаводаҳои низомиён аз Австралия, ки дар ҷангҳо дар хориҷи кишвар кушта шудаанд, айбдор карда буданд.

Ҳорун Мунис шарт гузошта буд, ки фақат баъд аз мулоқот бо нахуствазири Австралия Тони Эббот гаравгонҳоро раҳо мекунад.

Ҳарон Мунис

Ҳарон Мунис

Аз ин пеш иттилоъ расид, ки дар амалиёти раҳоии гаравгонҳо дар қаҳвахонаи шаҳри Сиднеӣ ду нафар кушта ва се каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Шабакаи СNN бо такя ба телевизиони Австралия хабар дод, ки боз ҳафт нафари дигар қаҳвахонаро тарк намуданд.

Гаравгонгирӣ соати даҳи 15 декабр шурӯъ шуд. Як масъули пулис дар ин минтақа гуфт, ки марди мусаллаҳ дар биное дар Майдони Мартин, шумораи номаълуми афродро гаравгон гирифтааст. Шабакаи телевизионии СБС-и Канада шумораи гаравгонҳоро беш аз 20 нафар гуфтааст, аммо шабакаи хабарии "Скай Нюз"-и Австралия мегӯяд, наздик ба 13 нафар дар як мағоза шоколадфурӯшӣ ба гаравгон гирифта шудаанд.

Сомонаи хабарии "News"-и Австралия аз қавли мудири иҷроияи ширкати шакаладфурӯшии "Линдт" навиштааст, ба назар мерасад, ки гаравгонгирӣ дар қаҳвахлнаи ин мағоза анҷом шудааст ва ҳадс задааст, ки теъдоди гаравгонҳо аз 40 то 50 нафар аст.

Нерӯҳои вижаи Австралия вориди бахши тиҷоратӣ ва идории шаҳр шудаанд ва пулиси шаҳр низ аз шаҳрвандони хостааст, то ҷое имкон дорад, аз наздик шудан ба маҳали ҳодиса худдорӣ кунанд.

Ҳама шабакаҳои хабарӣ дар мавриди парчами сиёҳ бо навиштаҳои арабӣ гузориш додаанд. Ин парчам дар тасвире, дар дасти касе дохили мағоза дида шудааст. Расонаҳо ҳадс заданд, ки ин шахс шояд аз тарафдорон ё аъзои гурӯҳи "Давлати исломӣ" бошад.

Аммо Зайн Алӣ, раиси мутолеоти исломӣ дар Донишгоҳи Окленд ба хабаргузории "Ассошиэйтед прессс" гуфтааст, аз рӯи наворҳои нашршуда дар расонаҳо наметавон навиштаҳои рӯи парчамро ба дурустӣ хонд, аммо ӯ муътақид аст, ки дар парчам "шаҳодатайн" навишта шудааст.

Ҳамзамон бо гаравгонгирӣ дар маркази шаҳри Сидней, Хонаи операи шаҳр низ пас аз ошкор шудани як бастаи шубҳаовар, холӣ ва таътил шудааст.

Нахуствазири Австралия нишасти изтирории амниятӣ баргузор кардааст. Нахуствазири Австралия дар баёнияе бо ибрози нигаронии амиқ аз ҳодисаи шаҳри Сидней, гуфтааст, "австралиягиҳо мутмаин бошанд, ки муҳофизони тартибот ва кормандони амниятии мо ба хубӣ омӯзиш дида ва аз таҷҳизоти хубе бархӯрдоранд ва ба таври касбӣ ва дуруст ба ин ҳодиса вокуниш нишон медиҳанд."

Ӯ гуфтааст, ки ҳанӯз далели дақиқи ҳодиса маълум нест, ки онҳо кӣ ҳастанд ва чаро даст ба ин кор задаанд. Нахуствазири Австралия аз шаҳрвандони кишвараш хостааст, ки ба ҷойҳои кории худ бираванд.

Австралия узви эътилоф ба раҳбарии Амрико аст, ки дар ҳоли мубориза бо нерӯҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва анҷоми ҳамлаҳои ҳавоӣ алайҳи ин гурӯҳ дар Ироқ мебошад. Ин кишвар пештар ҳам аз анҷом додани амалиётҳо алайҳи ин гурӯҳ хабар дода буд. Чанд моҳ пеш нахуствазири Австралия эълон карда буд, ки афроди гурӯҳи "Давлати исломӣ" қасд доштаанд, як нафарро дар шаҳри Сидней бирабоянд ва сипас сари ӯро дар байни мардум аз танаш ҷудо кунанд.

Ҳамид Итминон, як сокини шаҳри Сидней, ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ки вазъ дар шаҳр ором аст, аммо мардум дар ҳоли шок қарор доранд, зеро Сидней яке аз орому амнтарин шаҳрҳои сайёра маҳсуб мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG