Пайвандҳои дастрасӣ

Шукурҷон Зуҳуров: "Мо ба бовари халқ сазовор будем"


Шукурҷон Зуҳуров

Шукурҷон Зуҳуров

Шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаи охирини Маҷлиси Намояндагон гуфт, онҳо дар панҷ соли гузашта ошкоргӯву бо халқ наздик ва дастрас буданд. Ба қавли ӯ, вакилон дар ин муддат 4 ҳазор нома гирифтаанд.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, ҳангоми натиҷагирӣ аз кори панҷсолаи худу ҳамкоронаш дар парлумон гуфт, онҳо ба бовари халқ сазовор буданд.

Ҷаноби Зуҳуров, ки 27 феврал дар ҷаласаи охирини парлумони Тоҷикистон, даъвати чорум, сухан мегуфт, ба фаъолияти панҷсолаашон баҳои баланд дод ва афзуд, "дар ин муддат вакилон ошкоргӯ ва бо интихобкунандагон дастрасу наздиктар буданд".

Вай афзуд, дар тӯли панҷ соли гузашта аз тарафи сокинон ба Маҷлиси Намояндагон беш аз 4 ҳазор дархости хаттӣ ирсол шудааст: “Мо дар ин муддат ба ҳаёти ҷомеа ва масоили марбут ба кишвар бетараф набудем. Ҳатто дар масъалаи муносибати Тоҷикистону Узбакистон мо изҳорот додем.”

Раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, ба ин тартиб, ба вакилоне, ки дар интихоботи парлумонии моҳи март номзад нестанд, ифтихорнома дода ва ба онҳое, ки нияти вакил шуданро доранд, комёбӣ хост. Ӯ гуфт, аз ҳамкорӣ бо ин гуруҳи вакилон хушҳол аст ва таъкид кард, “дар ҳар куҷое ҳастем, ин рӯзҳоро ба хушӣ ба ёд меорем”.

Худи Шукурҷон Зуҳуров, ки намояндаи минтақаи Рашт мебошад, номзад аз ҳизби халқӣ-демоуратӣ дар интихоботи парлумонии якуми март аст. Дар интихоботи соли 2010 ӯ бо Давлати Усмон, вазири собиқи рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон вориди рақобат шуда, пирӯз омада буд.

Ин дар ҳолест, ки бисёре аз интихобкунандагон дар Тоҷикистон мехоҳанд бидонанд, вакилони Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумон дар муддати панҷ соли фаъолият ба ҳайси қонунгузор чӣ кори шоёнеро барои интихобкунандаи худ анҷом додаанд. Бисёре аз ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, парлумони феълӣ дар хотири онҳо ҳамчун як парлумони ором, бидуни энержӣ ва ибтикор боқӣ мемонад.

Таҳлилгарон низ аз вакилони даъвати чоруми Маҷлиси Намояндагон, ки бархе дар чанд давр депутат буданд ва шояд боз ҳам дар панҷ соли оянда курсиҳои худро аз даст надиҳанд, вакилони “гаправ”-у “хомӯш” арзёбӣ карда, аз парлумони феълӣ ҳам “оромтарин” маҷлис ном мебаранд.

Аммо бархе аз вакилон мегӯянд, парлумони кунунӣ назар ба қаблиаш пешрафтҳое дошт. Аз ҷумла, барои нахустин бор чанд вазир ба ҷаласа даъват шуданд ва таҳти танқид ҳам қарор гирифтанд. Азизмад Имомов, вакили Маҷлиси намояндагон ва раиси Кумисюни назорати дастур ва ташкили кор дар парлумон, чанде пештар дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба сурати умум, ба фарқ аз даъватҳои қаблӣ кори вакилони парлумони феълӣ пурсамар буд.

"Беш аз 200 санади меъёриву ҳуқуқӣ қабул шуд. Барои инкишофи соҳаи иқтисод заминаҳои ҳуқуқӣ гузоштем. Президент ҳам дар паёмаш фаъолияти парлумонро хеле самаранок баҳо дод. Шумори шартномаҳои тасвибшуда ҳам хеле зиёд буд. Бо интихобкунандаҳо ҳам зиёд мулоқот доштем",-афзуд ӯ.

Бо вуҷуди ин ки солҳо боз аксари вакилони парлумони Тоҷикистон барои камфаъолиятӣ танқид мешаванд, то ҳанӯз як феҳрист ё рӯйхати вакилони камкору пуркори ин маҷлис тартиб дода нашудааст. Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, ҳар сол ба таври умумӣ фақат аз кори кумитаҳояш натиҷагирӣ мекунад, ки аксаран бо тавсифу таъриф анҷом мешавад. Дар ғайри ин, ба гуфтаи интихобкунандаҳо, фаъолияти аслии аксар вакилон фақат аз пахш кардани як тугма ва он ҳам тугмаи “ҳа” иборат шудааст.

Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз 63 вакил иборат аст, ки аксари он намояндагони ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ мебошанд. Ҳизбҳои коммунист, наҳзати исломӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва аграрӣ ё кишоварзӣ низ дар парлумон ҳар кадом дувакилӣ доранд.

Нозирони умур як сабаби хомӯшии парлумони Тоҷикистонро маҳз дар кам будани теъдоди намояндагон аз ҳизбҳои дигар, ба хусус аҳзоби мухолиф медонанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG