Пайвандҳои дастрасӣ

Вакили дифои маъруф Шӯҳрат Қудратов баъд аз 9 моҳи ҳабс дар боздоштгоҳи муваққат ва баъд аз 1 моҳи эълон шудани ҳукми Додгоҳи олӣ ба зиндони рақамаи 3 шаҳри Душанбе интиқол дода шудааст.

Шӯҳрат Қудратов, вакили дифоъ, ки аввали моҳи марти соли равон бо ҷурми ришват ба 3 солу 8 моҳи зиндон маҳкум шудааст, баъд аз нӯҳ моҳи нигаҳдорӣ дар боздоштгоҳи муваққат ва баъди як моҳи содир шудани ҳукми Додгоҳи олӣ ба зиндони рақами 3 шаҳри Душанбе интиқол дода шудааст. Дар ин бора дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ бародари Қудратов -- Замир хабар дод. “Ба мо иҷозати дидор намедиҳанд, вале ҳамсараш ӯро дида буд ва гуфт, ки ҳолаш, рӯҳияаш хуб аст. Вай як моҳ камтар шуд, ки ба зиндон интиқол ёфтааст”, гуфт Замир.

Ба иттилои ӯ, баъди ҳукми Додгоҳи Олӣ дар бораи ба 3 солу 8 моҳи зиндон маҳкум шудани бародараш, чизе дар қазияи Қудратов тағйир наёфтааст.

Додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи январи соли ҷорӣ Шӯҳрат Қудратовро ба нӯҳ соли зиндон маҳкум карда буд. Аммо Додгоҳи олӣ рӯзи 3 март дар пайи шикояти вакили мудофеи Қудратов ин ҳукмро тағйир дода, то 3 солу 8 моҳ поин овард. Додгоҳи олӣ эълон кард, моддаи 247, қисми 4, яъне “қаллобӣ” аз парвандаи Қудратов ҳазф шуда, ба ҷои он 87 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима муқаррар гардидааст. Инчунин, ҳукми ин вакили мудофеъ аз рӯи моддаи 320, яъне “пешниҳоди пора”, тағйир дода шуда, аз се як ҳиссаи он кам карда шудааст.

Шӯҳрат Қудратов, ки дар парвандаҳои пурсарусадои солҳои охир аз манфиатҳои афроде, чун раиси “Мовароуннаҳр” Ҷӯрабек Охунов, вазири собиқи умури дохилӣ Ёқуб Салимов, вазири собиқи саноат Зайд Саидов ва аз Диловаршоҳ Қосимов, нафари муҷрим дар қатли Холмӯъмин Сафаров, раиси идораи “Ҷангали Тоҷик” ва шавҳари хоҳари калонии президенти Тоҷикистон, ҳимоят кардааст, 21 июли соли 2014 дар шаҳри Душанбе аз сӯи маъмурони Оҷонсии мубориза бо фасод дастгир шуд.

Мақомот гуфтанд, ӯ мехост аз як муваккилаш бо номи Амиралӣ Суламаев, ки ба қаллобӣ айбдор мешуд, барои бастани парвандааш 2000 доллар гирифта, ба як додрас бидиҳад. Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, ин пулро ӯ бояд ба нафари ҷабрдида – раиси ширкати “Пайванд” Парвиз Бадалов - медод, то аз даъвояш алайҳи Суламаев гузарад.

Шӯҳрат Қудратов ва тарафдоронаш таъқибу боздошт ва ҳукми зиндони ӯро ҳомили ангезаҳои сиёсӣ медонанд ва ба мавқеи фаъоли шаҳрвандиву сиёсии ӯ, аз ҷумла дар рафти ҳимоят аз вазири собиқи саноат Зайд Саидов рабт медиҳанд. Маҷмаи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо аз зиндонӣ шудани Шӯҳрат Қудратов изҳори нигаронӣ карда ва Ҳюман Райтс Вотч онро "сиёсӣ" номида буданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG