Пайвандҳои дастрасӣ

Мураббии маъруф Алекс Фергюсон мегӯяд, зарби тасмаҳои муаллимааш буд, ки ба чунин қуллаҳо расид. Вале ба бовари дигарон, омӯзгор набояд ҳайсияти инсониии шогирдонашро бо "адабчӯб" паст бизанад.

Мураббии маъруфи шотландӣ сэр Алекса Фергюсон гуфтааст, тасмаеро ки муаллимаи аввалаш дар кӯдакӣ ӯро мезад, то ҳол ҳифз кардааст. Алекс Фергюсони 72-сола мӯътақид аст, ки манбаи тамоми дастовардҳои ӯ дар зиндагӣ меваи ҳамон тарбиятест, ки устоди нахустинаш дар мактаби ибтидоӣ Элизабет Томсон бо зарби тасма дар пӯсти ӯ ҷой кард.

Алекс Фергюсон то як соли пеш, тайи 26 сол, мураббии тими оламгири “Манчестер Юнайтед”-и Инглистон буд ва аз ангуштшумор намояндагони риштаи варзиш аст, ки барои хидматҳояш аз сӯи маликаи Бритониё сазовори унвони олитарини “сэр” шудааст.

Алекс Фергюсон

Алекс Фергюсон

Фергюсон дар як мусоҳибааш дар мавзӯи мушкилоти мактабу маориф гуфтааст, дар солҳои 50-ум, вақте ба мактаб мерафт, бисёр вақт аз дарсҳо мегурехт ваё бо ҳамсифнфонаш дар варзишгоҳ занозанӣ мекард ва устодаш миссис Томсон ба хотири онки ҳеҷ кадоме аз шогридон ба беадабӣ омӯхта нашавад, тамоми ҷаҳдашро мекард. Аз ҷумла бо зарби тасма.

Муҷозоти ҷисмонӣ дар мактабҳои Бритониё танҳо дар соли 1987 манъ шуд. Аз ин рӯ, устоди аввали Фергюсон ба далели вайрон кардани интизом шогирдонашро бо тасма. Аммо Фергюсон мегӯяд, аз муаллимаи равоншодаш заррае хафа нест, балки ҳатто он тасмаеро, ки миссис Томсон ҷазояш медод, ҳифз кардааст: “Ин тасма дар дафтари кории ман аст. Набераҳои ман аз он метарсанд. 6 зарба бо чунин тасма касро комилан беҳол мекард. Ман ҳамеша кӯшиш мекардам, ки вақти тасмазании муаллима дастамро дар лаҳзаи охир ақиб кашам.”

Алекс Фергюсон баъди ба воя расидану футболбоз ва сипас мураббӣ шуданаш ҳам аз аҳволи устоди аввали худ ҳамеша хабар мегирифт. Баъди чанд моҳи даргузашти Элизабет Томсон ба мураббии маъруф тавассути почта бастае омад, ки дар дохилаш ҳамон тасмаи кӯҳна ва як ҷумлаи кӯтоҳ буд: “Ту ин тасмаро беҳтару бештар аз ҳар каси дигар медонӣ.”

Алекс Фергюсон дар фаъолияти мураббигӣ мисли муаллимаи аввалаш дар бархӯрд бо футболбозон бо усулу шеваҳои шадиди “педагогӣ” шӯҳрат дошт. Баъди як бозӣ, барои мисол, ӯ ситораи рақами яки ҳайати вақти “Манчестер Юнайтед! Девид Бекҳемро бо кафши варзишӣ чунон сахт зада буд, ки чаккаи сараш кафид ва хуншор шуд. Бекҳем баъди он қазия аз “Манчестер Юнайтед” ба “Реал”-и Мадрид гузашт, вале ҳеҷ гоҳ лаб ба шикоят накушод, ки Фергюсон дар ҳаққаш бадрафторӣ кардааст.

Шеваҳои тарбияи кӯдак дар мактаб дар Тоҷикистон низ як мавзӯи баҳси ҳамешагист. Дар мактабҳои тоҷикӣ ҳам маъмулан ду усули комилан мухталифи таълим “сабқат” мекунанд.

Як тараф мӯътақиданд, ки омӯзгор бояд ҳатман сиёсат дошта бошад ва алави чашми шогирдонро бигирад, то ки онҳо ҳатто фикру ҷуръати ягон беадабӣ накунанд. Дар ҷумлаи далелҳое ки тарафдорони ин шеваи “педагогикаи шадидуллаҳн” меоранд, аз ҷумла чандин байту андарзи мероси шоирони классики мост, мисли “ҷабри устод беҳ аз меҳри падар” ё ба истилоҳи омиёнатар, “хирс мулло мешавад аз зарби чӯб, беадабро ҳар куҷо дидӣ, бикӯб.”

Аммо тарафи дигар баракс муҷозоти ҷисмонии шогирд аз тарафи омӯзгорро як усули ғайрипедагогӣ ва хеле қадим мешуморанд ва мегӯянд, дар асри 21, ки асри пешрафт аст, устод бояд бо тарбияту дониши хуб намунаи ибрат барои шогирд шавад, на бо зарби тасмаву “адабчӯб.”


Зимнан барои касе пӯшида нест, ки ишоратчӯбе ки асосан барои нишон додани нуқоти ҷуғрофӣ дар харита истифода шавад, дар асл дар дасти аксари муаллимони тоҷик нақши ҳамон “адабчӯб”-еро дорад, ки аз “Мактаби кӯҳна”-и Садриддини Айнӣ хуб дар ёад мондааст. Аз тарафи дигар, ин ҷониб бар ин боваранд, ки паст задани ҳайсияти инсонии кӯдак дар ниҳоят ҳисси озодандешиву мустақилиятро дар зеҳни вай ба ҳам мезанад ва натиҷааш кушта шудани эҳсоси озодфикрии инак чандин насли мардуми тоҷик аст, ки дар чигуна як ҳолати ғуломӣ қарор доштарни худро имрӯз ҳатто ҳис намекунанд.

Вале назари Шумо, хонандагони сомонаи Озодӣ, ба ин масъала чист? Оё устод ҳақ дорад дар сурати беадабии шогирд ба сари ӯ даст бардорад ё мисли муаллимаи Алекс Фергюсон ҳатто даст ба тасма барад? Ё бояд дар зеҳни кӯдак аз хурдӣ ҳисси шарофати инсониро парварид, на ғуломиро ва тасмаву “адабчӯб”-ро бояд ба таърих супурд?

Назаратонро дар Майдони баҳси Озодӣ бо дигарон дар миён гузоред.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG