Пайвандҳои дастрасӣ

Пажӯҳиш: Рустоҳо назар ба шаҳр ба оби пок ниёзи бештар доранд


Бар пояи як таҳқиқи нави Бонки ҷаҳонӣ, дар манотиқии рустоии Тоҷикистон дастрасии мустақими сокинон ба оби поки ошомиданӣ тариқи лӯлаҳои обгузар, ҳамоно як мушкил боқӣ мемонад.

Аз 18 манотиқи рустоӣ танҳо дар яктоаш сокинон дастрасии мустақим ба қубури оби пок доштаанд. Аҳолии рустоҳои Тоҷикистон назар ба манотиқи шаҳрнишин ва ё марказҳои вилояту навоҳӣ бештар аз ҳама ба оби пок эҳтиёҷ доранд.

Чунин аст яке аз хулосаҳои таҳқиқоти нави Бонки ҷаҳонӣ, ки дар Тоҷикистон дар моҳҳои ноябру декабри соли 2015 аз ҷониби созмони назарсанҷии “Зеркало” анҷом шудааст. Ин таҳқиқот дар саросари кишвар анҷом шуда, вазъи дастрасии сокинон ба оби поки ошомиданӣ дар маҳалли хонаҳо, вазъи ташноб ва зарурати ислоҳот дар низоми таъмини об дар кишварро ба баррасӣ гирифтааст.

Гузориши “Таҳқиқи вазъи нодорӣ аз назари дастрасӣ ба оби пок, тозагӣ ва гигиена дар Тоҷикистон”, ки ахиран дар Душанбе муаррифӣ шуд, мегӯяд, сангинтарин вазъро аз назари мушкили дастрасӣ ба оби поки лӯлаҳои обгузар, дар рустоҳо эҳсос мекунанд. Эҳтиёҷ ба обро дар ин манотиқ бо барфи обшуда, оби борон ва баъдан бо оби рӯдхонаву чашмаҳо ҷуброн мекунанд.

Нерӯи аслии таъминкунандаи об дар хонаводаҳо занҳову кӯдакон маҳсуб мешаванд, ки дар баъзе ҳолатҳо аз тӯлонитарин масофаҳо бо дасти худ бо сатил об мекашонанд. То 15 дарсади даромади солонаи ин хонаводаҳо барои об масраф мешавад. Дар натиҷа, мизони гирифтории сокинони рустоҳо ба бемориҳои марбут ба дарунраву дарди шикам назар ба сокинони шаҳрҳо ба маротиб бештар будааст.

Дар робита бо ташноб (ҳоҷатхонаҳо), гузориш мегӯяд, ки дар 70 дарсади ҳолатҳо сокинони рустоҳои Тоҷикистон ҳоҷатхонаҳои заминии худсохте доранд, ки онҳо ба системаи қубурии канализатсионӣ пайваст нестанд. Дар 10 соли охир шакли сохтани ҳоҷатхонаҳо ҳеҷ тағйире надид. Дар марказҳои вилоятҳову ноҳияҳо аз 20 гурӯҳи пурсидашуда дар 12-тоаш ҳоҷатхонаҳо ба системаи умумии канализатсионӣ пайваста буда, бо оби равон покиза мешавад. Ин манзилҳо марбут ба сохтмонҳои бисёртабақа мебошанд. Вале дар бархе хонаҳои баландошёна бо вуҷуди сохта шудани системаи канализатсия, амалан он кор намекунад.

Роб Свинкелс, муҳаққиқи масоили иҷтимоӣ дар Бонки Ҷаҳонӣ зимни сӯҳбат ба Радиои Озодӣ дар бораи хулосаҳои асосии ин гузориш гуфт:

Роб Свинкелс: Ҳадафи мо дастрасӣ ба маводи қобили эътимод ва воқеӣ дар заминаи дастрасии сокинони манотиқи мухталиф ва бахусус деҳот ба оби пок ва ҳам арзёбии шароити санитарии онҳо буд. Мо донистан мехостем, ки бо кадом роҳ аҳолӣ ба об дастрасӣ дорад, масалан, дар рустоҳо сокинони зиёд аслан ба қубурҳои об дастрасӣ надоранд. Обе, ки онҳо истеъмол мекунанд, пок нест. Вазъ воқеан ҳам бад аст. Дар маркази таваҷҷӯҳи мо мардуме буд, ки даромади кам дорад. Вазъи хонаводаҳои нодор аз ин ҷиҳат хеле мушкил будааст. Ин мардум маҷбуранд аз манобеи дигари об истифода кунанд, ки аз онҳо вақту фурсат ва ҳам саломатӣ талаб мекунад. Духтару писарҳое, ки сатилҳои обро мекашонанд, аз дарди миёну дасту по шикоят мекунанд.

Озодӣ: Дар бораи омодагии мардум ба боло бурдани хароҷоти худ ба об гузориш мегӯяд, бо вуҷуди то 5 дарсад будани хароҷоти сокинони нуқоти дигари ҷаҳон ба об, дар Тоҷикистон ин рақам се баробар зиёд аст. 75 дар сади хонаводаҳое, ки ба системаи марказонидашудаи оби пок пайваст ҳастанд, омодаанд ба хотири дарёфти хадамоти беҳтари дастрасӣ ба об харҷи худро дар ин замина то 25 дар сад афзоиш диҳанд.

Роб Свинкелс: ​Бале, хароҷоти хонаводаҳои нодор барои дастрасӣ ба оби пок ба ҳисоби миёна - 8 ва ҳадди аксар то 15 дар сади даромади солонаи онҳоро ташкил мекунад. Хонаводаҳое, ки ба лӯлаҳои оби ширкати оби давлатӣ дастрасӣ доранд, омода ҳастанд то 25 дар сад

даромади худро барои дастрасӣ ба оби пок сарф куннад. Онҳо мегӯянд, ки агар сифати об беҳтар ва қобили истеъмол бошад, онҳо омода ҳастанд, ки пули бештар харҷ кунанд. Бадтарин вазъро аз назари об мо дар рустоҳои вилояти Хатлон ва ҳам баъзе манотиқи вилояти Суғд, мисли Исфара ва ҳамчунин дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кӯҳӣ мушоҳида кардем.

Озодӣ: Ин гузориш бо кадом ҳадаф анҷом шудааст?

Роб Свинкелс: ​Ҳадаф ба ҳукумат ва ҳам ҳамкорони дигар ба хотири рушд, расонидани хеле доғ будани ин масъала аст, то ки коре барои беҳбуди вазъ анҷом шавад. Мо мутмаинем, ки дар сурати пайдо кардани шаҳодати хуб, омор ва маълумоти дақиқ, дар бораи мушкилоти мардум бо обу ташноб ва дигар вазъи санитариашон, онҳоро водор мекунем, ки иқдоме кунанд. Умедворем, ки як стртегияи хуби ҳаллу фасли ин масъала эҷод мешавад ва чӣ тавр мешавад бори сахти мардуми деҳотро аз ин назар сабуктар кард.

XS
SM
MD
LG