Пайвандҳои дастрасӣ

Ваъдаи имрӯзу фардои Идораи обу корезӣ ба сокини Навбаҳор


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Наздики ду ҳазор сокини маҳаллаи Навбаҳори ноҳияи Рӯдакӣ як ҳафта боз аз оби ошомиданӣ маҳруманд ҳастанд ва бо вуҷуди муроҷиатҳои пайдарпай, мушкилашон ҳал нашудааст.

Сафар Миров, як сокини деҳаи Навбаҳор мегӯяд фасли гармо худ мавсими ангезиши ҳар гуна бемориҳои сироятист ва набудани оби поку истифодаи оби ҷӯйборҳо боиси афзоиши беморӣ миёни кӯдакон мегардад. Ба таъкиди Сафар Миров, онҳо ба Идораи обу корезии шаҳри Душанбе чанд маротиба муроҷиат карда, аммо масъулин бо ҳар баҳона аз ҳалли мушкил сарпечи мекунанд: «Мардум бо сатил аз ҷӯйборҳо об кашонида истоданд. Масъаларо бояд ҳал кунанд. Ҳангоми пулҷамъкунӣ мешавад, сари вақт омада пули обро мегиранд, аммо вақте ягон садама ба миён меояд ё ҷойеро таъмир кардан лозим мешавад, ба касе лозим нест.»

Тавре аз сӯҳбат бо сокинони маҳаллаи Навбаҳор маълум гардид, агарчи деҳаи мазкур шомили ноҳияи Рӯдакӣ бошад ҳам, аммо маблағи ҳамагуна хизматрасониҳоро дар ноҳияи Синои шарҳи Душанбе мепардозанд, аз ҷумла маблағи об ва барқро.

Тавре Баҳром Ширинов, роҳбари маҳаллаи Навбаҳор дар сӯҳбат ба Радиои «Озодӣ» гуфт, аз сабаби корношоям шудани як ҷумак ё вентел тӯли як ҳафта боз тақрибан панҷоҳ дарсади хонаводаҳои деҳа аз оби нӯшоки маҳруманд ва занҳо маҷбуранд, ки аз масофаи шашсад метр бо сатил об кашонанд. Ҷаноби Ширинов ҳам зикр намуд, ки барои ҳалли ин қазия ба роҳбари Идораи обу корезии шаҳри Душанбе се маротиба муроҷиат кардаанд, ки ҳар дафъа ваъдаи имрӯзу фардо медиҳанд.

Вай гуфт: «ба сардори департамент Қаландаров муроҷиат кардем. Инчунин ба куратори ноҳияи Сино дар корхонаи обу корез ҷаноби Миршакар ҳам муроҷиат кардани шудем, ки худашро наёфтем ва ба ҷонишинаш муроҷиат кардем, мегӯяд: «хеле хуб, шумо равед, мо меоем». Саринжинери корхона бошад мегӯяд, шумо аз ноҳияи Рӯдакиед, мо дар ноҳияи Рӯдакӣ хизмат намекунем. Дар маҳалла бошад зани бисёр дар тобистони тафсон сатил дар даст кӯча ба кӯча об кофта гаштаанд.»

Зуҳро Қурбонова, сокини дигари деҳаи Навбаҳор аз он изҳори нигаронӣ кард, ки ҳамарӯза ҳангоми об кашонидан байни одамон ҷангу хархаша сар мезанад. Зеро ба таъкиди холаи Зуҳро, сокинони деҳаи ҳамсоя аз додани оби нӯшокӣ ба онҳо саркашӣ мекунанд ва ин боиси низоъ миёни сокинони ду деҳа мегардад. Ҳамчунин Зуҳро Қурбонова афзуд, ки дар обкашонӣ кӯдакони 8-9 сола ҳам ҷалб мешаванд, ки паёмади хуб надорад: «Мо одамҳои солрафта меравему сатилҳоро пур мекунему кӯдакон омада мекашанд. То кай обкашида мегарданд ҳамон кӯдакони бечора.»

Масъулини Корхонаи обу корезии шаҳри Душанбе зимни сӯҳбат ба Радиои «Озодӣ» бе об мондани сокинони маҳаллаи «Навбаҳор» ва муроҷиати онҳоро тасдиқ карданд. Вале бо сабабҳои номаълум масъулини Идораи обу корезии шаҳри Душанбе аз додани шарҳи бештар дар ин масъала худдорӣ намуданд.

Аз оби пок маҳрум шудани сокинони деҳаи Навбаҳори ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳоле пеш омад, ки баъди чанд рӯзи дигар моҳи мубораки Рамазон фаро мерасад ва тибқи анъана, мардум аксари корҳои сангини худ- шустани қолину палос, либос ва таъмири дару деворро бояд пеш аз ин моҳ анҷом медиҳанд.

Зимнан, бар пояи омори расмӣ ҳар сокини дувуми Тоҷикистон ва ё 51 дарсади аҳолӣ ба оби пок дастрасӣ надоранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки 60 дарсади захираи оби минтақа дар Тоҷикистон ҷойгир аст. Мушкили дастрасӣ ба оби пок барои мардуми Тоҷикистон мақоли «об дар кӯзаву мо ташналабон мегардем»-ро мемонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG