Пайвандҳои дастрасӣ

Масъулин мегўянд, чашмасори Ҷангалбошии Кӯлоб дигар манбаъи паҳн шудани бемориҳои сироятӣ нест.

Оби нўшокӣ ба аксари сокинони Кўлоб аз ин мавзеъ расонида мешавад.
Дар ин мавзеъ, ки 7 километр дуртар аз шаҳри Кўлоб ҷойгир аст, беш аз 50 чашмаи табиӣ мавҷуд аст, ки то кунун болояшон боз буд ва масъулини соҳаи тандурустӣ паҳн шудани бемориҳои сироятӣ дар шаҳрро ба ин вобаста медонистанд.




Сафар Мардонов, сармуҳандиси Идораи обрасонии Кўлоб мегўяд, бо сарфи наздики 500 ҳазор долари амрикоӣ Бонки ҷаҳонии Рушд беш аз 400 метр нақб сохтааст, ки он чашмаҳоро то расидан а қубури асосӣ зери замин нигаҳ медорад. Ба гуфтаи Мардонов, ин нақбҳо обро аз олудашавӣ эмин нигаҳ медорад: «Агар боронгарӣ мешуд ва ё хоку чанг мешуд, мо дигар ба шаҳр об интиқол дода наметавонистем, зеро об олуда мешуд. Пас аз боронгариву хоку чанг мо ба сокинон об медодем. Ҳозир дигар ин мушкил бартараф шуд ва мо ҳамавақт ба сокинони шаҳр об интиқол медиҳем.»

Нақб сохтани болои чашмаҳои мавзеи Ҷангалбошии Кўлоб дар ҳолест, ки паҳн шудани бемориҳои сироятӣ дар ин шаҳрро ба оби нўшокӣ марбут медонистанд. Сафаралӣ Раҷабмадов, собиқ мудири Шўъбаи тандурустии шаҳри Кўлоб мегўяд, охири солҳои навадум сокинони Кўлоб сартосарӣ ба бемории домана гирифтор шуда буданд. Ў мегўяд, ҳатто дар беморхонаҳо ҷой барои бистарии сокинон боқӣ намонда буд ва даҳҳо нафар дар пайи ин беморӣ ҷони худро аз даст дода буданд, ки омили аслиаш нўшидани оби нопок буд. Ҷаноби Раҷабмадов мегўяд, бовар дорад, ки бо сохтани чунин нақб ва таъмири қубурҳои кафидаи шаҳр, хатари паҳн шудани бемориҳои сироятӣ аз байн меравад.

Вай афзуд: «Агар ҳамаи қубурҳо пурра таъмир шаванд ва садамаҳо зуд бартараф шавад, хатари паҳншавии бемориҳои сироятӣ пурра аз байн меравад. Лекин ягон садамае боз пайдо шавад, ки ба оби нўшокӣ пайваст шавад, аз эҳтимол дур нест, ки боз хатари бемориҳои сироятӣ пайдо шавад.»

Аммо бо вуҷуде, ки оби Кӯлоб ба гуфтаи масъулин безарар шудааст, аммо сокинон ҳанўз ҳам аз нарасидани он шикоят доранд. Ин дар ҳолест, ки барои таҷдиди қубурҳои обрасонӣ бо кўмаки бонки Ҷаҳони Рушд беш аз 4 миллион доллар тайи панҷ соли ахир сарф шудааст, вале то ҳанўз мушкили таъмини об ба сокинон боқӣ мондааст. Садафмоҳ Ҷабборова, як сокини Кўлоб мегўяд, бо фаро расидани фасли гармо дигар интиқоли об ба хонаҳои онҳо қатъ мешавад.

«Гоҳ меояд ва гоҳе ду се рўз намеояд. Аз масофаи ду-се километр роҳ бо кўдакон об мекашем. Ҳар сол ҳамин аҳвол аст, ҳеҷ нест, ки дар тобистон соҳиби об шавем. Кўдакон аз ҳама зиёдтар азоб доранд.»

Аҳолии дохили шаҳри Кўлоб, ки ба беш аз сад ҳазор мерасад, ба 70 ҳазор кубометр об ниёз дорад. Аммо ҳоло дар як шабонарўз танҳо ҳудуди сӣ ҳазор кубометр об ба шаҳр интиқол меёбад, ки аз ин миқдор танҳо 15 ҳазори он бинобар корношоям будани қубурҳои обрасон ба сокинон мерасад. Масъулин мегўянд, дар моҳҳои оянда боз як чунин нақбе дар атрофии Ҷангалбошӣ бунёд хоҳанд кард, ки ин интиқоли оби нўшокӣ ба Кўлобро бештар мекунад.

Кўлоб сеюмин калонтарин шаҳри Тоҷикистон аст, ки дар тобистон сокинонаш аз норасоии оби нўшокӣ танқисӣ мекашанд. Оби Ҷангалбошӣ ҳамчун оби нўшокӣ беҳтарин об дониста мешавад, аммо то сохтани нақб боду чанг онро олуда мекард.
XS
SM
MD
LG