Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Камбуди гази моеъ дар пойтахт ва боло рафти нархи он ҳаракати нақлиёт дар шаҳрро ҳам нисбатан камтар карда, боиси нигаронии ронандаҳо шудааст.

Бархе аз ронандаҳои нақлиёти мусофирбар ва таксиҳо, ки аксарият аз газ ва маводи дизели ё салярка истифода мекунанд, мегӯянд, бо камчин шудани газ ва ҷаҳиши нархи он маҷбур шудаанд, муваққатан кор набароянд. Ронандаҳо мегӯянд, тақрибан як ҳафта боз дар пайдо кардани гази моеъ мушкилӣ мекашанд. Ин маводи сӯхтро ба гуфтаи онҳо, ҳоло танҳо дар чанд нуқтаи бузурги фурӯши маводи сӯхт мешавад дастрас кард.

Раҷабалӣ ронандаи мусофирбари шумораи 16 рӯзи 5 уми декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ҳозир, чанд нуқтае ҳаст, ки мешавад газ пайдо кард, ба мушкилӣ ҳамин 10 литр газ пур мекунем. Метарсем, ки рафта-рафта боз дарёфти газ мушкилтар мешавад ва нарх ҳам қимат мешавад. Бо ҳамин роҳ мо як чи -- ним чӣ ёфта зиндагиро пеш мебурдем, ин ҳолат идома кунад, мо маҷбурем дигар кор набароем ё нархи роҳкирора боло барем. Мо бо маблағи то 40 сомонӣ газ пур мекардем, аммо ҳоло ин маблағ кам аст.”

Дар ҳоли ҳозир гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши душанбе аз 3 сомону 40 дирам то се сомониву 80 -90 дирам фурӯхта мешавад. Ин ҳам дар ҳоле, ки чанд рӯзи қабл ҳар литр гази моеъ 3 сомониву 20 то 3 сомониву 40 дирам арзиш дошт. Ҷамшед як ронандаи таксӣ, кӣ имрӯз ба кор набаромада, ба таъмири мошинаш машғул шудааст, мегӯяд, бо ин вазъ

ӯ наметавонад даромад ба даст биёрад. “Ҳайронем, чаро нарх дар Тоҷикистон қимат мешавад. Дар ҷаҳон ку нефт арзон шуд. Дирӯз 10 нуқтаро дирӯз гаштам газ наёфтам. Имрӯз аслан кор накардам, намедонам чӣ гап аст. Ҳоло, ки нарх қариб то ба 4 сомон расидааст, агар кор бароем, зарар мебинем, агар нархро бардорем, мардум дигар аз таксӣ истифода намекунанд. ”

Ҳоло дар бархе аз газфурӯшиҳо навиштаҷоти "газ нест" насб шудааст ва дар нуқтаҳое ҳам, ки ҳоло гази моеъ фурӯхта мешавад, навбатпоӣ ба назар мерасад. Омили камчин шудани газ ва боло рафтани нархи онро дар нуқтаҳои хусусии фурӯши маводи сӯхт ба таври мухталиф шарҳ медиҳанд. Аксарият коҳиши содироти гази моеъ аз сӯи кишварҳои истеҳсолкунанда ва афзоиши талабот ба ин навъи маводи сӯхтро боиси пеш омадани чунин вазъ медонанд. Гурӯҳе ҳам инро кори дасти худи ширкатҳои бузурги дастраскунанда ба хотири боло бурдани нархи гази моеъ ва ба даст овардани фоидаи бештар арзёбӣ мекунанд.

Аммо дар ширкати “Фароз”, яке аз ширкатҳои бузурги дастраскунандаи маводи сӯхт, ки 40 нуқтаи фурӯши маводи сӯхтро дар ихтиёр дорад ба мо гуфтанд, ин як ҳолати маъмулии мавсимии муваққатист ва дар рӯзҳои наздик воридот дубора зиёд ва бӯҳрони гази моеъ баратараф хоҳад шуд. Ҷаҳонгир Олимов, ёрдамчии раҳбари кулли ширкати “Фароз” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, нуқтаҳои фурӯши маводи сӯхти ин ширкат ҳоло тавони таъмини нақлиёти кишвар бо газро дорад:

“Ҳоло ширкати мо 3 ҳазор тонна аз Қазоқистон ва ду ҳазор тонна аз Туркманистон ва 1000 тонна аз Русия газ харидорӣ кардааст, ки бояд мунтазам ба кишвар ворид шавад. Дар Қазоқистон, ки асосан аз ҷо газ ворид мешавад, корхонаҳои коркарди нафт ё НФЗ таъмири техникӣ доранд ва пешниҳод ҳам камтару нарх гаронтар мешавад. Ҳар сол агар таҳлил кунем, нарх аз октябр то феврал боло мераванд ва баъдан боз коҳиш меёбад, аммо мо бовар мекунонем, ки нарх аз 3 сомониву 50 дирам боло намеравад.”

Ба гуфтаи Ҷаҳонгир Олимов, газ ҳам ғолибан ба Тоҷикистон аз Русия ва Қазоқистон тариқи гузаргоҳи Амузанг, ки дар марзи Қазоқистону Узбакистон аст, ворид мешавад, аммо чанд рӯзи ахир, мақомоти Узбакистон ин гузаргоҳро масдуд кардаанд ва ба вагонҳо бандмонда иҷозаи вудур намедиҳанд. Яке аз омилҳои камбуди газ дар фурӯшгоҳҳои сӯзишвории Тоҷикистон ҳам ин будааст. Узбакистон сабаби банд мондани вагонҳо дар марзашро маъмулан шарҳ намедиҳад.

Саймуддин Дӯстов

Саймуддин Дӯстов

Саймуддин Дӯстов, сардабири нашрияи “Нигоҳ”- ки ин мавзӯъро пайгирӣ кардааст, мегӯяд, вазъе, ки имрӯз дар бозори маводи сӯхт пеш омадааст, натиҷаи бемасъулиятии як гурӯҳ аз масъулини ҳукумати кишвар ва бозиҳои бархе аз ширкатҳои дастраскунандаи гази моеъ аст. Ба гуфтаи ӯ, новобаста ба таъкиди раиси ҷумҳур, вазоратҳои масъул ҳеҷ коре барои таъмин истиқлолияти энержӣ дар бахши маҳсулоти нафтӣ накарданд ва барномаи мушаххаси зиддибӯҳронӣ ҳам надоранд:

“Имрӯз ширкати "Газпромнефт" ва "Фароз" бо ҳам муносибатҳои стротегӣ дошта, олигополияе ба вуҷуд овардаанд, ки он таъинкунандаи нарху навои маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ дар Тоҷикистон мебошанд. Имрӯз дар бозори маҳсулоти нафтии Тоҷикистон бинобар он, ки масъулин стратегӣ будани ин бахшро намефаҳманд ва аз ӯҳдаи идораи самараноки давлатии он намебароянд, тақрибан тамоми анборҳои нафтӣ ба ширкатҳои “Газпромнефт”-и Тоҷикистон тааллуқ дошта, чакканафурӯшӣ дар ихтиёри ин ширкат қарор гирифтааст. Бозиҳои Русия ва “Газпромнефт” ба чунин натиҷа расонидааст, ки аз 1 миллиони тақрибан ваъдашудаи маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон, ними он ворид нашудааст ва болоравии қимати газ ба тамоми нарху навои маҳсулоти ниёзи мардум таъсир хоҳад расонд. Дар 3 моҳи наздик шоҳиди он хоҳем буд, ки нархи як кило гӯшт беш аз 50 сомонӣ рафта, кӯшиши боло бурдани қимати роҳкиро дар нақлиёти ҷамъияти низ мушоҳида хоҳад шуд.”

Камёфт шудани гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯхт ва ҷаҳиши нархи он дар ҳолест, ки тайи чанд соли ахир шумори корбарони гази моеъ дар Тоҷикистон ба маротиб афзоиш ёфтааст. Ба далели гаронии нархи бензин, аксарият талош доранд ё мошини бо газ ҳаракаткунанда бихаранд ва ё дар мошини худ дастгоҳи махсуси истифода аз газро насб кунанд. Гази моеъ ба Тоҷикистон ғолибан аз Қазоқистон ворид мешудааст. Дар ҳоле, ки қимати як бушка нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ аз 70 ба поён рафтааст, аммо ин коҳиш ба бозори масрафи нафт дар Тоҷикистон бетаъсир мондааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG