Пайвандҳои дастрасӣ

Таърихи мухтасари Ҳизби Сотсиалисти Тоҷикистон


Соли 1996 дар шимоли Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд муассисони Ҳизби Сотсиалистӣ нахустин анҷумани ҳизбро баргузор ва ҳуқуқушинос Моҳиниссо Ҳорисоваро раиси ҳизб интихоб карданд. Моҳи августи ҳамин сол ҳизб дар вазорати адлияи кишвар сабти ном шуд ва расман дар паҳлӯи аҳзоби дигар, Ҳизби Халқӣ-Демократӣ ва Коммунистӣ ба фаъолият пардохт. Аммо созмондиҳандаи аслии ин ҳизб яке аз чеҳраҳои маъруфи сиёсии Тоҷикистон дар он солҳо ҳуқуқушинос Сафаралӣ Кенҷаев буд. Сафаралӣ Кенҷаев дар солҳои ҷанги дохилӣ яке аз лидерони Ҷабҳаи Халқӣ ба шумор мерафт ва дар роҳи ба сари қудрат овардани ҳукумати Раҳмонов талош кардааст.

Соли 1996 дар дуввумин анҷумани ҳизб Сафаралӣ Кенҷаев, ки раиси кумитаи қонунгузори Маҷлиси Олӣ буд раҳбари ҳизб интихоб шуд. Дар атрофи Сафаралӣ Кенҷаев сиёсатшиносон, донишмандон ва намояндагони қишри миёнаҳол гирд омада буданд. Мудири Кумитаи ҳуқуқии ҳизб дар он вақт Мирҳусайн Назриев роҷеъ ба ҳадафи сотсиалистҳо мегӯяд: "Бо назардошти он ки бар асари ҷанги шаҳрвандӣ, кишвар аллакай ба як марҳилаи гурӯҳбозӣ ворид шуда буд, ҳадафи аслии ҳизб пеш аз ҳама муттаҳид кардани мардуми кишвар буд. Танҳо муттаҳидӣ метавонист, як заминаи мусоидеро барои рафъи бӯҳронҳои шадиди кишвар фароҳам биёрад."

Тибқи барномаи ҳизб, мебоист раиси он Сафаралӣ Кенҷаев дар нахустин интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон бо Эмомалӣ Раҳмонов рақобат мекард. Вале дар остонаи интихобот Сафаралӣ Кенҷаев аз тарафи афроди мусаллаҳ ба қатл расид ва то ҳол парвандаи куштори ӯ ҳамчунон пӯшида аст. Марги Сафаралӣ Кенҷаев як зарбаи сангине буд ба Ҳизби Сотсиалистӣ. Чеҳраҳои саршиноси ҳизб ба монанди Назрулло Дӯстов аз кишвар фирор карданд ва то кунун дар хориҷ ба сар мебаранд.

Гузашта аз ин дар баданаи ҳизб шикоф пайдо шуд ва профессор Қурбон Восиев ҳамроҳ бо Абдуҳалим Ғаффоров -устоди Донишгоҳи Ҳунарҳои Зебои Тоҷикистон бо ҷонибдорорни фарзанди Кенҷаев, Шералӣ Кенҷаев ба мухолифат бархостанд. Пас аз марги Сафаралӣ Кенҷаев ду моҳ Қурбон Восиев иҷрокунандаи вазифаи раиси ҳизб буд. Ба нишони нобоварӣ ба Қурбон Восиев тарафдорони писари Кенҷаев дар шимоли кишвар соли 2000- ум анҷуман баргузор намуда, Шералӣ Кенҷаевро раис интихоб карданд.

Шералӣ Кенҷаев давраи кӯтоҳе дар ин вазифа буд ва баъд бародари Сафаралӣ Кенҷаев, Раҷабалӣ Кенҷаев сарвари ҳизб интихоб шуд. Он замон омодагӣ ба интихоботи порлумони нави Тоҷикистон идома дошт, аммо Ҳизби Сотсиалистӣ бо нобасомониҳои дохили худ натавонист дар порлумон соҳиби курсӣ шавад. Дар соли 1994 Раҷабалӣ Кенҷаев аз вазифаи раисии ин ҳизб истеъфо дод ва дар моҳи августи ҳамин сол Мирҳусайн Нарзиев яке аз чеҳраҳои фаъоли ҳизб раис интихоб шуд. Оқои Назриев дар мавқеи мухолифати созанда бо ҳукумат қарор гирифт ва кӯшиш кард, то нуфузи аз дастрафтаи ҳизбро баргардонад ва бори нахуст ҳизб дар минтақаи Кӯлоб бахши худро созмон дод. Ӯ мегӯяд, дар чордаҳ ноҳияи вилояти Хатлон шӯъбаҳои аввалияи ҳизбро таъсис додааст.

Ҳизби Сотсиалистӣ таҳти сарварии Мирҳусайн Назриев тирамоҳи соли 2004 ба Эътилофи аҳзоби сиёсӣ ба хотири интихоботи шаффоф пайваст, ки дар он Ҳизби Наҳзати Исломӣ, Ҳизби Сотсиал-Демократ ва Ҳизби Демократ шомиланд. Аммо дар остонаи интихоботи порлумонии қарибувуқӯъ тарафдорони Қурбон Восиев - мушовири раиси ҷумҳур оид ба масоили фарҳанг ва Абдуҳалим Ғаффоров анҷуман баргузор намуда, ба ҳайси вориси аслии ҳизб асноди лозимаро барои сабт ба вазорати адлия пешниҳод карданд. Ва вазорати адлия расман Абдуҳалим Ғаффоровро раиси Ҳизби Сотсиалистӣ шинохт. Аммо Мирҳусайн Назриев амали вазорати адлияро дахолати ҳукумат ба кори дохилии ҳизб номида гуфт, ҳукумат мехоҳад, сотсиалистҳоро таҳти нуфузи худ қарор диҳад.

Ҳамин тавр 19-уми январ ҳар ду шохаи Ҳизби Сотсиалистӣ анҷуманҳои худ ҷиҳати пешниҳоди номзадҳо ба порлумонро баргузор карданд. Аммо Комиссияи марказии интихобот феҳрасти ҷиноҳи оқои Назриевро напазируфт, ва акнун шохаи таҳти сарварии Абдуҳалим Ғаффоров бо 6 номзад барои роҳ ёфтан ба Маҷлиси Намояндагон мубориза дорад. Чеҳраҳои шинохта дар миёни номзадҳои он профессор Қурбон Восеъ ва худи Абдуҳалим Ғаффоров мебошанд. Абдуҳалим Ғаффоров мегӯяд, имкон дорад, ду нафар номзади сотсиалистҳо ба порлумон роҳ ёбад. Ҳадафи аслии сотсиалистҳо эҷоди як ҷомеи иҷтимоӣ ва шаҳрвандӣ дар кишвар будааст.
XS
SM
MD
LG