Пайвандҳои дастрасӣ

Соҳибони чанд дукону ошхона дар маҳаллаи маъруф ба “Водонасос”-и Душанберо, ки дар асоси нақшаи нави роҳсозӣ дар ин маҳал бардошта мешаванд, норӯшан мондани масъалаи ҷуброни зарари расида, нигарон кардааст.

Норӯшан мондани масъалаи ҷуброни зарари расида, соҳибмулкон дар маҳаллаи "Водонасос"-и пойтахро, ки бар асоси нақшаи роҳсозӣ дар ин маҳал, чанд дукону ошхонаи мутааллиқ ба онҳо бардошта мешавад, нигарон сохтааст.

Дар ин бинои тахрибшуда дар майдони Сарҳадчиёни кӯчаи Гагарин чанде пеш ошхона буд ва дар он 10 нафар кор мекард. Соҳибкор Нурулло Саъдуллоев мегӯяд, ки ӯ ин нуқтаро соли 1999 дар як музояда бо маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ харидорӣ карда буд: “77 квадрат замин буд. Дар ин ҷо ошхона буд, бар буд, самбусахона буд, ҳамааш торумор шуд. Дар ин ҷо чанд нафаре кор мекард, ки ҳозир пуле надоранд зиндагии худро пеш баранд. Маро як рӯз пеш гуфтанд, ки бояд бино бардошта шавад, вале то омадам, аллакай нисфаш тахриб шуда буд.”

Ба иддаои ин соҳибкор, ки падари 10 фарзанд аст, ӯ тамоми санадҳои зарурии моликият ва фаъолиятро дорад ва ҳоло мехоҳад ҷуброни зарари расидаашро бигирад.

Бо вуҷуди он, ки аллакай сохтмони роҳи нав дар ин майдонча шурӯъ шудааст, як мағоза то ҳанӯз кори худро қатъ накардааст. Соҳибони ин дукон мегӯянд, онҳо қарори расмиеро барои бардоштани дӯконҳои худ ба даст нагирифтаанд ва касе ҳам барояшон ваъдаи баргардонидани ҷубронпулӣ намедиҳад.

Соҳиби ин мағоза Ғуломов Ҳабиб мегӯяд.“Мо аз соли 2002 дар ин ҷо ба ҳайси мудири мағоза кор мекунам. Ин ҷо дорухона, мағозаи хӯрокворӣ ва сабзавотфурӯшӣ доштем. Шаш моҳ пеш аз ҳукумати ноҳия одам омад, гуфтанд бояд бардошта шавед. Гуфтем, мо тарафдор. Баъдан аз кумитаи амвол омада нархи нуқтаи моро 1 миллиону 301 ҳазору 797 сомон нархгузорӣ карданд. Баъд аз кумитаи замину прокурату омаданд. То ҳол ягон қарор нест. Мо ягон ҷойи дигар надорем, чӣ кор карданамонро ҳам намедонем.”

Сохтмони роҳи зеризаминӣ дар майдони сарҳадчиёни кӯчаи Гагарин дар моҳи ноябри соли гузашта шурӯъ шудааст ва ба гуфтаи масъулини муассисаи давлатии раёсати сохтмону азнавсозӣ ва таъмири роҳҳои ҳудуди шаҳри Душанбе, дар ин мавзеъ 8 нуқтаи савдо фаъолият мекард, ки 7- тои он бо ташаббуси худи соҳибмулконашон барои сохтмони роҳи нав тахриб шуданд.

Фаррух Ҷалилов, сармутахасисси шӯъбаи сохтмон ва таъмири роҳҳои муассисаи давлатии раёсати сохтмону азнавсозии роҳҳо дар шаҳри Душанбе мегӯяд, “дар сурате, ки як иншоот дар вақти васеъ кардани роҳ ба нақша ворид шавад ва он дар асоси қонунҳои амалкунанда сохта шуда бошанд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи давлатӣ ҷуброни зарар пардохт мешавад. Аммо дуконҳои кӯчаи Гагарин бо ташаббуси худи соҳибкорон бартараф карда шудаанд.”

Ин масъул мегӯяд, аз ҷониби соҳибкорон то имрӯз ба ин ширкат ягон шикоят ворид нашудааст. Роҳи нав дар майдони сарҳадчиёни кӯчаи Гагарин ё маҳалли маъруф бо “Водонасос” бояд то охири соли равон сохта шавад. Тибқи тарҳи нав дар ин мавзеъ гузаргоҳи зеризаминӣ ва таваққуфгоҳи мошинҳо сохта мешавад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG