Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор қурбонии тирандозӣ дар як мактаби Конодо


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Бар асари тирадозии як марди мусаллаҳ ба як мактаб дар Конодо, чаҳор нафар кушта шуда ва ду тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Дар ҳамлаи як шахси мусаллаҳ дар мактаби шаҳраки Ла-Лоши аёлати Саскачевани Конодо 4 нафар ба қатл расидаанд. Дар ин бора пулиси ин кишвар хабар дод.

Аммо Ҷастин Трудо-нахуствазири Конодо, ки дар ҳамоиши иқтисодии ҷаҳонӣ дар Давоси Шветсария ширкат дорад, 23 январ ба рӯзноманигорон гуфт, ки ин тирандозӣ дар мактабе анҷом гирифтааст, ки дар он ҷо фарзандони аҳолии бумӣ таҳсил мекунанд ва 5 нафар дар он ҷо кушта шудаанд.

Оқои Трудо афзуд, ки “имрӯз қалби мардуми кишвари мо барои мардуми Ла-Лоши Саскачеван реш аст. Дар он ҷо тирандозӣ шудааст, 5 нафар ба ҳалокат расидаанд. Вазъи саломатии ду нафари дигар вазнин аст. Ба бесарусомонӣ хотима гузоштаанд. Тирандози эҳтимолӣ ҳам боздошт шудааст”.

Ин тирандози эҳтимолиро 22 январ баъд аз ҳодиса боздошт кардаанд. Хонум Морин Левӣ, раҳбари пулиси Конодо дар нишасти хабарие гуфт, соати 1:47 дақиқаи баъд аз зуҳр ҳамлакунанда дар наздикии мактаб боздошт ва силоҳи оташфишони дасти вай безарар гардонида шуд.

Дар нахустин соатҳои фоҷеа дар гузориршҳои аввалия шумораи кушташудагонро 5 нафар нишон медоданд. Вале баъдтар Морин Левӣ дар нишасти хабарӣ таъкид кард, ки шумораи кушташудагон 4 нафар будааст.

Хонум Левӣ гуфт, ки пулис ҳуввияти кушташудагонро ошкор нахоҳад кард, зеро расидагӣ ба ин ҳамла ҳамоно идома дорад. Бар иловаи шахсоне, ки маргашон таъйид шудааст, чанд нафари дигар низ дар ин тирандозӣ ҷароҳат бардоштаанд. Левӣ гуфт, чӣ гунагии ҷароҳати онҳо номаълум боқӣ мемонад.

Конодо нисбат ба Амрико қонунҳои шадидтаре барои истифода аз силоҳи оташзо дорад ва тирандозиву кушторҳои гурӯҳӣ дар ин кишвар хеле кам иттифоқ меафтад. Охирин куштори ваҳшатнок дар тирандозие дар соли 1989 рух дода буд ва он вақт 14 донишҷӯи Коллеҷи политехникии Монреал ба қатл расида буданд.

Ҷастин Трудо дар нишасти хабарии Давос ба рӯзноманигорон гуфт, ин душвортарин вақт барои падару модари қурбониён аст: “Ман мехоҳам ба ононе, ки пеш аз дигарон моҳирона ва бо ҷасорат ба ин ҳодиса посух доданд, изҳори сипос намоям. Мо ҳама дар ин рӯзи фоҷеаи ваҳшатбор бо онҳо мусибат дорем, бо мардуми Ла-Лоши вилояти Саскачеван”.

Тақрибан соати яки баъд аз зуҳр ҷавоне дар мактаб ба сӯи шогирдону омӯзгорон аз силоҳ оташ кушодааст. Дар мактаб тақрибан 900 нафар аз синфи як то синфи 12 дар ду бино дарс мехонданд. То ҳол ошкор накардаанд, ки оё дар байни кушташудагон кормандони мактаб ва донишомӯзон низ ҳастанд ё хайр.

Ноэл Десҷарлейс, шогирди синфи 10 ин мактаб ба шабакаи хабарии CBC News -и Конодо гуфтааст: “Ман ба беруни мактаб давидам. Дар он ҷо доду фарёд зиёд буд. То берун омадани ман 6-7 бори дигар садои тирандозӣ шунида шуд. Ман бовар дорам, ки чанд бори дигар ҳам тирандозӣ сурат гирифт.”

CBC News аз номи як ҳамшираи тиббии бемористони маҳаллӣ гуфт, ки чанд нафар дар ин бемористон аз захми тир муолиҷа мегиранд. Дейл Вест, сухангӯи Киветин Ятл-яке аз бемористонҳои муътабари Конодо мегӯяд, ки ба бемористони ин маҳал пизишкони изофӣ фиристода шудаанд, то мизоҷонро муолиҷа кунанд.

XS
SM
MD
LG