Пайвандҳои дастрасӣ

Як кушта ва як захмӣ. Тирпарронӣ байни сарбозони "Пантера"


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Як сарбози нирӯзҳои вижаи Горди миллии Қирғизистон ду сержанти ин  қисми низомиро паррондааст. Яке аз онҳо кушта шуда, дувумӣ дар вазъи сангин қарор дорад.

Тақрибан соати чори субҳи 28 декабр сарбози посбон дар қисми низомии 71-уми Горди миллии Қирғизистон, ки дар он нирӯҳои вижа (спецназ), мавсум ба “Пантера” хидмат мекунанд, ду ҳамхидмати худро паррондааст. Дар натиҷа яке аз онҳо кушта шуда, нафари дувум дар ҳолати вазнин дар бемористон қарор дорад.

Таъоло Мирзобоев, раҳбари раёсати корҳои тарбиявии Горди миллии Қирғизистон ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, сарбози посбон зоҳиран маҷбур ба истифода силоҳ шудааст: “Ду сержанти қисми низомии 714 ба сарбози мусаллаҳе, ки дар посгоҳ истода буд, ҳамла кардаанд. Вай маҷбур шудааст, тир кушояд. Дар натиҷа сержант Асилбек Азамат уулу соати ҳафти субҳ дар бемористони рақами 4 даргузашт. Дувумиро, ки тир хӯрда буд, ҷарроҳӣ карда, аз баданаш ду тирро берун кашидаанд. Ӯ ҳоло дар вазнинхона қарор дорад.”

Сарбозе, ки ду ҳамхидматашро паррон, Аскар Мекин уулу ном ва 19 сол дорад. Ӯ дар донишгоҳ мехонд, вале рухсатии академикӣ гирифта, се моҳ пеш ба хидмати артиш омад.

Аз сержантҳое, ки тир хӯрданд, Асилбек Азамат уулу қарордодӣ буд. Ӯ баъди хатми хидмати ҳатмӣ дар ин қисми низомӣ монд ва мураббии гуштии самбои ҷангӣ буд. Сержанти дувум Маърипов ҳамагӣ 19 сол дорад.

Қазияро додситонии низомии гарнизони Бишкек таҳқиқ мекунад. Мақомот мегӯянд, ҳанӯз гуфта наметавонанд, ки чӣ боиси тирпарронӣ дар байни сарбозони нирӯҳои вижа шудааст?

Фармондеҳии қисми низомии 714 низ аз шаҳри ҳодиса худдорӣ мекунад. Вале Улан, як нафаре ки дар гузашта дар ҳамин қисми низомӣ хидмат кардааст, ба Озодӣ гуфт, шароити хидмат дар онҷо олист ва шояд он сарбоз дар пайи ягон баҳси лафзӣ ва шунидани ягон ҳарфҳои таҳқиромез ба қаҳр омада, даст ба силоҳ бурда бошад: “Шояд ӯро ҳарфҳои бад зада бошанд. Шарафаш барои мард чизи хеле муҳим аст ва ӯ метавонад барои ҳифзи шарафи худ даст ба ҳар кор занад.”

Генерали нирӯҳои амниятӣ Артур Медетбеков гуфт, тибқи Ойинномаи артиш, посбон ҳақ дорад, ҳар касеро ки ба посгоҳ наздик мешавад ва ҳушдорҳои ӯро сарфи назар мекунад, бипаронад. Вале ба бовари ӯ, тирпарронӣ дар “Пантера” метавонад ангезаҳои дигар ҳам дошта бошад: “Дар сафи нирӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон “дедовшина” то ҳол ҳаст. Шояд онҳо дар ин рӯзҳои пеш аз ид маст буданд ва аз қабл байни онҳо ягон низоъ буд. Шояд онҳо мехостанд бартарии худро нишон диҳанд ва сарбозро бо аъмоли худ ба ғазаб оварданд. Ба ҳаде ки зиддашон тир кушояд.”

Ин нахустин мавриди тирпарронӣ байни сарбозон дар сафи нирӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон нест. Пурсарусадотарин чунин маврид дар ноҳияи Иссиқкӯл рух дода буд. Сарбози нирӯҳои марзбонӣ Балбой Кулбарак уулу дар посгоҳи Эчкили-Тош дар ноҳияи Оқсӯ якбора 4 ҳамхидматаш ва ҳамсари яке аз онҳоро парронда буд. Худи ин сарбоз дар ҷараёни амалиёти боздошташ кушта шуд ва сирри ин моҷароро бо худ ба зери хок бурд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG