Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раиси Бадахшон: "Хоруғ дар умум ором аст, аммо..."


Шодихон Ҷамшед

Шодихон Ҷамшед

​Раиси вилояти Бадахшон бо ишора ба "нофаҳмӣ" миёни ҷавонони Хоруғу мақомоти қудратӣ аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ хостааст, барои оромии комили минтақа даст рӯи дасти ҳам гузоранд.

Шодихон Ҷамшед, раиси вилояти Бадахшон, бо 40 намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дидору гуфтугӯ карда, масъалаи суботу оромии комил дар ин минтақа, бахусус шаҳри Хоруғро, дар миён гузоштааст. Оҷонсии маҳаллии “Импулс” рӯзи 12 январ навишт, оқои Ҷамшед дар ин мулоқот гуфтааст, агарчӣ Хоруғ, маркази Бадахшон, дар умум ором аст, аммо ҳанӯз хилофкориҳое ба мушоҳида мерасанд, ки аксари иҷрогаронаш ҷавононанд.

Шодихон Ҷамшед барои мисол гуфтааст, дар рейди кормандони Бозрасии Давлатии Автомобилӣ (ГАИ), ки рӯзҳои охир гузаронда шуд, аксари вайронкунандагони тартибу низом миёни ронандагон ҷавонон будаанд. “Ҳанӯз ҳам байни ҷавонон ва ниҳодҳои қудратӣ нофаҳмиву низоъ ба миён меоянд ва чунин муносибат дигар сокинони Хоруғро дучори изтиробу ташвиш менамояд”,-таъкид доштааст раиси вилояти Бадахшон.

“Импулс” мегӯяд, дар ин суҳбат бо Шодихон Ҷамшед намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ -- Б.Алибахшев, Б.Бӯрибеков, Н.Додихудоева, П.Хӯҷаназаров, Т.Мусофиров, К. Шамирова низ иштирок дошта, фикру дархости худро дар бораи орому осудагӣ дар Хоруғ баён доштаанд. Раиси вилояти Бадахшон гуфтааст, то ҳадди имкон моҳе як бор бо ин намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот карда, дар масъалаҳои муҳими марбут ба минтақаашон баҳсу баррасиҳо хоҳанд дошт.

Маркази вилояти Бадахшон дар тобистони соли 2012 дар пайи қатли Абдулло Назаров, раиси идораи амнияти вилоят, дучори нооромиҳо шуда буд. Дар он сол мақомоти амниятӣ амалиётеро алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи худсар дар минтақа ба роҳ андохтанд ва бино ба гузоришҳо, дар натиҷа аз ҳарду тараф то 70 нафар кушта шуданд.

Рӯзи 21 майи соли гузашта, дар пайи як тирандозӣ дар маркази шаҳр низ эътирозу гирдиҳамоиҳо ба миён омад. Дар ҷараёни як амалиёт, ки ба гуфтаи пулис, алайҳи қочоқбарони маводи мухаддир сурат мегирифт, 3 нафар, аз ҷумла як афсари нерӯҳои махсус (ОМОН) кушта шуд ва 4 тани дигар захм бардоштанд. Баъд аз ин ҷамъе аз сокинони Хоруғ бо талаби раҳоии боздоштшудаҳо ва муҷозоти маъмурони ОМОН ба назди бинои раёсати умури дохилаи вилояти Бадахшон рехтанд ва бинои пулису додситониро оташ заданд. Дар як ҳодисаи дигар дар шаби 23-юми май дар назди бинои раёсати амнияти миллии вилояти Бадахшон боз як нафар куштаву ду тани дигар захмӣ шуданд.

Ва рӯзи 15-уми декабр низ гурӯҳе мухолифи таъсиси дафтари Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ дар Хоруғи Боло шуда, дар ин робита номи фармондеҳи пешини мухолифон Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров садо дод, ки кумита ӯро дар маҷрӯҳ кардани як корманди худ муттаҳам медонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG