Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шодӣ Шабдолов: "Касе даҳони моро набастааст"


Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, мегӯяд, ки дар анҷумани моҳи июл дигарбора номзадии худро ба мақоми раҳбари ин ҳизб пешбарӣ хоҳад кард.

Анҷумани ҳисоботии коммунистҳои Тоҷикистон рӯзи 9 июл дар Душанбе баргузор хоҳад шуд ва қарор аст, дар ин ҷамъомад масъалаи интихоби раҳбари нави ҳизб низ дар миён гузошта шавад. Шодӣ Шабдолов, раҳбари феълии ҳизб, рӯзи 23 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ин навбат ҳам номзадии хешро пешниҳод хоҳад кард ва дар сурати ба даст овардани раъйи зарурӣ, фаъолияташро идома хоҳад дод.

Анҷумани навбатии Ҳизби коммунист дар ҳоле баргузор мешавад, ки баъди интихоботи порлумонӣ ва аз курсиҳои палатаи поёнии Маҷлиси намояндагон маҳрум шудани намояндаҳои ҳизб, фаъолияти он камранг шуда, раҳбари ҳизб низ дар саҳнаи сиёсӣ кампайдо буд.

Шодӣ Шабдолов мегӯяд, бо маҳрум шудан аз минбар дар порлумон фаъолияти Ҳизби коммунист аслан тағйир наёфтааст ва онҳо ҳамоно фаъоланд. Шабдолов меафзояд, онҳо ҳанӯз дар мавқеи худ устуворанд ва дар баробари ҳама гуна мавзӯъ ва масоил метавонанд ошкор назари худро баён кунанд: “Касе даҳони моро набастааст. Шахсан маро касе таҳдид ҳам накардааст, ки президент ё ҳукуматро танқид накун. Пеши мардум меравем ва мегӯем, ки ин кор дуруст аст ба ҳамин самт меравем ва инаш нодуруст асту бояд ислоҳ кард. Яъне фаъолияти мо тағйир намеёбад. Мо хоҳ дар порлумон бошем ё набошем, фаъолиятро идома медиҳем. Порлумон барои мо, ба гуфтаи Ленин, фақат як минбар буд.”

Шодӣ Шабдолов: "Номзадиамро дигарбора хоҳам гузошт"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00

Шодӣ Шабдолов мегӯяд, минбарро дар порлумон онҳо воқеъбинона ва ба манфиат истифода бурда, тӯли чанд сол ба ҳайси вакил ба таври ошкору озод дар робита ба ҳар мавзӯъ мавқеи худро рӯшан мегуфтанд. “Озод интиқод мекардем ва ҳамчунин ҳар чизе, ки хуб буд, ҳатман аз он ҷонибддорӣ мекардем. Ҳоло ин минбарро аз даст додем. Албатта, бо айби худ не. Баъзе иғвогарҳо дар байн пайдо шуданду моро берун кашиданд.”

Бо ин ҳам мегӯяд, раиси ҲКТ, ҳоло сафи аъзои ҳизб аз ҳисобу занону ҷавонони то 30-сола зиёд мешавад ва намояндагиҳои ҳизб дар ҳама ноҳияву минтақаҳои кишвар ба таври маъмулӣ фаъолияти худро идома медиҳанд. “Мо фаъолияти худро ягон зарра кам не, баръакс, фаъолтар мекунем. Ҳоло худам ҳам ба шаҳру ноҳияҳо сафар дорам, нафақагирони ҳизбро хабар мегирем,” – афзуд ӯ.

Шабдолов бо ёдоварӣ аз як эътирози Ҳизби коммунист дар порлумон дар робита ба ислоҳоти иқтисодӣ гуфт, президент бояд ба назару пешниҳоди мухолифон ҳам гӯш диҳад: “Мо мухолифи шахсияти президент нестем, мо мухолифи ислоҳоти иқтисодие ҳастем, ки ба зарари мардуманд. Мо чоплусона зинда бод намегӯем ва рӯирост мегӯем, пешниҳоди худро. Қабул кард хуб, қабул накард ба оянда умед мебандем. Мо як эътироз доштем. Самти ислоҳоти иқтисодиро, як бахши бисёр муҳимашро ҷонибдор набудем. Яъне мо гуфтем он корхонаҳои соҳаи энергетика, инҳисороти табииро даст назанед, ки агар хароб шуд дигар давлат имкон надорад, то зиндагии миёнаҳолу камбағалро хуб кунад. Пешгӯиҳои мо шуд. Бисёр соҳаҳо муфлис шуд, ҳама хусусӣ шуданд. Яъне самти ислоҳот чандон дуруст нест.”

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, панҷ навбат вакили порлумон буда, аммо дар интихоботи моҳи марти соли гузашта натавонист вориди Маҷлиси Намояндагон бишавад. Шабдолов аз шеваи баргузории ин интихобот шадидан норозигӣ карда, чанд муддат дар саҳнаи сиёсии кишвар кампайдо буд, вале дар суҳбат бо хабаригорони Озодӣ гуфт, ки ӯ ба кораш идома медиҳад ва барномаҳояш дар пешанд.

Зимнан, Ҳизби коммунист дар ҳудуди 37 ҳазор узв дорад. Ин дар ҳолест, ки то интихоботи порлумонии соли 2015 теъдоди аъзои ин ҳизб ба 45 ҳазор нафар мерасид. Коммунистон дар гузашта аз ҳизбҳои порлумонӣ маҳсуб меёфтанд, аммо дар интихоботи порлумонии 1 марти соли 2015 ба далели ба даст наовардани раъйи лозим натавонистанд соҳиби курсӣ дар порлумон шаванд.

XS
SM
MD
LG