Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Орзуи Шодӣ (ВИДЕО)


Шодии 18-сола дар яке аз кӯчаҳои Душанбе квас мефурӯшад, вале дар дил орзуи баландтаре дорад – ҳунарманд шудан ва овозхонӣ дар саҳнаҳои бузург.

Шодии 18-сола дар яке аз кӯчаҳои Душанбе квас мефурӯшад, вале дар дил орзуи баландтаре дорад – ҳунарманд шудан ва овозхонӣ дар саҳнаҳои бузург. Аммо ҳанӯ ки ин орзу дасташ надодааст, Шодӣ гоҳ-гоҳе дар назди муштариёнаш тарона мехонад ва ғубори дилашро то ҷое бо ҳамин мебарорад.

Шодӣ маъюби гурӯҳ 2-юм аст. Тавре худаш мегӯяд, дар хурдӣ ба бемории фалаҷи кӯдак гирифтор шудааст ва чашмаш ҳам дигар хуб намебинад. Шодӣ Дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки падараш савдогари майдафурӯш ва модараш хонашин аст. Зиндагиашон оддист ва кори ӯ низ дар буҷаи оилаашон саҳме мешавад.

Дар ҳоле ки хамсолони Шодӣ саргарми бозиҳои компютерӣ ва сурудҳои репанд, ин ҷавон ҳаводори сурудҳои классикист ва ба забони модариаш эҳтироми хоссае дорад Шодӣ ҳам дар хона ва ҳам дар кӯча бо як забони шевои адабӣ ҳарф мезанад. Шуғли дигари ӯ тоза кардани атроф аз партовҳост, яъне «Гринпис»-и тоҷикӣ дар симои як нафар.

Шодӣ имсол мактаби миёнаро хатм карду барои дохил шудан ба мактаби олӣ омодагӣ мебинад. Шодӣ мегӯяд, бузургтарин орзуяш ҳунарманд шудан аст ва сарпарасте мехоҳад, ки ӯро дар ин роҳ дастгирӣ кунад. Ҳунарнамоиӣ дар саҳнаҳои калони консертӣ ва муаррифии санъати тоҷик ба чаҳониён аз маъниҳое ҳастанд, ки Шодӣ ҳар рӯз дар бораашон фикр мекунад. Аммо дар ҳоли ҳозир, ки ҳама фақат дар орзуҳои Шодӣ мечарханд, ин ҷавони 18-сола бо умеди расидан ба чунин як рӯз дар назди дӯкони квасфурӯшиаш сурудхои ҳунарманди зиндаёд Зафари Нозимро замзама мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG