Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Максим Шевченко: Дар марги Умаралӣ ҳар яки мо гунаҳгорем


Журналист, узви Шӯрои ҳуқуқи башар ва масоили байни миллатҳои назди президенти Русия дар як сӯҳбат бо радиои Озодӣ марги Умарали Назарови панҷмоҳаро шадидан маҳкум кард.

Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар шароити мармуз тифли панҷмоҳаи тоҷик Умаралӣ Назаров даргузашт. Ин кӯдак рӯзе баъд аз он ҷон дод, ки модарашро бо гуноҳи нақзи муқаррароти муҳоҷират боздошт ва ба идораи полис оварданд. Тифлро аз модар ҷудо карда, рӯзи дигар барояш хабари марги Умаралиро расониданд. Баъди ба қазия ҷалб шудани Вазорати умури хориҷаи Русия ва Омбудсмени кӯдакон Павел Астахов, Кумитаи тафтишоти Русия аз рӯи моддаи "бо сабаби беэътиноӣ ба ҳолати марг расонидан" парванда боз кард. Таҳқиқ шурӯъ шудааст, вале бисёриҳо ба мунсифона баррасӣ шудани ин қазия шубҳа доранд.

Журналисти маъруф, узви Шӯрои ҳуқуқи башар ва Шӯрои масоили байни миллатҳои назди президенти Русия Максим Шевченко, ки аз аввалинҳо шуда қазияи марги Умаралиро дар нашрияи "Коммерсант" маҳкум кард, дар сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ гуфт, мехоҳад ҳамаи гунаҳгорони марги тифли бегуноҳ муҷозот шаванд.

Шевченко: Ин як ҳодисаи даҳшатнок аст. Ин ҳодисаи ваҳшатнок барои ман комилан рӯшан аст: он натиҷаи муносибати Русия ба муҳоҷирон

ҳамчун ба як чиз ё ҳатто кана аст. Ин амал фавқулодда ғайриинсониву золимона буд. Ин ҷо гап дар нафрат, бадбинии нажодӣ, ё мавқеи натсистӣ нест. Онҳо туф кардаанд. Барои онҳо ин одамҳо фақат як мол ҳастанд. “Фонтанка.ру” аксҳои хонаи Назаровҳоро нашр кард ва ҳоло ходимони Вазорати умури дохилӣ мехоҳанд ба мо бигӯянд, ки чӣ гуна онҳо дар шароити бад зиндагӣ мекарданд. Вале ман дидам, ки дар замин гилем буду дар девор як телевизори қимат зада шудааст. Ман ҳамин хел фаҳмидам, ки ин хона аз феҳрасти фонди хоҷагӣ берун карда шуда буд, вале дар дохили он зиндагӣ кардан мумкин буд. Барои кӯдаку модар шароити зиндагӣ хуб буд. Мо акси волидони бадбахти кӯдакро дидем. Мо мебинем, ки одамҳои хушлибосу озода ва ба фикрам мусалмон ҳастанд. Онҳо зиндагии дуруст пеш мебаранд, на бомж, на шаробӣ ва на мӯътоди маводи мухаддир ҳастанд. Яъне ин ҷо баҳонаи расмии ҷудо кардани кӯдак аз модар вуҷуд надошт. Ба ҷуз ин ки ба сарнавишти онҳо ТУФ карданд.

Радиои Озодӣ: Шумо ба ҳукумат дастрасӣ доред. Оё ният доред, ки ин масъаларо дар оянда ҳам дар сатҳи баланд ҳам матраҳ кунед?

Шевченко: Ман узви Шӯрои президент оид ба ҳуқуқи инсон ва ҳам Шӯрои масоили байни миллатҳо ҳастам. Ман ҳамчун узви ҳамин ду ниҳод назарамро баён мекунам. Ман ҳоло намедонам, ки мақомот чӣ гуна амал хоҳанд кард. Вале ман ҳаминро медонам, ки чӣ бояд кард. Бояд таҳқиқоти хеле сахту ҷиддии касбияти масъулин гузаронида шавад. Павел Астахов, омбудсмени кӯдак дар Русия рӯзи 18 октябр изҳорот пахш кард, медонам, ки додситонӣ ин қазияро таҳқиқ мекунад. Аз рӯи фаҳмиши ман, яке аз боздоштшудаҳо – амаки тифл барои кор иҷозат дошт. Мӯҳлати санадҳои зан гузашта буд. Ин иштибоҳи сахти қонунӣ набуд. Ҳатто агар ҳам ҳамин хел мешуд, ҳатто агар вай ба таври ғайриқонунӣ вориди хоки Русия мешуд... Дар зиндон ҳам аз дасти модар тифли 5-моҳаашро ба ин шева намегиранд. Ман намефаҳмам, ки асосе барои ҷудо кардани кӯдак аз дасти модар чӣ буд, ки ниҳоят бо марги ӯ анҷомид? Ҳамаи ин гапҳо дар бораи норасид таваллуд шудани тифл дурӯғи маҳз аст. Тифли норасид дар шароити бади зиндагӣ кам андар кам то панҷмоҳагӣ умр мебинад. Агар ин тифли панҷмоҳа дар Русия бо модараш зиндагӣ мекард, пас вазъи ӯ хуб буд. Вале ӯро аз дасти модар мегиранду баъди як шаб вай мемирад. Ин ҳама берун аз ақли солими инсонӣ аст. Ман бисёр мехоҳам, ки ҳама гунаҳгорони ин ҳодиса муҷозот шаванд. Ман ҳамин тавр мебинам, ки аз рӯи ин қазия кормандони умури дохилаи шӯъбаи полис ва кормандони муҳоҷират бояд ҷавоб диҳанд. Ҳамчунин бояд масъулини маркази тиббие ҳам ҷавоб диҳанд, ки кӯдак ба он ҷо интиқол ёфта буд. Ман ҳамчунин мехоҳам, ки раҳбарони ҳамаи ин муассисаҳои давлатӣ дар шаҳри Санкт-Петербург ҷавоб диҳанд, ки чаро дар хадамоти зертобеи онҳо чунин муносибати ғайриинсонӣ ба хориҷиҳо, ба тоҷикҳо вуҷуд дорад?

Радиои Озодӣ: Шумо ният надоред, ки дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳуқуқи башар ин масъаларо матраҳ кунед, то ки дар ҳалли ин масъала мусоидат шавад?

Шевченко: Шӯрои ҳуқуқи башар як органи ҷамъиятист ва мо салоҳияти боз кардани парвандаи ҷиноиро надорем. Ин масъулинро Омбудсмени кӯдак аллакай иҷро кард ва кор шурӯъ шуд. Ман ҳамчун як журналист, пеш аз ҳама, дар як нашрияи бонуфузу серхонанда назарамро чоп кардам ва медонам, ки бисёриҳо ин навиштаҳои маро хонда онро дубора нашр карданд. Вале ман аз назари ахлоқӣ ва равонӣ дар пушти хонаводаи Умаралӣ ҳастам. Ман ҳоло мехоҳам, таъзияи амиқи худро ба волидони Умаралии ғӯрамарг баён кунам. Хоҳиш мекунам, ҳамаи моро бубахшанд, чунки мо ҳама гунаҳгорем. Вақте як кӯдак мемирад, ҳама калонсолон, новобаста аз миллаташон, бояд эҳсоси гуноҳ дошта бошанд.Ин тифл аз дасти мақомдорони давлати ман ҷон дод ва гуноҳи ман дубора меафзояд - ҳам барои давлати худам ва ҳам барои амали ғайриинсоние, ки масъулин роҳ доданд. Ман ба ин назарам, ки муносибат ба муҳоҷирони корӣ бояд аз решааш дигар шавад. Онҳо набояд дигар одамони дараҷаи ду ё се арзёбӣ шаванд, ки аз дасташон ҳамту навзодро гирифтан мумкин бошад. Ҳатто агар модар ҷиноят содир карда бошад, танҳо аз рӯи муқаррароти қонун, бо ширкати органҳои назоративу сохторҳои иҷтимоӣ, дар сурати бемор, мӯътод будани модар кӯдак аз дасти модар гирифта мешавад. Ин масъаларо ман пайгирӣ хоҳам кард ва ҳама одамони солим, ки фарзанд доранд, бояд пайгирӣ кунанд. Ҳар кас бояд худро як бахше аз ин қазия эҳсос кунад.

Парвандаи марги Умаралӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:17 0:00

XS
SM
MD
LG