Пайвандҳои дастрасӣ

Раисиҷумҳури собиқи Гурҷистон Эдуард Шеварднадзе дар синни 86 аз олам чашм пӯшид. Ӯ яке аз онҳоест, ки ба "Ҷанги сард"-и тӯлонӣ байни СССР ва Ғарб нуқтаи таммат гузошт.

Раҳбари пешини Гурҷистон Эдуард Шеварднадзе рӯзи 7 июл дар синни 86 дар Тифлис аз дунё рафт.

Шеварднадзе сиёсатмадорест, ки дар тӯли чанд даҳсола собиқаи сиёсиаш чанд дафъа ба истилоҳ "пӯсти худро дигар кардааст". Ӯ аз раҳбари муштзӯри ҳизби коммунисти Гурҷистон то вазири хориҷаи ислоҳталаби СССР ва яке аз нафарҳое сабзид, ки таҳти раҳбарии Михаил Горбачёв дар даврони бозсозӣ ба "Ҷанги сард"-и хеле тӯлонӣ байни Шӯравӣ ва Ғарб нуқта гузошт. Қуллаи охирини сиёсие ки ӯ фатҳ кард, боз ҳам курсии раҳбарии Гурҷистони акнун мустақил буд ва поёни роҳи сиёсиаш - "инқилоби садбаргҳо" ва мавҷи эътирозҳое ки мисли як сел ин "аждаҳо"-и кӯҳансоли дарёи сиёсатро билохира дар поёни соли 2003, вақте алакай қариб 76 сол дошт, ба соҳил афканд.

Шеварднадзе дар ноябри соли 2003, вақте издиҳоми мардум пушти кохи раёсати ӯ гирди ҳам омада, талаби истеъфояшро мекард, бидуни онки даст ба истифодаи нирӯ бизанад, талаби ин мардумро пазируфт. Ӯ он вақт аз ҷумла гуфт: "Ман ҳоло мебинам, ки агар ман фардо аз нирӯ истифода кунам, ончӣ ки мегузарад, бидуни хун тамом нахоҳад шуд. Ман ҳеҷ гоҳ ба мардумам дурӯғ нагуфтаам ва ҳоло эълон мекунам, каи беҳтар аст, президент истеъфо диҳад, то ҳама чиз тамом шавад."

Ҳама чиз барои ӯ бо ҳамин рӯзи 23 ноябри соли 2003 тамом шуд.

Эдуард Шеварднадзе 25 январи соли 1928 дар рустои Маматии ноҳияи Ланчхутӣ дар вилояти Гурияи Ҷумҳурии вақти Закавказйе ба дунё омада, соли 1948 дар синни ҳамагӣ 20-солагӣ ба ҳизби коммунист пайваст ва баъди ин босуръат карйера кард. Ӯ вақте дар мақоми котиби аввали ҳизби коммунисти яке аз ноҳияи Тифлис кор мекард, масъалаи дар фасод даст доштани раҳбарони ҳизбии пойтахтро матраҳ кард. Дар соли 1965 ӯро ба мақоми вазири умури дохилаи Гурҷистон шинонданд ва ӯ бо ҳимояти Маскав маъракаи зидди фасодро идома дода, даҳҳо ҳазор мансабдорро ба зиндон кашонд. Дар соли 1972 ӯ дар партави комёбиҳояш дар маъракаи зидди фасод котиби якуми ҳизби коммунисти Гурҷистон таъин шуд.

Шеварднадзе ба сурати умум ду дафъа – бори аввал ҳамчун котиби якуми ҳизби коммунист дар даврони Шӯравӣ (солҳои 1972-1985) ва бори дуюм баъди мустақил шудани кишвар(солҳои 1992-2003) – ба Гурҷистон раҳбарӣ кардааст. Ӯ соли 1965, вақте ҳамагӣ 37 сол дошт, вазири умури дохилаи Гурҷистон таъин шуд ва дар синни 44 раҳбарии ҳизби ҳоким вақти коммунист дар ин ҷумҳурии шӯравиро ба дӯш гирифт.

"Прораб"-и бозсозӣ

Шеварднадзе ва Горбачёв

Шеварднадзе ва Горбачёв

Аммо исми Шеварднадзе ба ҷаҳониён соли 1985, дар пайи эълони сиёсати бозсозии раҳбари нави Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачёв маълум шуд. Горбачёв дар як иқдоми ғайриинтизор Шеварднадзеро аз Тифлис ба Маскав оварда, вазири умури хориҷаи СССР таъин кард. Маҳз дар давраи вазирии ӯ “Ҷанги сард” байни Шӯравӣ ва Ғарб ба поён омад ва кишварҳои сотсиалистии Аврупои шарқӣ сар аз поёни солҳои 80 аз меҳвари Маскав ҷудо шуда, ба сохтани низомҳои демократӣ пардохтанд. Ва аз ҷумла хидмати Шеварднадзе буд, ки Маскав алайҳи ин сателлитҳои собиқаш чун дар гузашта аз нирӯ кор набурд.

Нақши Шеварднадзе дар хуруҷи нирӯҳои Шӯравӣ аз Афғонистон дар феврали соли 1989 низ муҳим буд.

Эдуард Шеварднадзе 20 декабри соли 1990, дуруст як сол пеш аз фурӯпошии СССР бо ин ҳушдор ки рӯйдодҳои баде Шӯравиро дар пешанд, аз мақоми вазири хориҷа истеъфо дод. Баъди кӯшиши табадуллоти мавруф ба ГКЧП дар таърихи 19 августи соли 1991 ин ҳушдори Шеварднадзе ҳамчун як пешгӯии фавқулодда арзёбӣ шуд. Баъди нокомии ГКЧП Шеварднадзе ба мақоми вазири хориҷаи СССР баргашт, вале ҳамагӣ барои як моҳ, чунки Шӯравӣ дар моҳи декабри соли 1991 комилан фурӯ пошид.

Шеварднадзе дар соли 1992 ба Гурҷистон баргашт ва дар натиҷаи як табаддулоти низомӣ ба ҷои Звиад Гамсахурдиа раҳбари Гурҷистон шуд. Ӯ то соли 1995 ҳамчун раиси порлумон ба кишвар раҳбарӣ карда, дар интихоботҳои солҳои 1995 ва 2000 раисиҷумҳур интихоб шуд. Дар ин солҳо ба ҷони ӯ 3 дафъа сӯиқасд ҳам шуд.

"Инқилоби садбаргҳо"-и шогирдони худи Шеварднадзе

Саакашвилӣ ва Шеварднадзе

Саакашвилӣ ва Шеварднадзе

Вале рӯзи 23 ноябри соли 2003, дар рӯзҳои “инқилоби садбаргҳо” дар лаҳзаҳое ки Эдуард Шеварднадзе дар порлумон суханронӣ мекард, издиҳом ба раҳбарии Михеил Саакашвилӣ бо талаби истеъфои ӯ вориди толор шуданд. Шеварднадзе маҷбур шуд, ҳамроҳ бо муҳофизонаш тарки толор кунад ва истеъфо диҳад. Баъди ин Шеварднадзе аз сиёсати бузург комилан канор рафт ва фақат гоҳ-гоҳе дар мавриди масоили умдаи сиёсии Гурҷистону ҷаҳон мусоҳиба медод. Аз Шеварднадзе ду фарзанд – духтараш Манана ва писараш Паата - мондаанд.

Шеварднадзе дар декабри соли 2003, чанд рӯз баъди барканориаш аз мақомаш дар сӯҳбат бо Озодӣ назараш ба тарзи раҳбарии кишварро чунин баён карда буд: "Раҳбарии кишвар як кори оддӣ нест, балки як санъат аст, илм аст. На ҳаркӣ тавони раҳбарии кишварро дорад. Ман таҷрибаи бузурги чунин раҳбариро доштам, вале гуфта наметавонам, ки тарзи раҳбарии ман идеалӣ буд."

Акнун ки Шеварднадзе аз дунё рафт, ин қазоват ба наслҳои оянда мемонад, ки оё тарзи раҳбарӣ ва натиҷаи солҳои раҳбарии ин сиёсатмадори бузурги гурҷиро чӣ баҳо хоҳанд дод?

3 назар аз Тоҷикистон

Назари арбобони сиёсии даврони Шӯравии Тоҷикистон нисбат ба Эдуард Шеварднадзе мухталиф аст. Собиқ котиби Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ҳоло раиси созмони занони маълумоти олидор Гулҷаҳон Бобосодиқова бо изҳори таассуф аз марги Шеварднадзе ҳамчун як арбоби сиёсии даврони Шӯравӣ гуфт, ки вай дар даврони вазири хориҷаи СССР буданаш талошҳои зиёд ба харҷ дод, ки муносибатҳои Шӯравӣ бо ҷаҳони берун беҳтар шавад. Ба гуфтаи Бобосодиқова, «Шеварднадзе ҳамчун инсон шахси нек ва покдил буд.»

Аммо Султон Мирзошоев, вазири фарҳанги замони Шӯравии Тоҷикистон бо ёдоварӣ аз заҳматҳои Шеварднадзе мегӯяд, ки вай ҳамчун кадри ҷавону болаёқат тавонист ба мансабҳои муҳим ҷой пайдо кунад, вале дар вазифаи вазири хориҷаи СССР ҳамроҳ бо Горбачёв ӯ ҳам бо баҳонаи демократикунонӣ дар хароб кардани низоми қудратманди Шӯравӣ саҳм дошт: «Ман ин амали Шеварднадзе ва Горбачёв ва доираҳои дигари вақти Шӯравиро хиёнат ба мардуми СССР меҳисобам ва дар ин масъала дар нисбати ин шахс фикри мусбат надорам.»

Ваҳҳоб Воҳидов, собиқ вазири кишоварзии Тоҷикистони Шӯравӣ дар мавриди Шеварднадзе бо ёдоварӣ аз баргузории анҷуманҳои КПСС мегӯяд, борҳо бо ӯ дидору мулоқотҳо доштааст. Ба гуфтаи Ваҳҳобов, Шеварднадзе дар муносибату муомила беҳад инсони ҳалиму меҳрубон, вале ҳамзамон дар иҷрои масъулият сахтгир ва раҳбари кордону моҳир буд. Ваҳҳоб Воҳидов аммо бо таассуф зикр мекунад, ки «дар масъалаи пошхӯрии сохти Шӯравӣ, ки паёмади азҳампошии онро то ҳол дар кишварҳои пасошӯравӣ ҳис мекунем, яке аз шахсиятҳои калидӣ ҳамин Шеварднадзе буд. Ин амали Шеварднадзе нодуруст буд ва намебоист ба пошидани сохти Шӯравӣ роҳ медод.»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG