Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷумин солгарди инқилоби садбаргӣ


Президенти собиқ Эдуард Шеварднадзе дар рӯзҳои инқилоби садбаргӣ
Президенти собиқ Эдуард Шеварднадзе дар рӯзҳои инқилоби садбаргӣ

Рӯзи 23-уми ноябр мардуми Гурҷистон 5-умин солгарди инқилоби садбаргӣ: табодули осоиштаи давлатиро, ки Михаил Саакашвилиро сари қудрат овардааст, ҷашн гирифтанд.

Дар рӯзҳои инқилоб гурҷиҳо умед доштанд, ки фасодро решакан намуда, як давлати демократӣ бунёд мекунад. Вале бо гузашти 5 сол ҳам сӯҳбат аз худкомагии раҳбарону ҷанг бо Русия аст. Оё бо ин ҳама Гурҷистон хоҳад тавонист, ки мероси инқилоби садбаргиро ҳифз намояд?

22-уми ноябри соли 2003-ум ҳуқуқшинос ва сиёсатмадори 35-сола Михаил Саакашвилӣ дар иҳотаи даҳҳо ҳазор тарафдоронаш дар рӯ ба рӯ бинои Маҷлиси қонунгузори Гурҷистон қарор дошт. Саакашвилӣ ҳизби ҳокимро бо тақаллуб дар интихоботи вакилони мардумӣ муттаҳам намуда, талаб кард, ки президенти кишвар Эдуард Шеварднадзе ба истеъфо равад. Шеварднадзе истеъфоро қабул накард ва тарафдорони Саакашвилӣ ба дохили бино ворид гашта, вакилони мардумиро ба фирор маҷбур карданд.

23 ноябри соли 2003-ум президент Шеварднадзе баъди мулоқот бо фиристодаи Русия Игор Иванов истеъфоро пазируфт:

"Ҳоло ман мебинам, ки агар пагоҳ салоҳиятҳоямро истифода барам, вазъият бидуни хунрезӣ ором намешавад. Ман ҳеҷ гоҳ ба халқам чизе ғайр ҳақиқат нагуфтаам ва аз ин рӯ, ҳоло эълон мекунам, ки барои ором шудани вазъ истеъфои президент беҳтар аз ҳар чизи дигар аст."

Баъди ду моҳи ин ҳодиса Саакашвилӣ президенти Гурҷистон интихоб шуда, роҳи вуруд ба Иттиҳоди Аврупо ва паймони НАТО-ро пеш гирифт. Шореҳон суханронии Саакашвилӣ дар таърихи 23-уми ноябри соли 2003-умро ба ёд меоранд, ки гуфта буд:

"Бузургтарин кафолате, ки мо аз Иванов гирифтем, ин адами дахолати Русия дар умури дохилии Гурҷистон аст. Ин як имконест, ки солҳои навадуми асри гузашта мо надоштем ва Русия дар ҷангҳои шаҳрвандии ин кишвар дахолат мекард. Умедворам, ки онҳо ба ҳарфи худ содиқ мемонанд. "

Бо гузашти 5 сол сол инқилоби садбаргӣ ба таври одӣ ҳамчун рӯзи ваҳдат ҷашн гирифта мешавад, вале ҳамлаи 7-уми августи соли равон дар ёди ҳама рӯшан аст. Он чизе, ки Саакашвилӣ аз он хавф дошт: дахолати Русия ба умури ин кишвар амалӣ шуд.

Саакашвилӣ борҳо ваъда дода буд, ки тамомияти арзии Гурҷистонро барқарор намуда, Осетияи Ҷанубиву Абхозистонро ба марказ тобеъ хоҳад кард. Вале баъди ҷанги панҷрӯзаи моҳи август бо Русия ду минтақаи ҷудоихоҳ худро соҳибистиқлол эълон карданд.

Устоди Донишгоҳи Колумбияи ИМА Линколн Митчел мегӯяд, инқилоби садбаргӣ ва Саакашвилӣ давлатдории Гурҷистонро барқарор намуданд, вале бо пирӯзии инқилоб Саакашвилӣ аз роҳи вуруди тағйиру илова ба сарқонуни Гурҷистон дар паи таҳкими салоҳиятҳои президент шуда, демократияро канор гузошт. Устоди амрикоӣ меафзояд, ба фикри пешвоёни инқилоби садбаргӣ ибтидо бояд давлат тақвият ёбад ва сипас, демократия, вале ду чизи ёдшуда бояд ҳамроҳ рушд намоянд, дар ҳоли баръакс ҳар ду ноком хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG