Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шерхон Салимзода, собиқ додситони кулли Тоҷикистон, баъд аз тақрибан ду моҳи барканорияш ба курсии раиси федератсияи мустақили иттифоқҳои касаба нишаст.

Шерхон Салимзода, собиқ додситони кулл, ки тақрибан ду моҳи пеш бо фармони раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз мақомаш барканор гардида буд, раҳбари федератсияи мустақили иттифоқҳои касаба ё “профсоюз”-и Тоҷикистон интихоб шудааст.

Зоя Коваленко -- ёвари раиси федератсияи мустақили иттифоқҳои касаба рӯзи 18 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ мақоми нави Шерхон Салимзодаро тасдиқ кард ва гуфт, алакай муаррифӣ ва ошноии ӯ бо кормандони “Профсоюз” сурат гирифтааст.

Салимзода дар мақоми наваш Муродалӣ Солеҳовро иваз намуд, ки аз соли 1987 то кунун сарварии дар оғоз иттифоқи касаба ва ҳоло федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт.

Вай соли 1950 дар ноҳияи Мӯъминободи Тоҷикистон таваллуд шуда, хатмкардаи омӯзишгоҳи рақами 45-и ноҳияи Ваҳдат дар соли 1968 ва

Муродалӣ Солеҳов

Муродалӣ Солеҳов

Академияи меҳнати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1985 мебошад. Ду бор намояндаи мардумӣ дар Шӯрои олии ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон низ будааст.

​Шерхон Салимзода, ки моҳи январи соли 2010 дар курсии додситони кулли Тоҷикистон такя зада буд, бо фармони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 24 январ аз мақомаш барканор шуда, ба ҷои ӯ Юсуф Раҳмонов таъин гардид. Ба дунболи барканории Салимзода ва интиқоди раисиҷумҳур дар ҷаласаи 17 феврали Шӯрои амният, муовинони пешини ӯ ва додситонҳои Суғд, Бадахшон, Хатлон ва шаҳри Душанбе аз мақомҳои худ сабукдӯш шуда, дертар ба вазифаҳои нав таъин гардиданд.

Ин тағйирот дар ҳоле сурат гирифт, ки Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти соли гузаштааш бо мақомоти қудратӣ (10 июли 2014) аз фаъолияти масъулони Додситонии кулл башиддат интиқод карда, аз "шиносбозию сарватхоҳии кормандони ин ниҳод" шадидан нигаронӣ намуда буд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон он замон ишора ба мошинҳои гаронбаҳо ва хонаҳои бодабдабаи бархе аз додситонҳо гуфта буд: “Ин ҳама аз ҳисоби кадом даромад аст?”

Шерхон Салимзода дастпарвари Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст ва 58 сол дорад. Қаблан дар вазифаҳои муовини додситони кулл, додситони шаҳри Душанбе, вакили парлумон ва баъдан раиси кумита дар Маҷлиси Намояндагон низ фаъолият кардааст. Ӯ як муддат раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва мушовири давлатии раиси ҷмуҳури Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ низ буд.

Ҳоло бо таъин шуданаш ба вазифаи раиси федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, Шерхон Салимзода ба сарусадоҳо дар бораи он ки бо ӯ чӣ хоҳад шуд, зоҳиран нуқта гузошт. Дар тӯли тақрибан ду моҳи «бекорӣ»-яш ин пурсишҳо бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо мечархиданд, ки Салимзода дар куҷост ва чӣ кор мекунад.

Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон як ниҳоди ҷамъиятии мустақил, аммо боқимонда аз даврони Шӯравист, ки вазифааш ҳимоят аз ҳуқуқи коргарон дар баробари корфармоён мебошад. Аммо номи ин ниҳод бештар дар мавриди пешбарии номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳури Тоҷикистон расонаӣ мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG