Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамсари Шерик Карамхудоев аз мақомот шикоят кард


Манижа Шаҳбозбекова, ҳамсари Шерик Карамхудоев (чап) бо Зарафо Раҳмонӣ (рост) ҳангоми нишасти хабарӣ. Душанбе, 12-уми ноябр

Манижа Шаҳбозбекова, ҳамсари Шерик Карамхудоев (чап) бо Зарафо Раҳмонӣ (рост) ҳангоми нишасти хабарӣ. Душанбе, 12-уми ноябр

Ҳамсари Шерик Карамхудоев дар қароргоҳи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо хабарнигорон мулоқот анҷом дод.

Манижа Шаҳбозбекова, ҳамсари Шерик Карамхудоев, масъули ҲНИТ дар Хоруғ, ки ҳоло дар боздошт ба сар мебарад, аз он изҳори нигаронӣ кард, ки барои дидорбиниву мулоқот бо шавҳараш иҷозат намедиҳанд.

Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, сокинони дигар барои мулоқот бо фарзанд ё ҳамсари худ имконияти бештаре дар ихтиёр доранд. "Ҳар боре ки ба СИЗО меравам, занеро мебинам, ки ба назди фарзандаш меравад. Ӯ дар ин муддат панҷ бор пеши фарзандаш даромад, вале ба ман иҷозат надоданд. Он зан гуфт, ки ба мо дар понздаҳ рӯз як бор иҷозат медиҳанд, ки фарзандамро бубинем. Мо ҳам шаҳрвандони Тоҷикистонем, аммо ба онҳо қонун дигар асту ба мо дигар...",-гуфт бону Манижа.

Илова бар ин, ба қавли ҳамсари Шерик Карамхудоев, то ҳол мақомоти Тоҷикистон ба номаҳои ӯву хонаводааш ҷавоб надода ва ҳақиқати боздошти масъули ҲНИТ дар Хоруғро баён накардаанд. Ӯ мегӯяд, хонаводааш аз вазъи Шерик Карамхудоев огоҳии комил надоранд ва дар тӯли тақрибан панҷ моҳи боздошташ танҳо як бор модараш ӯро аз наздик дидаасту халос.

Бону Манижа мегӯяд, ҳамсараш бегуноҳ аст ва ҳоло мақомот ба дӯши ӯ иттиҳомтро бор мекунанд: "Ӯ (Шерик) як одами бечора аст. Ӯ на бизнесмен асту на каси номдор ё лидер аст, ки ӯро боздошт карда нигоҳ доранд."

Дар ин нишасти хабарӣ Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, як масъули Ҳизби Наҳзати Исломӣ, низ сӯҳбат карда, Шерик Карамхудоевро "маҳбуси сиёсӣ" номид. Қарор аст, мурофиаи додгоҳии Шерик Карамхудоев моҳи декабри соли ҷорӣ баргузор гардад.

Карамхудоев рӯзи 24-уми июл, дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғ, боздошт шуд ва Додситонии кул ӯро айбдор кард, ки алайҳи мақомот муқовимати мусаллаҳона нишон додааст.



Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG