Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

98 соли зиндони 8 нафар барои қатли Сорбону Саъдӣ (ВИДЕО)


Додгоҳи шаҳри Душанбе Шералӣ Муродовро бо иттиҳоми қатли Сорбон Музаффарбеков ва Саъдӣ Сатторов 30 сол маҳкум ба зиндон кард.

Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 10-уми апрел Шералӣ Муродовро 30 сол бо нигоҳ доштан дар маҳбаси низомаш сахт ва мусодираи молу мулк равонаи зиндон кардааст.

Қатли Сорбон Музаффарбекови 20-сола ва Саъдӣ Сатторови 25-сола, яке дар моҳи августи соли 2012 ва дуввумӣ дар моҳи апрели соли гузашта сурат гирифтааст ва дар ин қатлҳо Шералӣ Муродови 22-сола муттаҳами асосӣ дониста мешуд.

Абдусалим Одинаев, додраси парванда рӯзи панҷшанбе, 10 апрел зимни эълони ҳукм дар додгоҳи шаҳри Душанбе гуфт, "додгоҳ ба Шералӣ Муродов 30 сол зиндони низомаш сахт бо мусодираи амвол , барои шарикони ӯ - Тошзода Камолиддин ва Шарифҷони Абдулазиз - 18 солӣ бо мусодираи амвол, Сайфулло Кабудов - 18 сол бо мусодираи амвол, Дилшод Наимов ва Ҷаҳонгир Муродов - 5-солӣ бо нигаҳдорӣ дар муассисаи низомаш пурзӯр, Ҳусейн Ҳамроқулов - 2 сол дар зиндони низомаш умумӣ ва пардохти ҷарима дар ҳаҷми 8 ҳазор сомонӣ ва Салим Муродов, падари Шералӣ Муродов - 2 сол ҳукм дод."
Ҳамчунин ҷаноби Одинаев Насим Муҳиддиновро 40 ҳазор сомонӣ ва пизишк Назрӣ Домуллоҷоновро 16 ҳазор сомонӣ ҷарима баста, дувумиро 5 сол аз ҳаққи фаъолият ба ҳайси табиб ҳам маҳрум кард. Аммо додрас гуфт, ки азбаски Муҳиддинов 11 моҳу 10 рӯз дар ҳабси пешакӣ буд, аз ин ҷарима ба андозаи 400 нишондиҳанда (муодили 16 000 сомонӣ) кам карда шавад. Ҳамин тавр, бо ҳукми додрас 2 соли Ҳусейн Ҳамроқулов шартан муқаррар гардида, барояш як соли санҷиш таъин шудааст.

Ин дар ҳолест, ки Фаррух Рауфов, айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиаи рузи 14 март аз додгоҳ барои Шералӣ Муродов 30 сол бо мусодираи амвол, барои шарикони ӯ - Тошзода Камолиддин ва Шарифҷони Абдулазиз - 23 солӣ, барои Сайфулло Кабудов - 20 сол, барои Дилшод Наимов ва Ҷаҳонгир Муродов - 6-солӣ, ва барои Салим Муродов, падари Шералӣ Муродов - 3 сол ҷазо хоста буд.

Пайвандони маҳкумон аз ҳукми додгоҳ изҳори норозиг карда, гуфтанд, ки ба Додгоҳи Олии Тоҷикистон шикоят хоҳанд бурд.

Шералӣ Муродов, сокини Душанбе, тибқи моддаи 104-и қонуни ҷазо (куштор) айбдор дониста мешавад. Тафтишот ва шоҳидон мегӯянд, ки ӯ ҳамроҳи Камолиддин Тошзода ва Шарифҷони Абдулазиз рӯзи 26 августи соли 2012 дар назди тарабхонаи “Бешаи Палангон” ба Сорбон Музаффарбеков дарафтода, 8 бор ба сари синаи ӯ корд задааст. Дар натиҷа Сорбон Музаффарбеков дар беморхона ҷон додааст.

Дар паҳлӯи Шералӣ Муродов дар курсии айбдоршавандагон падари ӯ Салим Муродов ва бародараш Ҷаҳонгир низ нишастаанд. Онҳо ба он муттаҳам мешаванд, ки барои наҷоти Шералӣ гувоҳномаи тибб дар бораии гӯё “бемори равонӣ” будани ӯро овардаанд. Вале бо фош шудани ин тақаллуб ҳарду ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Пулис мегӯяд, Шералӣ Муродов қаблан ҳам як дафъа бар асоси моддаи 237-и Кодекси ҷиноӣ (авбошӣ) маҳкум ба зиндон шуда буд. Аммо айбдоркунанда моҳи март дар мурофиаи додгоҳӣ гуфт, ягон тан аз муттаҳамони дар куштори Сорбон Музаффарбеков ва Саъдӣ Сатторов қаблан доғи судӣ надоштаанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG