Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шайх Салмон Халифа то соли 2019 президент мемонад


Шайх Салмон Халифа аз соли 2013 боз президенти Конфедератсияи футболи Осиёст

Шайх Салмон Халифа аз соли 2013 боз президенти Конфедератсияи футболи Осиёст

​Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа аз Баҳрайн дигарбора президенти Конфедератсияи футболи Осиё ё AFC интихоб шуд ва ҳадди ақалл то соли 2019 дар ин мақоми худ боқӣ хоҳад монд.

Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифаи 47-сола аз Баҳрайн дар Конгресси 26-уми Конфедератсияи футболи Осиё, ки дар Манама - пойтахти Баҳрайн баргузор шуд, дигарбора раҳбари AFC интихоб гардидааст. Ӯ, ки аз соли 2013 боз раҳбарии Конфедератсияи футболи Осиёро бар ӯҳда дорад, ҳадди ақалл то соли 2019 дар ин мақом боқӣ хоҳад монд.

Ҳамзамон Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа ноиби президенти FIFA аз Осиё гардид ва ҷойи худро дар кумитаи иҷроияи Федератсияи байналмилалии футбол нигоҳ дошт. Ба рӯзномаи Конгресс дар Манама, инчунин, масоили интихоботи ноибони президенти AFC, аъзои кумитаи иҷроияи FIFA ва AFC дохил буданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин Конгресс намояндагони ҳамаи федератсияҳои миллии футболи қораи Осиё иштирок карданд. Ба ҳайати Тоҷикистон Хуршед Мирзоев -- ноиби аввали президенти ФФТ, Ислом Маҳмадшоев -- дабири кулли ФФТ ва Дилшод Ҷӯраев -- узви кумитаи иҷроияи ФФТ ва раиси Федератсияи футболи шаҳри Душанбе дохил буданд.

Дар Конгресси 26-уми Конфедератсияи футболи Осиё инҳо ба вазифаҳои мухталиф интихоб шуданд:

Президенти AFC ва ноиби президенти FIFA:

Шайх Салмон бин Иброҳим Ал Халифа (Баҳрайн)

Аъзои Кумитаи иҷроияи FIFA (2013-2017):

Шайх Аҳмад Фаҳад Ал Аҳмад Ал Сабоҳ (Кувайт, Минтақаи Шарқ)

Аъзои Кумитаи иҷроияи FIFA (2015-2019):

Козо Ташима (Ҷопон, Минтақаи Шарқ)

Шоҳзода Абдулло Ал Ҳаҷ ибн Султон Аҳмадшоҳ (Малайзия, Минтақаи Ҷанубу Шарқ)

Ноибони президенти AFC:

Уинстон Ли Бун Аун (Сингапур, Минтақаи Ҷанубу Шарқ)

Тзян Тзилон (Чин, Минтақаи Шарқ)

Алӣ Кафошиён Нейнӣ (Эрон, Минтақаи Марказӣ)

Сауд Азиз Ал Муҳаммадӣ (Қатар, Минтақаи Шарқ)

Прафул Манохарбхай Пател (Ҳиндустон, Минтақаи Ҷануб)

Аъзои Кумитаи иҷроияи AFC (занон)

Моя Додд (Австралия, Минтақаи Ҷанубу Шарқ)

Хан Ун Гйонг (Кореяи Шимолӣ, Минтақаи Шарқ)

Зӯҳро Меҳдӣ (Афғонистон, Минтақаи Марказӣ)

Сюзан А. Шалабӣ (Фаластин, Минтақаи Ғарб)

Маҳфуза Ахтар Кирон (Бангладеш, Минтақаи Шарқ)

Аъзои Кумиҷроияи AFC:

Вифет Сихачакр (Лаос, Минтақаи Ҷанубу Шарқ)

Франсиско Калбуади Лай (Тимори Шарқӣ, Минтақаи Ҷанубу Шарқ)

Мариано Аранета (Филиппин, Минтақаи Ҷанубу Шарқ)

Ричард Кинг Лаи (Гуам, Минтақаи Шарқ)

Монг Гю Чунг (Кореяи Ҷанубӣ, Минтақаи Шарқ)

Сардор Раҳматуллоев (Узбакистон, Минтақаи Марказӣ)

Хачем Саид Алӣ Ҳайдар (Лубнон, Минтақаи Ғарб)

Муҳаммад Халфан Матар Саид Ал Ромаитӣ (ИМА, Минтақаи Ғарб)

Аҳмад Ҳайит Ҳарбӣ (Арабистони Саудӣ, Минтақаи Ғарб)

Муҳаммад Шавид (Молдив, Минтақаи Ҷануб)

Махдум Саид Файсал Солеҳ Ҳаят (Покистон, Минтақаи Ҷануб)

XS
SM
MD
LG