Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як донишманди аҳли суннати Эрон "Давлати исломӣ"-ро "гурӯҳаки муздуру аҷир" унвон карда, гуфтааст, муаррифии ин гурӯҳ ба ҳайси "намояндаи комилихтиёри аҳли суннат авомфиребист".

Сомонаи интернетии sunni-news.net, ки бо хатти кириллик барои Тоҷикистон низ дар мавзӯъҳои мазҳабӣ матлабҳо нашр мекунад, мақолаеро таҳти унвони унвони "ДОИШ ва иртиботи фикрии он бо Хавориҷ" нашр кардааст, ки ба қалами Шайх Абдуллоҳи Кишткор иншо шудаааст.

Абдуллоҳи Кишткор, ки "яке аз коршиносони улуми исломии аҳли суннати Эрон" муаррифӣ шудааст, дар ин мақола менависад, ба ҳайси "намояндаи томулихтиёри аҳли суннат" муаррифӣ кардани гурӯҳи "Давлати исломӣ" дуруст нест.

Ӯ "Давлати исломӣ"-ро "гурӯҳаки муздури аҷир”, "гуруҳи мунҳариф ва такфирӣ" ва "фирқаи гумроҳ" унвон карда ва менависад: "Мутаассифона, дар маҳофили умумӣ, чунин унвон мешавад, ки гурӯҳи ДОИШ намояндаи томулихтиёри аҳли суннат ҳастанд, дар сурате ки чунин нест ва ин авомфиребист, балки мазҳаби аҳли суннат аз ин гуна афкори инҳирофӣ ва қатлу куштор ва тааддӣ ба ҳурмати дигарон безору барӣ мебошад."

"Давлати исломӣ" як гурӯҳи тундрави ҷангҷӯст, ки соли гузашта, баъди ҷудо шуданаш аз баданаи шӯъбаи ироқии шабакаи террористии "Ал-Қоида" қаламравҳои бузургеро дар Ироқу Сурия ишғол кард ва даъвои эҳёи "хилофати воҳиди исломӣ"-ро дар сар дорад. Ин гурӯҳ бо қатли оми бераҳмонаи асирону аҳолии мулкӣ

Абдуллоҳи Кишткор “Давлати исломӣ”-ро аз нигоҳи иртиботи фикрӣ дар чанд маврид - такфир, гирифтани байъат бо икроҳу иҷбор ва ба сурати махфиёна, таъйини Халифа, ҷаҳл дар аҳкоми фиқҳӣ, ғулув(зиёдаравӣ ё ифрот) дар ибодот ва ифротгарӣ дар татбиқи аҳкоми шаръӣ - наздик ба аҳли “хавориҷ” мешуморад: "Фирқаи гумроҳи Хавориҷ, дар тӯли таърихи Ислом барои уммати исломӣ дарди сар оварда буд ... ва имрӯз гурӯҳаки ДОИШ эҳсосот ва отифаҳои ҷавонони мусалмонро зери тир худ қарор дода ва таҳти мусамои ҷиҳод ва ғайра мухолифини худро аз меҳвари шар тасниф мекунанд, то битавонанд ба номи дин ҷиноятҳои бузурге муртакиб шаванд. Мутаъассифона дар ниҳоят ҷавонони поку мусалмон қурбонӣ ҳастанд. ”

Муаллиф мӯътақид аст, ки “Давлати исломӣ”-ро “душманони ислом сохтаанд, то дар байни мусалмонон тухфи тафриқа бикоранд. Ӯ дар ин робита ба он ишора мекунад, ки “Давлати исломӣ” бо қатли омми асирону мухолифонаш машғул шуда, дар ҷангҳояш ҳам бештар бо Артиши озодибахши Сурия даргир аст ва дар чунин ҳол, “артиши Башор нафаси роҳат мекашад... Дар Ироқ низ тирҳои гурӯҳи ДОИШ бар алайҳи ашоиру қабоили мусалмон шиллик мешавад.“

Шайх Абдуллоҳи Кишткор шеваи амали “Давлати исломӣ”, аз ҷумла шиканҷаву шаллоқ заданҳо, қатлҳои дастаҷамъӣ, кофир ҳукм кардани мухолифон ин гурӯҳро бар хилофи таълимоти дини Ислом меномад ва изҳори таассуф мекунад, ки “ин ҳама ҷурму ҷиноёт дар ҳаққи башарият, ба номи Ислом ва зери ливои ҷиҳод, муртакиб мешаванд. Ислом бо ингуна аъмоли ваҳшиёна мухолиф аст.“

Кишткор дар идома ҳкми куфри сарони кишварҳои исломӣ ва ҳамин тавр, “ҷиҳод”-и эълонкардаи ин гурӯҳро низ зери суол бурда, навиштааст, “ҷиҳод дар Ислом шарту шуруте дорадва Паёмбари Раҳмат (с) дар ҷиҳод бар алайҳи куффор ҳаргиз бо икроҳ ва маҷбурӣ имон ва Исломро бар онҳо арза накард. Паёмбари бузургвори уммати исломӣ дарнабардбо мушрикин ва куффор ҳаргиз асирро мусла (буридани аъзои бадан) накард, ҳаргиз асирро шиканҷа надод, ҳаргиз асирро насӯзонд, аммои раҳбарони ДОИШ, ки табли ҷиҳод ба сина мезананд, мусалмон ва ғайри мусалмонро зинда зинда дар оташ месӯзонанд.”

Шайх Абдуллоҳи Кишткор дар поёни мақолааш аз аҳли дини Ислом ба мардум фаҳмондани моҳияти “Давлати ислломӣ”-ро барои даъватгарон воҷиб хондаааст, “то қурбони ин афкори вайронгар нашаванд.”

Дар Тоҷикистон ҳам, ки беш аз 90 дарсади аҳолиашро мусалмонон ташкил медиҳанд, аксарияти кулли рӯҳониёни чӣ расмӣ ва чӣ ғайрирасмӣ ақидаҳои “Давлати исломӣ”-ро чандин бор ба боди интиқод кашидаанд. Шӯрои уламои Маркази исломӣ(собиқ муфтиёт)-и Тоҷикистон низ ҳанӯз дар тирамоҳи соли 2014 бо судури як фатво ҷанги гурӯҳҳое, чун “Давлати исломӣ” дар Сурияву Ироқро “фитна” номида буд, ки дар натиҷаи он асосан худи мусалмонҳо кушта мешаванд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар Ироқу Сурия ва асосан дар сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” аз 377 то 386 нафар аз ин кишвари Осиёи Марказӣ низ меҷанганд. Давлат барои онҳое ки ихтиёран тарки Сурияву Ироқ мекунанд ва ба Тоҷикистон бармегарданд, афв ваъда кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG