Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имсол танҳо гӯсфандоне дар рӯзи Иди Қурбон дар Тоҷикистон забҳ хоҳанд шуд, ки агар нозирони хадамоти бойтории Вазорати кишоварзӣ дар бораи саломатии онҳо ҳуҷҷат дода бошанд. Исмоил Шамсзода, як масъули хадамоти бойторӣ, рӯзи 9-уми сентябр ба Озодӣ гуфт, ҳоло дар бозорҳои чорвофурӯшӣ бидуни чунин ҳуҷҷат фурӯхтани бузу гӯсфанду гов низ манъ шудааст.

Ин масъули хадамоти бойторӣ мегӯяд, талоши онҳо ба хотири ҷилавгирии бемориҳоест, ки аз истеъмоли гӯшти ҳайвон ба инсон мегузарад. Вай гуфт, назорати ҷиддии хариду фурӯши чорво қабл аз Иди Қурбон ба он хотир аст, ки дар ин рӯз сокинони зиёде чорво забҳ мекунанд ва гӯшти онро барои истеъмоли омма пешниҳод менамоянд.

Дар ин шаҳодатнома ранги чорво ва солаш сабт шудааст, Дар гузашта бойторон чорвоҳоро эм мекарданд, вале ҳуҷҷат намедоданд.

​"Нозирони мо дар маҳалҳо ба ҳамин кор машғул ҳастанд. Мақсад таъмини солимии аҳолӣ ҳаст. Давоми як моҳи ахир ин масъала ҷиддӣ гирифта шудааст. Таъкиди мо ва пурсидани маълумотномаи бойторӣ ба хотири фаҳмидани саломатии чорво ҳаст. Чорво метавонад, бемории сил ё брутселёз дошта бошад, ки агар аз ташхис нагузашта бошад, бо чашм онро фаҳмидан мушкил аст", - афзуд ӯ. Исмоил Шамзода мегӯяд, харидорон низ дар навбати худ масъул ҳастанд, ки маълумотномаи бойториро аз фурӯшанда талаб кунанд: «Мо ҳатто ба имомхатибон гуфтем, ки ин нуктаро пеш аз Иди Қурбон ба намозгузорон бигӯянд, то чорпои солим забҳ кунанд.”

Ду сол пеш сокинон барои қурбонӣ бузро интихоб мекарданд:

Маъмулан, дар рӯзи Иди Қурбон, яке аз ду иди муқаддаси мусалмонон, афроди тақводор бо арҷ гузоштани анъанае, ки ба андешаи онҳо аз замони пайғамбар Иброҳим боқӣ мондааст, чорво мекушанд. Тибқи шариати ислом ин корро нафаре анҷом медиҳад, ки тавоноӣ ва дороии кофӣ дорад.

Сабти рангу соли чорво

Акмал Қурбонов, як сокини ноҳияи Ваҳдат, ки ба чорвофурӯшӣ машғул аст, солҳо боз дар рӯзи Иди Қурбон бо забҳи гӯсфанд маросими қурбониро анҷом медиҳад. Ӯ мегӯяд, ҳамасола бойторони маҳаллӣ чорвояшро ташхис мекарданд ва ҳамзамон эм мегузаронданд, аммо ҳеҷ ҳуҷҷат барояшон намедоданд. Аммо ҳафтаи пеш пас аз ташхис ба ӯ ҳуҷҷате доданд, ки дар он таърихи эмгузаронӣ сабт шудааст.

Ӯ гуфт, “мисли як шаҳодатнома аст, ки ранги чорво ва солаш сабт мешавад. Мо, ки кам-кам ба тиҷорати чорво машғул ҳастем, ин кор ҳатмӣ будааст. Дар гузашта низ бойторон эм мегузаронданд, вале бе ҳуҷҷат.”

Фахриддини Пӯлод, як сокини ноҳияи Рӯдакӣ, мегӯяд, чаҳор сол аст, ки дар рӯзи Иди Қурбон гӯсфанд забҳ мекунад, аммо имсол тасмими куштани говро дорад. Фахриддин мегӯяд, ки ду моҳ боз дар хонааш гов парвариш мекунад, вале говаш ҳеҷ ҳуҷҷати солимӣ надорад. “Ҳайвони касал худаш маълум аст. Ин гов ҳеҷ дард надорад. Агар ягон дард пайдо кард, бойтори маҳалларо даъват мекунем. Ба хотири савоб қурбонӣ мекунем,” – мегӯяд ӯ.

"Иброҳим фарзандаш Исмоилро мехост қурбонӣ кунад..."

Тоҳир Худоёров, рӯҳонии тоҷик, рӯзи 9-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, тибқи шариат бояд барои қурбонӣ беҳтарин чорво интихоб шавад. Вай шарҳ дод, ки “дуруст аст, чорво бояд солим бошад. Бубинед, ки ҳазрати Иброҳим ҳатто фарзандаш Исмоилро мехост қурбонӣ кунад, яъне, азизтарин нафарашро. Аз ин рӯ, афроди тавонманд низ бояд беҳтарин ва солимтарин чорвои худашро бояд қурбонӣ кунанд. Аз ин лиҳоз, даъвати бойторон барои қурбонии чорвои солим мантиқӣ ҳаст.”

Рӯзи 12-уми сентябр дар Тоҷикистон Иди Қурбон таҷлил хоҳад шуд. Дар ин рӯз садҳо сокини мусалмони Тоҷикистон бо забҳи чорво яке аз рукнҳои муҳими ин иди диниро иҷро мекунанд. Акнун, ба фарқ аз солҳои гузашта имсол барои забҳи чорво сокинон бояд ҳуҷҷати солимии чорворо дар ихтиёр дошта бошанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG