Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

27 соли Шарора пас аз фоҷеа


Шарора -- тифли шашрӯзае, ки дар зилзилаи фалокатбори соли 1989 дар водии Ҳисор ҷони солим ба дар бурд, ҳоло 27-сола аст ва модари се духтар мебошад.

Шарора -- духтарчаи шашрӯзае, ки ном ва қиссаи зинда монданаш дар зилзилаи фалокатбори Ҳисор дар саросари Тоҷикистон ва берун аз он барои бисёриҳо ошно аст, ҳоло модари се духтар аст ва мегӯяд, аз хурдӣ то имрӯз бисёриҳо баробари диданаш аввал аз пулу суратҳисобе мепурсанд, ки 27 соли пеш ба номи ӯ кушода шуда буд. Пуле, ки ӯ бояд дар 18-солагӣ мегирифт, вале то имрӯз дар борааш маълумоте надорад.

Фоҷеаи 27 соли пеш ва қиссаи ба таври муъҷиза наҷот ёфтанашро, Шарора Хоҷаева аз расонаҳо ва кӯҳансолони деҳ шунидааст. Дар хонаводаи амакаш, ки Шарораро ба воя расонидааст, дар ҳузури ӯ аз он ҳодисаи ваҳшатангез зиёд ёд намеоранд. Шарора рӯзи 2 юми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “аслан аз падару модарам маълумоти хеле кам дорам, чун хеле хурд будам, вале аз суханҳои дигарон ба модарам бисёр монандам. Аксҳои онҳоро дидаам, вале аз бародару хоҳаронамро не, чун вақте замин меҷунбад, ҳама чӣ зери хок мемонад.”

Зиндагии Шарораро зилзилае дар 27 соли пеш бо шиддати 5-6 бал ба кулли тағйир дод. Дар пайи ин заминларза, ки соати 5-и субҳ, рух дод, теппаи атрофи деҳа бо обу лой ба болои манзили сокинон фурӯ рехт. Беш аз 200 нафар дар Шарора ва атрофи он зери хок монд ва аз як хонавода, аз як деҳи калон фақат як духтарча, Парвинаи шашрӯза зинда монд. Баъди ин ҳодиса ӯ бо исми Шарора маъруф шуд. Ба сарнавишти Шарора, ки аз рӯзҳои аввали зиндагӣ расонаӣ буд, то ҳанӯз таваҷҷӯҳ зиёд аст. Бо гузашти ду даҳсола аз зилзила ба нақли Шарора аз ноҳияву манотиқи дигари кишвар мардум ба аёдати ӯ омада, аз вазъу зиндагии феълиаш пурсон мешудаанд.

Шарора мегӯяд, ки “барои дидан меомаданд, канӣ клаон шудӣ, чӣ хел зиндагӣ дорӣ. Бисёриҳо мегуфтанд, ту миллионер ҳастӣ. Ҳозир ҳам бошад, куҷое наравам, Шарора гӯям, мешиносанд, медонанд, вале саволи аввал аз пул аст.“

Дар баробари ҳолу рӯзгори Шарора таваҷҷӯҳ ба сарнавишти пулҳое, ки ба номи ӯ дар суратҳисобаш ҷамъоварӣ мешуд, зиёд буд. Аммо Шарораи ба андешаи бисёриҳо “миллионер”-у “миллиордер” мегӯяд, дар бораи суратҳисоб ва кӯмакпулиҳо чизе намедонад ва талошҳояш ҳам барои дарёфти иттилоъ дар ин бора бенатиҷа будааст.

“Ҳама мегуфтанд, ба номат суратҳисоби калон аст, баъди 18 солагӣ метавонӣ ин маблағро бигирӣ. Баъди 18-солагӣ барои таҳсилам лозим буд, муроҷиат кардам, аммо ягон маълумоте пайдо накардам, гуфтанд дар вақташ пул сӯхт. Маълумоте ҳам надорам, ки дар он ҷо чанд пул буд. Одамҳое буданд, ки аз давлатҳои дигар мегуфтанд, мо дар суратҳисоби ту пул гузаронидаем. Ҳатто ҳуҷҷатҳояшро талаб кардам, наёфтам, ки бидонам чӣ қадар ва аз куҷо пул ҷамъ шуда буд” – мегӯяд Шарора.

Бо оилаҳое, ки аз хориҷи кишвар ба сарнавишти Шарора таваҷҷӯҳ намуда, ӯро фарзандхонӣ карда буданд ва муддате кӯмакаш мекарданд, ҳоло дигар ӯ тамос надорад. Аммо аз падару модари олмониаш, ки то як соли пеш бо Шарора рафтуо дошт, хотираҳои зиёде дорад. Волидони олмониаш ҳар сол дар зодрӯзи Шарора ба табрикаш меомаданд ва хеле мехостаанд ӯро бо худ бубаранд.

Аммо барои зиндагии ҳамеша дар Олмон, ба Шарора дар Тоҷикистон хонавода иҷоза надодааст. Баъдтар вақте худаш мустақил шудаву тасмим гирифт, барои кору зиндагӣ ба Олмон биравад, дигар волидони Олмониаш бознишаста буданд ва ин имконият барояш фароҳам нашуд. Ҳоло Шарора донандаи хуби забони олмонӣ ва аз рӯйи ихтисос ҳам омӯзгори ин забон аст. Аммо феълан дар рухсатӣ аст ва дар Душанбе дар хонае, ки шаҳрдорӣ барояш тақдим кардааст, ба тарбияи фарзандон машғул аст.

“Оишабону, Роҳилабону ва Оминаҷон. 3 духтар дорам ва ҳоло дар хона ба тарбияи онҳо машғулам. Пештар дар Шабакаи аввал ҳамчун муҳаррир дар идораи барномаи "Субҳ" кор мекардам. Шавҳарам соҳибкор аст, дар Шарора як мағоза дорад ва бо ҳамин роҳ зиндагиро пеш мебарем.” –мегӯяд Шарора дар бораи зиндагии феълии худ

Бо он, ки аз зилзилаи Шарора 27 сол мегузарад ва бо вуҷуди он, ки Шарора ягона нишона аз ин ҳодиса чизе аз ин фоҷеа дар хотир надорад, аммо мегӯяд, ҳар бор бо рух додани заминларза ҳиссиёти баде ӯро фаро мегирад ва ба даҳшат меафтад. Ӯ мегӯяд, ки “аз заминларза хеле сахт метарсам, аз хурди ин гапҳоро шунида як ваҳме дар дилам шиштааст. Ҳар вақте замин ҷунбид, он рӯзҳоро пеши назар меорам. Худованд ин рӯзро дигар ба касе нишон надиҳад.”

Шарора пас аз 27 соли зилзила дар деҳаи Шарора
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:37 0:00

XS
SM
MD
LG