Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони Шанхай. Касе инҷо аз демократия намепурсад


Пайвастани кишварҳои нав ба CҲШ ин созмони ба ақидаи мунтақидон, “маҳфили режимҳои авторитарӣ”-ро қавитар намекунад, вале метавонад дар чашми ҷаҳониён бузургтар нишон диҳад. Аммо тарафдорон мегӯянд, тавсиаи созмони Шанхай метавонад ба ҷаҳони якқутба нуқта гузорад.

Нишасти рӯзҳои 8 -11 июни сарони кишварҳо дар чорчӯби Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва БРИКС дар шаҳри Уфаи Русияро нозирони умур асосан аз ду зовия қобили арзёбӣ мешуморанд: Зовияи аввал, албатта, оғози раванди пайвастани Ҳинду Покистон ба Созмони Шанхай ва ваъдаи чунин узвият ба Эрон аст, ки ин созмонро ба як созмони ба сурат “аждаҳо” дар арсаи минтақа табдил медиҳад. Зовияи дигар боз як талоши дигари раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҷиҳати барои худаш “тарошидан”-и мақоми ба истилоҳ “раҳбари ҷаҳони ғайр аз Ғарб” ва собит кардани ин нукта аст, ки бо вуҷуди таҳримҳои Ғарб ӯ дар дунё танҳо намондааст.

Худойбердӣ Холиқназар, раҳбари Маркази таҳқиқоти стротегӣ, як ниҳоди таҳлилии вобаста ба дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ноамниҳое ки дар пайи якқутба шудани ҷаҳон ба вуҷуд омад, ҳоло кишварҳои зиёдеро ба домани Созмони Шанхай тела додааст: “Васеъшавии ин созмон боис мешавад, ки он нуфузи натанҳо минтақавӣ, балки ҷаҳонӣ пайдо кунад. Ва агар ин раванд идома ёбад, ин созмон худ як қутби дигар хоҳад шуд дар оянда. Як қутби комилан нав мешавад ва баъд аз даҳсолаҳо мо дигарбора метавонем ҷаҳони на якқутбӣ, балки чандқутбиро бубинем.”

“Квартираи коммуналӣ”

Вале ба ақидаи гурӯҳи дигари нозирони умур, дар Маскаву Пекин – ду сози аввал дар оркестри Созмони Шанхай - аз пайи теъдод давида истодаанд. Онҳо бо такя ба далелҳое, чун дар зери боми як созмон овардани кишварҳои рақибе, чун Ҳинду Покистон, ҷалб ва бологузар кардани Узбакистон, ки ҳокимонаш то ҳол моил ба ҳамкорӣ наменамоянд, ва рақобатҳои суннативу таърихӣ байни ду “аждаҳо”-и асосии созмони Шанхай – Маскаву Пекин, тасмимҳои ин созмонро “ибнулвақтӣ” меноманд ва бар инанд, ки дар ояндаи наздик минбари он ба як майдони дигари баҳси байни ин давлатҳои рақиб, ё ба таъбири таҳлилгари рус Алексей Малашенко, ба “квартираи коммуналӣ”, табдил хоҳад ёфт.

Абдунабӣ Сатторзода
Абдунабӣ Сатторзода

Абдунабӣ Сатторзода, таҳлилгари тоҷик ва собиқ намояндаи миллии Тоҷикистон дар Форуми Созмони Шанхай, рӯзи 8 июл дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки ӯ нисбат ба дурнамои ин тавсиаталабиҳо зиёд хушбин нест: “Ҳанӯз ҳам низои Ҳинду Покистон ҳал нашудааст, то ҳол боқист. Бо вуҷуди ин, гап-гапи қабули онҳо ба Созмони Шанхайро пеш гирифтаанд ва қабул ҳам мешаванд. Ин як кори ба истилоҳи аврупоиҳо, конъюктурӣ, яъне як чизи ибнулвақтӣ аст, ки барои бархе аз кишварҳо зарур аст. Барои инҳо узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай шудани Ҳинду Покистон дар ҳамин вақту замон, дар ҳамин марҳала даркор шуд. Вагарна аз пазируфтани ин ду кишвар вазъи созмони Шанхай беҳтар нахоҳад шуд. Вазъи созмон ҳоло ҳам хуб нест. Асосан фақат гап аст.”

40 фоизи аҳолии дунё дар зери як бом

Ҳинду Покистон дар ҳоле раванди расмии пайвастан ба узвияти Созмони Шанхайро оғоз мекунанд, ки ин созмон бо тақрибан 1 миллиарду 600 миллион аҳолӣ, 11,3 триллион доллар ҳаҷми иқтисод ва 30 миллион километри мураббаъ масоҳат, ки 60 дарсади қаламрави АвроОсиёст, аллакай бузургтарин созмони минтақавӣ дар ин паҳно эътироф мешуд. Бо омадани Ҳинду Покистон масоҳати кишварҳои узви Созмони Шанхай ба 4 миллион километри дигар, ҳаҷми иқтисодаш ба боз 8 триллион доллар афзуда, теъдоди аҳолиаш аз 3 миллиард ҳам мегузарад, ки ин баробари беш аз 40 дарсади аҳолии тамоми дунёст.

Юрий Ушаков, ёвари раисиҷумҳури Русия гуфтааст, мавзӯи узвияти Эрон низ ҳалшуданист, вале танҳо баъди лағви таҳримҳои байналмилалӣ. Эрон метавонад ба масоҳати Созмони Шанхай боз 1,6 миллион километри мураббаъ, ба ҳаҷми иқтисодаш 1,2 триллион доллар ва ба шумори аҳолиаш 78 миллиони дигар афзуда, ҳудуди ин созмонро то ба марзи Ховари Миёна расонад.

Сергей Караганов
Сергей Караганов

Сергей Караганов, аз таҳлилгарҳои тарафдори Кремл мегӯяд, бо таваҷҷӯҳ ба ин набояд иқтидори Созмони Шанхайро кам дид ё кам гирифт: “Оғози раванди узвияти расмии Ҳинду Покистон ва узвияти де-фактои Эрон дар Созмони Шанхай имкон медиҳад, ки ин кишварҳо дар роҳи густариши минбаъдаи бесуботии Ховари Миёна садди маҳкам сохта, ҳамчунин муштаракан паёмадҳои хуруҷи НАТО аз Афғонистонро ҳам то ҳадде коҳиш бидиҳанд.”

Аммо Абдунабӣ Сатторзода, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ин созмон бо тақрибан 20 соли ҳузур дар саҳна аллакай “пир” ҳам шуд, вале то ҳол ба як фаъолияти комил сар накардааст: “Санади бисёре имзо мешавад, гап-гапи бисёре ҳаст, аммо амалан як кори чашмгире нашудааст дар якҷоягӣ. Он корҳое ки шуданд, кишварҳо дар чорчӯби ҳамкориҳои дуҷониба анҷом медиҳанд. Масалан дар чорчӯби ҳамкориҳои Чину Тоҷикистон, Чину Русия...”

3 “бало” ё 3 “изм”-и Созмони Шанхай

Созмони ҳамкориҳои Шанхай соли 1996 ибтидо бо номи “Панҷгонаи Шанхай” ва он ҳам дар оғоз танҳо барои ҳалли баҳсҳои марзии Чин бо кишварҳои пасошӯравӣ – Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон – ташкил ёфта буд. Ин кишварҳо то соли 2001 аз тариқи ироаи бахше аз қаламравҳои худ баҳсҳои марзиашон бо Пекинро нуқта гузоштанд, вале дар ин байн маслиҳат шуд, ки “Панҷгонаи Шанхай” ба гунае нав дар заминаи ҳамкориҳо дар масоили амниятиву иқтисодӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва бо 3 “изм” ваё ба таъбири президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 3 “бало” – терроризм, сепаратизм (ҷудоихоҳӣ) ва экстремизм – ба кораш идома диҳад. Чин ҳам ин ибтикорро фурсат ва василаи муносибе барои таҳкими ҷои пои 15 сол пеш ҳанӯз заифаш дар Осиёи Марказӣ дониста, дастбакор шуд.

Дар соли 2001 бо пайвастани Узбакистон, нахустин кишваре, ки бо Чин марзи мустақим ва табъан ягон мушкили марзӣ надошт, “Панҷгонаи Шанхай” ба Созмони ҳамкориҳои Шанхай табдили ном кард. Соли 2004 Муғулистон, соле баъд аз он Покистону Ҳинду Эрон ва дар соли 2012 Афғонистон дар Созмони Шанхай соҳиби мақоми нозир шуданд.

Созмони ҳамкориҳои Шанхай аз лиҳози сохтор аз боқӣ созмонҳои фаъол дар минтақа фарқ мекунад. Ин созмони мисли СНГ як созмони сирф сиёсиву намоишӣ ваё ба мисли Паймони амнияти дастаҷамъӣ ё НАТО як созмони сирф амниятиву низомӣ нест. Ҳарчанд ҳанӯз соли 2002 як ниҳоде бо номи Сохтори минтақавии зиддитеррор (РАТС) таъсис дода, аз тариқи он ҳар сол бо номи “Миссияи сулҳ” машқҳои муштарак барпо мекунад.

Худи масъулони Созмони Шанхай мегӯянд, ки он бо котиботаш дар Пекин аз лиҳози сохтор як чизи миёнаи байни СНГ ва Паймони амнияти дастаҷамъист. Аммо бо нуфузу қудрат ва имконоти иқтисодиву сиёсии ба маротиб бештар, гуфт дар сӯҳбат бо Озодӣ як намояндаи котиботи Созмони ҳамкориҳои Шанхай.

Маҳфили президентҳои худкома?

Вале мунтақидон мегӯянд, дар Созмони Шанхай ба масоиле, чун демократияву ҳуқуқи башар аҳамияте қоил нестанд ва маҳз ҳамин нукта режимҳои худкомаро ба он ҷалб мекунад.

Шокирҷони Ҳаким аз ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, созмони ҳамкориҳои Шанхай дар амал ба “маҳфили сарони режимҳои худкома” мубаддал шудааст: “Агар ба табиати ҳуқуқиву сиёсии кишварҳои муассиси созмони Шанхай таваҷҷӯҳ кунем, ҳарду – ҳам Иттиҳоди кишварҳои мустақил (СНГ) ва ҳам созмони Шанхай -

Шокирҷони Ҳаким
Шокирҷони Ҳаким

демократӣ нестанд. Ва дар муқобили ниҳодҳои демократие, чун СММ, ин ду созмон кӯшиш мекунанд, ки афкори ҷамъиятии алтернативӣ ба демократиро ташаккул диҳанд. Ва онҳо, бахусус созмони Шанхай ба ташаккули тафаккури демократӣ ва ташаккули ҷомиаи шаҳрвандӣ манфиатдор нестанд.”

Вале Худойбердӣ Холиқназар, раҳбари Маркази таҳқиқоти стротегии марбут ба дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, таъбири “маҳфили ҳокимони худкома” дар қиболи Созмони Шанхайро бофтаи кишварҳои Ғарб мешуморад: “Ин дид ва назари кишварҳои Ғарб баст, чунки намехоҳанд дар баробари худ ягон блоки дигарро бинанд. Ва тӯҳматҳои гуногун мезананд, ки инҳо кишварҳои гӯё тоталитариву авторитариянд. Ҳол онки иштибоҳ мекунанд. Дар он кишварҳое, ки абарқудратҳо мехостанд бо зӯр демократияро ҷорӣ кунанд, мо дидем, чӣ шуд. Кишварҳои Ховари Миёна инро исбот мекунад. Намешавад ба халқҳое ки аз нигоҳи мафкуравӣ ва менталитет омода нестанд, ба ном демократияро бо зӯр бор кард. Демократия ин як раванди тӯлонӣ аст.”

Бо ин ҳол, дар дохили Созмони Шанхай Маскаву Пекин кайҳо боз барои тақвияти ҷойгоҳ ва нуфузи худ талош мекунанд. Русия – бештар бо истифода аз фишангҳои боқимондаи нуфузи суннатиаш бар кишварҳои пасошӯравӣ ва Чин – бо гузоштани ёриҳои саршори иқтисодӣ

Худойбердӣ Холиқназар, раиси МТС.
Худойбердӣ Холиқназар, раиси МТС.

дар ихтиёри ин ҳукуматҳо. Чин, ки ибтидо Созмони Шанхайро ҳамчун як василаи тавсиаи нуфузаш дар паҳнои пасошӯравӣ ва бахусус дар Осиёи Марказӣ медид, ҳоло акнун баъди даст ёфтан ба ҷойгоҳи қавие дар ин минтақа бештар ба равобити дуҷониба бо пойтахтҳои Осиёи Марказӣ рӯ овардааст. Аз ҷумла ба ин далел ки Чин дар равобити дуҷонибааш ба “ок”-и Маскав чандон ниёз надорад. Ҳарчанд, ба ақидаи Абдунабӣ Сатторзода, Пекин дар ҳар сурат дар муносибот бо кишварҳои таҳти нуфузи суннатии Маскав ба Кремл нигоҳ карда, амал мекунад.

Талоши Путин

Мавзӯи дигаре ки дар пасманзари нишастҳои Уфа матраҳ мешавад, талошҳои раисиҷумҳури Русия Владимир Путин барои расидан ба мақоми ба истилоҳ “раҳбари ҷаҳони ғайр аз Ғарб” ном бурда мешавад. Мизбонии ҳамзамони нишасти сарони ҳам Созмони Шанхай ва ҳам созмони БРИКС, ки 5 қудрати дар ҳоли гузор – Русия, Чин, Бразилия, Ҳинд ва Африқои ҷанубиро муттаҳид мекунад, ба назари таҳлилгарон, ба ҳамин талошҳо ишора мекунанд.

Вале ба инки Путин битавонад дар ин оркестр соҳиби сози аввал бишавад, кам касе итминон дорад. Ба бовари бисёриҳо, бо он имконоти иқтисодиву сиёсие, ки Пекин дар ихтиёр дорад, нахоҳад гузошт, ки бо пули вай дигарон, аз ҷумла Путин, “каттагӣ” кунанд. Ба гуфтаи Абдунабӣ Сатторзода, “Путин, албатта, мехоҳад ки аз худ як раҳбари сатҳи ҷаҳонӣ нишон бидиҳад, вале ин кӯшишҳо беҳудаанд. Русия ҳоло мисли Чин иқтидори иқтисодиву сиёсие надорад, ки битавонад пешраву пешбари созмоне, ба мисли Созмони Шанхай шавад.”

860 миллион – барои Тоҷикистон

Худойбердӣ Холиқназар аз Маркази таҳқиқоти стротегии Тоҷикистон, нақши Созмони Шанхайро барои Душанбе ба сурати умум мусбат медонад. Ӯ мегӯяд, Тоҷикистон ба маҳзи 1400 километр марзаш бо Афғонистон дар хатти аввали ҷабҳа алайҳи “3 бало”-и терроризму ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир қарор дорад. Аз тарафи дигар: “Мо аз тариқи Созмони Шанхай тавонистем қарзҳои дарозмуддат бо фоизи хеле камро ба даст биорем, то инки масъалаҳои стротегиамонро иҷро кунем. Аз қабили берун шудан аз бунбасти коммуникатсионӣ,

Чин яке аз сармоягузори муҳим дар иқтисоди Тоҷикистон ба шумор меравад.
Чин яке аз сармоягузори муҳим дар иқтисоди Тоҷикистон ба шумор меравад.

амнияти озуқаворӣ, амнияти энержӣ. Даврони хеле мушкил буд. Дар соли 2006 мо хатҳои барқи баландшиддат надоштем, роҳҳои дуруст надоштем. Ҳамин созмони Шанхай буд, ки кумак кард. 860 миллион доллар ба Тоҷикистон дод. Барои 40 сол ва бо ҳамагӣ 2 фоиз! Кадом кишвари ҷаҳон ин корро кардааст? Ягон кишварро барои мо ин корро накард.”

Аммо Шокирҷони Ҳаким мегӯяд, кишварҳои худкомае, мисли Тоҷикистон барои он ба домани Созмони Шанхай ва Чин чунин сахт “часпидаанд”, ки онҳо дар ивази ёриҳои молии худ аз Душанбе мисли ниҳодҳову давлатҳои ғарбӣ аз масоиле, ба мисли демократия ё ҳуқуқи башар намепурсанд: “Онҳо ба хубӣ дарк мекунанд, ки шартҳои додани қарз ё сармоя ба иқтисоди Тоҷикистон аз раванди демократӣ ва вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсон вобастагӣ надорад. Агар таҳлил кунем, мебинем, ки низоми сиёсии худро ҳам таҳмил кардаанд. Яъне ҳамон як ҳизби сиёсӣ бо чанд ҳизби дигари идорашаванда, нашрияҳо амал мекунанд, садову симо ҳаст, вале сензураи ғайрирасмӣ низ вуҷуд дорад.”

Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар ҳоли ҳозир 6 кишвар – Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистонро муттаҳид мекунад. Ҳинду Покистон ва Эрону Афғонистону Муғулистон дар ин созмон мақоми нозирро дошта, Озарбойҷону Арманистон, Сурияву Непал ва Бангладеш низ барои касби чунин мақом дархост додаанд.

XS
SM
MD
LG