Пайвандҳои дастрасӣ

Ш.Қурбонов: "Таваллуди фарзанд набояд тасодуф бошад"


Шамсиддин Қурбонов

Шамсиддин Қурбонов

Дар Тоҷикистон ҳар сол тақрибан 225 ҳазор кӯдак таваллуд мешавад, ки аз онҳо 3-4 дарсад бо нуқс ба дунё меоянд. Никоҳи хешутаборӣ аз иллатҳои аслии нуқси кӯдакон будааст.

Ахиран аз ҷониби яке аз вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳоде ба миён омад, ки издивоҷи байни хешовандон тибқи қонун манъ шавад.

Тарафдорони ин пешниҳод бар инанд, ки чунин заношӯиҳо сабаби таваллуди кӯдакони ноқис мешавад. Мо аз олими соҳаи ҳифзи сиҳатии модару кӯдак, дотсент, номзади илмҳои тиб Шамсиддин Қурбонов, ки ҳамзамон муассиси маркази тиббии «Насл» аст, назарашро перомуни ин мавзӯъ пурсидем:

Шамсиддин Қурбонов: Ман ҳамеша муқобили тасмимҳои инқилобӣ будам. Танҳо бо қонун зиндагии мардумро дигар кардан ғайриимкон аст. Албатта, ҷомеае саодатманд мешавад, ки ғуломи қонун аст. Агар қонунҳо аз арзишҳои инсонии ҳамон ҷомеа бармеоянд. Бояд қонунҳои мо дар хидмати мардум бошанд.Мусаллам аст, ки дар давоми 50-60 соли охир тоҷик бештар аз ноҳияи худ оиладор шудааст. Аммо вақте чунин қонун ба тасвиб мерасонанд, бо духтараки ванҷие, ки ҳеҷ гоҳ аз деҳаи худаш набаромадааст ва ба таҳсил ҳам нарафтааст, кадом фархорӣ ё панҷакентӣ мераваду издивоҷ мекунад? Кӣ барои як зани нохондаву бесавод ба Ванҷ меравад? Агар барои он духтар шароит муҳайё созанд, ки ба Душанбе, Хуҷанд ё Кӯлоб барои идомаи таҳсил равад, шояд бо касе шинос шаваду издивоҷ кунад. Вагарна дар деҳаи худаш ва аз эҳтимол дур нест, ки бо хешованди худаш оила барпо мекунад. Одамонро байни ҳам омезиш додан лозим аст, на қонунро дигар кардан. Мутахассисонро баъди хатми хатми донишгоҳ ба ноҳияҳои гуногун равон кунанд, то панҷ сол кор кунад. Онҳо мераванд ва шояд ҳамон ҷо оиладор мешаванд. Ин аст роҳи ҳалли масъала, на зӯрӣ. Чунин қонун ба дасти мақомоти прокуратураву дигар мақомоти қудратӣ як василае мешавад барои мардумро ҷарима бастан ва ба онҳо ҷабр кардан. Аз ҳар тараф ба мардум фишор овардӣ, норозӣ мешаванд. Қабули чунин қонун пешниҳоди хом аст. Заминаи иҷтимоиву иқтисодии зиндагии мардумро муҳайё кунед, ин масъала худаш ҳал мешавад.



Озодӣ: Табибон дар бораи хатари никоҳҳои хешутаборӣ бисёр гуфтаанд ва ҳоло намояндагони порлумон низ ба ин мавзуъ таваҷҷуҳ кардаанд. Ин хатар то кадом андоза ҷиддӣ аст?

Шамсиддин Қурбонов: Ҷисми инсон бисёр мукаммалу муҷаҳҳаз офарида шудааст. Агар як ген шикаста шуд, гени ҳамтои он, ки осеб надидааст, болои онро мепӯшонад. Вақте шахс бо духтари хешованд оила барпо кунад, барои пӯшондани гени осебдида 50 дарсад гени нав вуҷуд дорад. Агар зан бо қавми дигар издивоҷ кунад ва баъд насли ӯ боз ба қавми худаш баргардад, эҳтимоли ноқис таваллуд шудани фарзанд мисли издивоҷ бо бегонагон аст. Зеро ӯ бо гену иқтидори нав баргаштааст. Дар ҳамаи издивоҷҳо 25 дарсад хавфи ноқис таваллуд шудани тифл вуҷуд дорад. Агар идивоҷ байни хешовандони наздик такрор ба такрор сурат гирад, ин хавф то 50 -75 дарсад меафзояд. Чун ген нав нашудааст. Гене, ки дар натиҷаи таъсири омилҳои беруна бемор шудааст, аз насл ба насл гузаштааст. Вақте ду гени бемор як ҷо шуд, ҳеҷ имкон надорад, ки тифли солим ба дунё оянд.

Озодӣ: Чун Шумо солиёни тўлонӣ бо масоили сиҳатии модару кўдак сари кор доред, кадоме аз ду масъала ҷиддитар аст: таваллуди фарзанди ноқис аз волидони хешованд ё заъфи ҷисмонии худи занон?

Шамсиддин Қурбонов: Дар Тоҷикистон ҳар сол тақрибан 225 ҳазор кӯдак таваллуд мешавад, ки аз онҳо 3-4 дарсад бо нуқс ба дунё меоянд. Ин хеле зиёд аст аст. Яъне, ҳар сол шаш ҳазор кӯдаки нуқсондор таваллуд мешаванд. Қисме аз онҳо дар моҳҳои аввал мефавтанд. Ҳамаи омилҳоеро, ки сабабгори ноқис таваллуд шудани тифлон мегарданд, ба се гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст. Омили якум издивоҷи хешовандист. Аз се як ҳиссаи ин кӯдакон аз чунин издивоҷ ба дунё меоянд. 50-60 дарсади дигар аз сироятҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда таваллуд мешаванд. Ин бемориҳо дар Тоҷикистон он қадар афзудаанд, ки маъмулӣ шудаанд. Омили сеюмашро касе гуфта наметавонад. Шояд омехтаи ин ҳарду омил аст. Яке аз роҳҳои коҳиш додани теъдоди кӯдакони нуқсдор кам кардани издивоҷи хешовандист. Вале ба ин масъала мо бояд назари комплексӣ дошта бошем. Мардумро одат кунонем, ки таваллуди фарзанд набояд ҳодисаи тасодуфӣ бошад.


Озодӣ: Аз сӯи дигар шумо медонед, ки бо вуҷуди таъкидҳои бамаротиб оилаҳое ҳастанд, ки як фарзанди маъюб доранд вале боз бачча дигарро ба дунё меоранд. Ё худ дар хонаводаҳое, ки 5-6 фарзанд доранд, синни зан аз чил болост, шароити иқтисодиашон низ чандон хуб нест, боз тифл ба дунё меоранд. Онҳо як тавҷеҳ доранд, ки ки ризқи фарзандро Худо медиҳад. Омори расмӣ дар ин бора чӣ мегўяд? Оё теъдоди чунин оилаҳо зиёд аст?

Шамсиддин Қурбонов: Бояд шиори мардуми мо «ман фарзанди кам, вале солим мехоҳам» бояд бошад. Тавре зикр шуд, ҳар сол дар Тоҷикистон 220 ҳазор кӯдак ба дунё меояд. Иқтидору имконияти молиявии Тоҷикистон ба мо имкон намедиҳад, ки ҳар сол барои 220 ҳазор кӯдак зиндагии сазовор муҳайё кунем. Ин баробари аҳолии як ноҳия аст. Ҳар сол мо барои ин қадар одам мактаб, замини обӣ, манзил, муассисаи тиббӣ, роҳ, ҷойи кор ва дигарҳоро месозем. Агар ин тавр давом кунад, мо ғулом мешавем ва барои Русияву дигар давлатҳо танҳо мардикороне, ки кори сиёҳ мекунанд, ба воя мерасонем. Агар мо миллати солиму бофарҳанг хоҳем, бояд поямонро ба чени кӯрпаамон дароз кунем. Ба миллати мо хатари нобудшавӣ ё пиршавӣ таҳдид намекунад. Афзоиши таваллуд баланд аст. Ҳар сол аҳолӣ 2,3 дарсад меафзояд. Сину соли миёнаи аҳолӣ дар Тоҷикистон 24 сол аст. 40-50 дарсади аҳолӣ 14-сола аст. Дар Тоҷикистон аз истеҳсолкунанда истеъмолкунанда зиёд аст. Мо бояд таваллуди навро кам карда, синну соли миёнаро бештар кунем. Агар синни миёнаи аҳолӣ 35-сола шавад, зиндагии онҳо хуб хоҳад шуд.

Озодӣ: Воқеан, ҷолиб аст, ки шумо бо вуҷуди намояндаи ҷинси мард будан табобати бемориҳои занонаро самти фаъолияти хеш қарор додаед. Чӣ боис шуд, ки шумо ба ин бахши тиб рў оваред?

Шамсиддин Қурбонов: Ман фикр мекунам, ки аввалан саломатии модарам боис шуд. Ҳангоми таваллуд дар зоишгоҳи ноҳияи Фархор аз хунравии зиёд ҳолаш бад шуд. Додарчаам баъди таваллуд фавтид. Камхунии вазнин дошт. Баъди он модарам ба худ наомад. Модарамро аз даст додем.
Баъди хатми донишгоҳи тиббӣ ман мехостам ҷарроҳ шавам. Маро терапевт гузаронданд. Гуфтам, табиби бемориҳои занона мешавам, чун ин ҳам ба бахши ҷарроҳӣ дохил мешавад, баъд ҷарроҳ мешавам. Вақте як-ду сол кор кардам, аллакай дар миёни модарон ҳал шудам. Ба ман ин касб писанд омад. Инак, 25 сол аст дар ин самт фаъолият дорам. Хушбахтона, оилаам ҳам табиби навзодон аст, маро дарк мекунад.

Муаррифинома:

Шамсиддин Қурбонов баъди хатми донишгоҳи тиббӣ тӯли 25 сол дар вазифаҳои масъули соҳаи тандурустӣ фаъолият кардааст. Номзади илмҳои тиб. Муаллифи беш аз сад мақолаи илмиву оммавист. Ҳамзамон бо фаъолияти тиббӣ сардабирии мақаллаҳои «Модар» ва «Модар ва кӯдак»- ро ба зимма дошт. Директори Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон буд. Ҳоло муассиси Маркази тиббии «Насл» аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG