Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи ноҳияи Сино рӯзи 16 феврал қарори ҳабси пешакии Саидмаҳдихон Сатторов, мулаққаб ба "Шайх Темур"-ро содир кардааст. Ҳоло ӯ дар боздоштгоҳе дар пойтахт қарор дорад. То ин дам дар "ҳабси хонагӣ" дар Турсунзода буд.

Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф бо лақаби "Шайх Темур", ки тақрибан ду ҳафта боз "авлиёгӣ"-ву "даъвои пайғомбарӣ"-яш сӯҳбати хосу омро дар кишвар гарм нигоҳ медорад, аз тарафи мақомот боздошт ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Ӯ то ин замон дар "ҳабси хонагӣ" дар шаҳри Турсунзода буд.

Боздошту ҳабси пешакии "Шайх Темур" рӯзи 16 феврали соли ҷорӣ бо дархости Додситонии кулли Тоҷикистон ва бо қарори Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сурат гирифтааст. Мақомот ин сокини 65-солаи шаҳри Турсунзодаро бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ - 250, қисми 4 (тамаъҷӯӣ ба миқдори махсусан калон), 164 (монеъ шудан ба таҳсили фарзандон) ва 170​ (бисёрзанӣ) - муттаҳам мешуморанд.

Абдуҳаким Холиқов, додраси Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт, рӯзи 17 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Саидмаҳдихон Сатторов то ду моҳ, яъне анҷоми марҳилаи аввали тафтишотӣ, дар боздошт хоҳад монд.

Абдуҳаким Холиқов, додраси Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт

Абдуҳаким Холиқов, додраси Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт

"Раҳоӣ ва ё дар боздошт боқӣ мондани ӯ аз ҷараёни тафтишот ва натиҷааш вобаста аст",-гуфт ӯ. Мусоҳиби мо илова кард, ҳангоми қироати қарор худи "Шайх Темур" низ дар додгоҳ ҳузур дошта, гунаҳкорияш бар асоси моддаи 250, қисми 4, яъне тамаъҷӯӣ ба миқдори махсусан калонро рад карда, фақат дар баъзе ҳолатҳо худро гунаҳкор донистааст.

"Вай худро бар асоси ду моддаи дигар, яъне монеъ шудан ба таҳсилу бисёрзанӣ эътироф кард. Фақат дар масъалаи тамаъҷӯӣ ба миқдори махсусан калон гуфт, қисман худро айбдор медонад ва хоҳиш кард, зиндонӣ нашавад",-шарҳ дод Абдуҳаким Холиқов.

Моддаи 250, қисми 4 аз 15 то 20 соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад.

“МАҚБАРАИ МАРМАРӢ”

Саидмаҳдихон Сатторов дар ҳоле боздошт ва ба ҳабси пешакӣ маҳкум шуд, ки телевизионҳои давлатии Тоҷикистон шоми 16 ва субҳи 17 феврал навори тозаеро дар бораи мақбараи мармарии падари ӯ – “Шайх Саттор” дар ноҳияи Ваҳдат низ намоиш доданд. Муаллифон

Мақбараи "Шайх Саттор"

Мақбараи "Шайх Саттор"

гуфтанд, “Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Мавлоно Яъқуби Чархӣ, Ҷалолиддини Румӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва садҳо олимони шинохтаи дунё дар минтақаҳои гуногун хок шудаанд, вале ба ин дараҷа мақбараву оромгоҳи пурдабдаба надоштанд.”

Дар навори телевезионҳои давлатӣ баён шуд, гӯиё ин мақбара бо сангҳои қимматбаҳо аз тарафи Шайх Темуру пайравонаш дар соли 1996 бунёд шуда, чанд соли пеш баъд аз як сӯхтор дубора бозсозӣ гардидааст. Мулалифони навор “Шайх Темур”-ро барои хурофотпарастӣ ва сохтмони чунин мақбараи пурдабдаба интиқод карданд. Дар ҳоле ки ба иддаои онҳо “ӯ ба кадом ятиме дасти ёрӣ дароз накардааст”.

Айни видео дар Ютуб:

ШАРҲИ ДОДСИТОНӢ

Аз ин пештар, Додситонии шаҳри Турсунзода гуфта буд, ба таҳқиқи бахше аз иттиҳомоти “Шайх Темур” оғоз кардааст, ки аз тарафи Идораи амният пешниҳод шудааст.

Як корманди додситонии Турсунзода рӯзи 12 феврал ба Радиои Озодӣ гуфта буд, бахши амнияти ин шаҳр як қисми маводи марбут ба амалҳои Саидмаҳдихон Сатторовро, ки миёни мардум бо номи “Шайх Темур” маъруф аст, ба ихтиёри додситонӣ гузошт ва ин санадҳо феълан аз тарафи муфттишони додситонӣ омӯхта мешаванд. Ба қавли мусоҳиби мо, маводи пешниҳодшуда аз баёноти шоҳидону шогирдон, наздикони ҳамсарҳои "Шайх Темур" иборат будааст.

“РИВОЯТИ ШАЙХТ ТЕМУР”

Шабакаи якуми телевизиони давлатии Тоҷикистон шоми 6 феврал филми мустанади нимсоатӣ дар бораи Саидмаҳдихон Сатторовро нашр кард. Дар ин филм гуфта мешуд, ин рӯҳонии 65-сола 7 зан дорад ва дар соли 2012 номи худро ҳатто дар ҳуҷҷатҳои расмиаш аз Темур ба Саидмаҳдихон иваз кардааст.

Муаллифони филм “Шайх Темур”-ро як “қаллоби динӣ” ба қалам дода, мегӯянд, ӯву муридонаш бо сӯиистифода аз бесаводию гумроҳии мардум тавонистаанд садҳо нафарро ба доми фиребашон андохта, барои худ аз ҳисоби ин мардуми аз дунё бехабар зиндагии пур аз нозу неъмат ва айшу ишрат дуруст кунанд.

Гуфта шуд, “Шайх Темур” бо табобати мардум бо ояҳои Қуръон соҳиби обрӯ шуда, дар ниҳоят худро “Имом Маҳдӣ” ва ҳатто “паёмбари охируззамон” эълон кардааст. Ба қавли мақомот, ӯ бо сӯистифода аз маҳбубияти худ қисме аз замини мактаби деҳи Сангмелаи Мӯсоро ғасб карда, барои як ҳамсараш манзили зист бунёд мекунад.

​Мақомоти қудратии Тоҷикистон ҳар сол даҳҳо рӯҳониро бо иттиҳомоти гуногун, асосан бо ҷурми бадрафториҳои ҷинсӣ ва ё таълими ғайриқонунии улуми динӣ, боздошт мекунанд, аммо ин бори аввал аст, ки як рӯҳонӣ аз тариқи телевизиони давлатӣ ба даъвои “авлиё” будану худро “Имом Маҳдии замон” ва ҳатто “Пайғамбар” муаррифӣ карданаш муттаҳам мешавад.

Дар мавридҳои қаблии боздошти ин ё он рӯҳонӣ бо иттиҳоми бадрафториҳои ҷинсӣ ва нашри наворҳои шаҳвонӣ бо ширкати рӯҳониён мунтақидони давлат ин ҳамаро ҷузъе аз маъракаи тарҳрезишудаи бадном кардани аҳли дин дар чашми ҷомиа меномиданд.

Барномаи ТВ-ҳои давлатӣ дар бораи "Шайх Темур":

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG