Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи олии Тоҷикистон Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба “Шайх Темурро”-ро ба 16 соли зиндони низомаш пурзӯр, маҳкум кард. Шайх Темур ба тамаъҷӯӣ, бисёрзанӣ, монеъ шудан ба таҳсили фарзандон ва ишғоли худсаронаи замин гунаҳкор дониста мешавад.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 8-уми июл ҳукми худ дар нисбати Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба "Шайх Темур"-ро эълон ва ӯро барои 16 сол равонаи зиндон намуд. Додгоҳ ҳамчунин муриди 39-солаи ӯ Фузайл Низомовро ба иттиҳоми тамаъҷӯӣ понздаҳуним сол зиндонӣ кард. Мавлудхон Салихов, вакили мудофеи "Шайх Темур" ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мурофиаи парвандаро Додгоҳи олии Тоҷикистон пушти дарҳои баста дар толори Боздоштгоҳи рақами яки Душанбе анҷом дод.

Духтари "Шайх Темур" , ки дар ин мурофиа ширкат дошт, пас аз эълони ҳукми додгоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз ҳукми додгоҳ нисбати падараш розӣ нест ва ба зинаҳои болоии додгоҳ, ҳатто ба президент шикоят хоҳанд бурд.

Духтари "Шайх Темур" ҳамзамон далелҳоеро, ки телевизионҳои давлатӣ ҳамчун иттиҳом алайҳи падари ӯ пахш карда буд, беасос хонд ва гуфт: “Мо 8 фарзанди ӯ ҳама соҳибмаълумотем ва бо корҳои соҳибкоримон ба падарамон кӯмак мекунем. Вай худ бо корҳои хоҷагӣ ва асалпарварӣ машғул буд. Падарам дар асл шахсияти хоксор аст ва ҳеҷ нафареро зӯран ба занӣ нагирифтааст. Баъди оне, ки модарам вафот кард, сипас зани дигар гирифт ва ҳамеша ба занҳои бева кӯмаку хайр мекард.”

Эълони ҳукми "Шайх Темур" дар ҳолест, ки рӯзи 30 июн айбдоркунандаи давлатӣ Дилафрӯз Исмоилова аз додгоҳ барои “Шайх Темур” 18 соли зиндон ва барои муриди ӯ Фузайл Низомов 16 соли зиндонтақозо кард. Саидмаҳдихон Сатторов рӯзи 7 июл дар сухани охиринаш дар додгоҳ аз ҷамъи иттиҳомоти алайҳи ӯ эълоншуда танҳо бисёрзаниро ба гардан гирифта, аз додгоҳ хост, ки синну соли ӯро ба инобат бигирад ва дар ин моҳи Рамазон аз толори додгоҳ озодаш кунад.

Саидмаҳдихон Сатторов, сокини 65-солаи ноҳияи Турсунзода рӯзи 16 феврали соли ҷорӣ дастгир шуда ва алайҳи ӯ бар асоси моддаи 250, яъне тамаъҷӯӣ, моддаҳои 164 (монеъ шудан ба таҳсили фарзандон), 243 (таҳқири ҷасади фавтидагон ва ё несту нобуд кардани гӯрҳо), моддаи338 (ишғоли худсаронаи замин) айбнома эълон шудааст.

Дар як гузориши телевизиони давлатии Тоҷикистон Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба “Шайх Темур” ба он айбдор мешуд, ки гӯё даъвои пайғамбарӣ мекард ва дар яке аз гӯристонҳои ноҳияи Ваҳдат чандин қабрро вайрон карда, барои падараш мақбараи бузургу боҳашамате сохтааст. Ӯ ҳамчунин ба бисёрзанӣ ва тасарруфи замини як мактаб айбдор мешуд.

Дар ин филми мустанад гуфта мешуд, ки Саидмаҳдихон Сатторов 7 зан дорад ва соли 2012 номи худро дар ҳуҷҷатҳои расмиаш аз Темур ба Саидмаҳдихон иваз кардааст. Дар ин филм ровӣ мегӯяд: "Ӯ охири соли 2011 ва аввали соли 2012 худро "Имом Маҳдӣ", пайғамбари охируззамон эълон мекунад. Ва ҳатто исмашро аз Темурхон ба Саидмаҳдихон расмӣ месозад.”

Муаллифони филм "Шайх Темур"-ро як "қаллоби динӣ" ва пайравони ӯро “саллакабудон” номиданд ва гуфтанд, ки ӯ ва муридонаш садҳо нафарро ба доми фиреб андохта, барои худ аз ҳисоби мардум зиндагии пур аз нозу неъмат ва айшу ишрат дуруст кунанд. Дар ин филми мустанад зери унвони “Ривояти Шайх Темур” гуфта мешуд, Саидмаҳдихон Сатторов қисме аз замини мактаби деҳи Сангмелаи Мӯсоро ғасб карда ва барои як ҳамсараш хона сохтааст.

Дар ин филм зане, ки худро ҳамсари "Шайх Темур" муаррифӣ кард, гуфт, ки шайх ӯро девона эълон кард ва иҷборан ба бемористони касалиҳои ӯҳӣ фристод. Дар як саҳнаи дигари филм дида мешуд, ки муридон ва ё пайравони Саидмаҳдихон Сатторов, барои пойандози ӯ кашмакаш мекунанд ва баъзе аз онҳо мошини ӯро мебӯсанд.

Саидмаҳдихон Сатторов, соли 1950 дар шаҳри Ваҳдат ба дунё омада ва дар овони ҷавониаш 2 сол зиндонӣ шудааст. Баъдан ба водии Ҳисор кӯч баста, дар деҳаи Асбоби ноҳияи Турсунзода зиндагӣ мекунад. Ба гуфтаи мақомот, ӯ дар ноҳияҳои Шаҳринав ва Ҳисор манзили зист ва 7 зан доштааст. Баъзе аз эътиқодмандони Шайх Темур гуфтанд, ки иддаоҳо дар бораи ӯ тӯҳмат аст. ​

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG