Пайвандҳои дастрасӣ

"Шайх Темур" бисёрзаниро пазируфт, аммо "даъвои паёмбарӣ"-ро рад кард


Ҳарчанд "Шайх Темур" дар ибтидо ба "иддаои паёмбарӣ" муттаҳам мешуд, дар парвандаи ҷиноятӣ алайҳи вай чунин иттиҳом ворид нашудааст ва ҳатто зимни мурофиа баррасӣ нагардид.

Нахустин мурофиаи додгоҳии Саидмаҳдихон Сатторов маъруф ба "Шайх Темур" рӯзи гузашта пушти дарҳои баста сурат гирифт. "Шайх Темур" дар ҷараёни баррасии парванда се иттиҳом алайҳи худро пазируфта ва дуи онро кардааст. Ин мурофиа рӯзи сешанбеи 9 июн таҳти раёсати додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон Шавкат Лутфуллозода дар боздоштгоҳи рақами аввали Душанбе сурат гирифтааст.

Мавлудхон Салихов, вакили мудофеи Саидмаҳдихон Сатторов рӯзи 10 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин мурофиа "Шайх Темур" гуноҳи худро тибқи моддаи 170 (бисёрзанӣ), моддаи 164 (монеъ шудан ба таҳсили фарзандон) ва моддаи 338 (худсарона соҳиб шудан ба қитъаи замин)-ро ба гардан гирифт. Ба гуфтаи ин вакили дифоъ, аммо зерҳимояаш иттиҳом алайҳи худ тибқи моддаи 250, қисми 3 (тамаъҷӯӣ дар ҳаҷми махсусан калон ва моддаи 243 (несту нобуд кардани қабристонро) напазируфтааст.

Ба гуфтаи Мавлудхон Солиев, дар мурофиа ҷабрдидаҳо, аз ҷумла раиси пешини корхонаи хиштбарории ноҳияи Шаҳринав Исроил Назаров ҳузур дошт ва Шайх Темур бо ишора ба иттиҳоми тамаъҷӯӣ алайҳи худ гуфтааст, ки раиси заводи хишти Шаҳринав худ заминҳоро ба ӯ туҳфа кард ва бар замми ин боз 70 ҳазор доллар аз ӯ қарздор будааст.

Саидмаҳдихон Сатторов, сокини 65-солаи ноҳияи Турсунзода 16 феврали соли ҷорӣ бо дархости Додситонии кулл ва бо қарори Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе боздошт ва ба ҳабси пешакӣ гирифтанд. Шайх Темур то он замон дар "ҳабси хонагӣ" дар шаҳри Турсунзода буд. Мақомот таҳқиқи парвандаи Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф бо лақаби "Шайх Темур"-ро, ки гӯиё "даъвои пайғамбарӣ" мекард, ҳанӯз дар авоили моҳи май ба анҷом расонда, мунтазири хулосаи додситони кулл будаанд.

Муҳокимаи "Шайх Темур" дар ҳоле пушти дарҳои баста сурат гирифт, ки аз ин қабл вакили дифои ӯ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, шояд муҳокима ошкор сурат бигирад, зеро ҷиноятҳое, ки содир шудааст, ҷинояти махсусан вазнин ба ҳисоб намеравад.

Саидмаҳдихон Сатторов 10 рӯз баъд аз пахши як филми мустанади нимсоатӣ дар бораи ӯ дастгир шуд, ки зоҳиран аз тарафи маъмурони амниятӣ наворбардорӣ шудааст. Дар ин филм гуфта мешуд, рӯҳонии 65-сола 7 зан дорад ва соли 2012 номи худро дар ҳуҷҷатҳои расмиаш аз Темур ба Саидмаҳдихон иваз кардааст.

Дар ин филм ровӣ мегӯяд: "Ӯ охири соли 2011 ва аввали соли 2012 худро "Имом Маҳдӣ", пайғамбари охируззамон эълон мекунад. Ва ҳатто исмашро аз Темурхон ба Саидмаҳдихон расмӣ месозад. Ба эътиқоди бародарони аҳли ташайюъ Имом Маҳдӣ имоми дувоздаҳум буда аз насли Пайғамбар (с) аст. Ва ҳангоми омаданаш қиёмат фаро мерасад." Муаллифони филм "Шайх Темур"-ро як "қаллоби динӣ" номида мегуфтанд, ӯ ва муридонаш, ки саллаи кабуд мебастанд, тавонистаанд, садҳо нафарро ба доми фиреб андохта, барои худ аз ҳисоби ин мардуми ноогоҳ зиндагии пур аз нозу неъмат ва айшу ишрат дуруст кунанд.

Дар ин филми мустанад зери унвони “Ривояти Шайх Темур” гуфта мешуд, Саидмаҳдихон Сатторов қисме аз замини мактаби деҳи Сангмелаи Мӯсоро ғасб карда ва барои як ҳамсараш хона сохтааст. Ҳамчунин занеро нишон доданд, ки гӯиё ҳамсари Шайх Темур будааст ва ӯро баъдан бемори рӯҳӣ гуфта, ба тимористон овардаанд.

Дар як саҳнаи дигари филм дида мешуд, ки муридон ва ё пайравони Саидмаҳдихон Сатторов, барои пойандози ӯ кашмакаш мекунанд ва баъзе аз онҳо мошини ӯро мебӯсанд. Саидмаҳдихон Сатторов, соли 1950 дар шаҳри Ваҳдат ба дунё омада ва дар овони ҷавониаш 2 сол зиндонӣ шудааст. Баъдан ба водии Ҳисор кӯч баста, дар деҳаи Асбоби ноҳияи Турсунзода зиндагӣ мекунад. Ба гуфтаи мақомот, ӯ дар ноҳияҳои Шаҳринав ва Ҳисор манзили зист ва зан доштааст.

Баъзе аз эътиқодмандони Шайх Темур гуфтанд, ки иддаоҳо дар бораи ӯ тӯҳмат аст. Маълум нест, рӯҳонии 65-солаи тоҷик чӣ ҳукме мегирад, вале барои монеъ шудан ба таҳсили фарзандон дар Тоҷикистон ҷаримаҳои бузург, барои бисёрзанӣ дар Тоҷикистон то 2 соли зиндон ва барои тамаъҷӯӣ дар ҳаҷми бузург аз 15 то 20 соли зиндон ҷазо муқаррар шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG