Пайвандҳои дастрасӣ

Либоси тоҷикии Шаҳноз дар СММ "либоси беҳтарини миллӣ" шуд. ВИДЕО


Шаҳнози Эроншоҳ (аз тарафи рост)

Шаҳнози Эроншоҳ (аз тарафи рост)

Намояндаи Тоҷикистон дар озмуни “Шоистатарин духтари СММ-2016” барандаи озмуни "Беҳтарин либоси миллӣ" шуд. Вай гуфт, тоқии гулдӯзиро хоҳараш аз Тоҷикистон фиристода ва онҳо камзӯли бахмали зардӯзиро дар Амрико таҳия кардаанд.

Намояндаи Тоҷикистон Шаҳнози Эроншоҳ дар озмуни "Беҳтарин либоси миллӣ"-и ҷашнвораи "Шоистатарин духтари СММ" баранда шуд. Озмун шоми 12 август дар шаҳри Солтлейк ситии иёлати Ютаи Амрико натиҷагирӣ шуд ва намояндаи Итолиё барандаи ҷоизаи аслии ин озмун гардид.

Намояндаи Тоҷикистон Шаҳнози Эроншоҳ дар миёни 10 шоистатарин духтари ширкатдори озмун то бахши ниҳоии озмун расид. Вай дар як сӯҳбати телефонӣ рӯзи 15 август ба Радиои Озодӣ аз Амрико гуфт, дар бахши ниҳоии озмун барои тоҷи маликаи зебоӣ 16 номзад мубориза ва бархе аз онҳо дар озмунҳое мисли “Либоси беҳтарини шом”, “Ҳунари суханварӣ” ва дигар дастболо шуданд.

Шаҳноз гуфт, либоси миллии ӯро, ки барандаи озмуни “Беҳтарин либоси миллӣ” эътироф шудааст, Заррина - як дизайнери тоҷик дар Ню-Йорк таҳия кардааст. Вай гуфт, ки тоқии гулдӯзиро хоҳараш аз Тоҷикистон фиристод ва онҳо камзӯли бахмали зардӯзиро ҳамроҳ бо Заррина дар Амрико таҳия карданд.

"Модели либосро бевосита пеш аз озмун ҳамроҳ бо Заррина таҳия ва дуруст кардем. Аз болои камзӯл як порчаи ҳариру заррини дигаре буд, ки ҳусни либосро боз ҳам зеботар мекард," - гуфт ӯ. Дар бахши “парад” баъдан Шаҳноз парчами миллии Тоҷикистонро алвонҷ дода аз саҳна гузаштааст.

Вале озмуни “Шоистатарин духтари СММ”, ки дигар барои соли 2016 натиҷагирӣ шуд, барои Шаҳнози Эроншоҳ чӣ дод?" – мепурсем аз ӯ.

Шаҳнози Эроншоҳ дар паради парчами миллӣ байрақи Тоҷикистонро муаррифӣ кард

Шаҳнози Эроншоҳ дар паради парчами миллӣ байрақи Тоҷикистонро муаррифӣ кард

"Ин озмун, воқеан, хеле чизҳои навро барои ман ёд дод. Шурӯъ аз тарзи тақдиму муаррифии худ, гашту сурати зебо, то тарзи сӯҳбат кардан бо мардуми зиёд. Ман бояд аз саҳнаи баланд истода, назари худро роҷеъ ба масоили мухталиф баён мекардам, бояд дар бораи Тоҷикистон ва вижагиҳои кишвар маълумот медодам, то сухани ман қобили эътимод бошад, ба гӯши шунаванда бирасад ва дар ёдаш бимонад," - посух дод Шаҳноз.

Ҳамаи ин, ба гуфтаи Шаҳнози Эроншоҳ, як ҳунар ва мактаб аст ва ӯ умед дорад, ки ин марҳила дар зиндагиаш баъди шурӯи кор дар соҳаи дипломатияи байналмилалӣ ёрӣ хоҳад кард.

Шаҳноз гуфт, аз шонси муаррифӣ кардани Тоҷикистон дар ин озмун бисёр сарфароз ва ба ҳамаи онҳое, ки аз ӯ тарафдорӣ кардаанд, сипосгузор аст. Шаҳнози Эроншоҳ соли ҷорӣ аз рӯи ихтисоси равобити байналмилалӣ коллеҷи шаҳри Ню-Йорк (City College of New York)-ро хатм кардааст. Ӯ зодаи шаҳри Душанбе буда, бо аҳли хонаводааш дар дусолагӣ ба Русия кӯчид ва то 18-солагӣ он ҷо зиндагӣ кард.

Cоли 2011 барандаи озмуни “Шоистататарин духтари СММ” Нилуфар Шерзод, як духтари дигаре аз Тоҷикистон шуд.

Ин мусоҳибаи ихтисосии Шаҳнози Эроншоҳ бо Озодӣ рӯзи 21 июл сабт шудааст:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG