Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозори "Шоҳмансур"-и Душанбе дар рӯзи 1-уми май (ВИДЕО)


Сар аз 1-уми май дар Бозори “Шоҳмансур”-и шаҳри Душанбе танҳо хӯрокворӣ, сабзавот ва меваи тар ба фурӯш хоҳад рафт. Фурӯши либос, маҳсулоти саноатӣ ва хушкмева дар ин ҷо манъ шуд.

Зиёда аз 100 дӯкону фурӯшгоҳу растаи Бозори “Шоҳмансур”-и шаҳри Душанбе, ки ба фурӯши либосу матоъ, пойафзол, асбобҳои рӯзгор ва хушкмева машғул буданд, акнун ё баста ё холиянд. Шаҳрдории Душанбе талош дорад, барои онҳо ҷои нав пайдо кунад. Аз ҷумла ба дӯконҳои хушкмева пешниҳод шудааст, ки ба бозори "Пойтахт - 90" кӯчанд, вале маълум нест, ин теъдод аз фурӯшгоҳҳои хурду бузург дар куҷо макон пайдо хоҳанд кард.

Намояндаи маъмурияти бозор ар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин дӯконҳо, ки асосан хусусиянд ва аксаран дар ҷойҳои номувофиқ бунёд гаштаанд, бо тағйири шароит бояд барои худ макони нав пайдо кунанд.

Дар харитаи ин бозор дида мешавад, ки беш аз 50 дарсади биноҳои он хусусӣ шуда, қисме таъиноти худро тағйир додаанд. Барои намуна, анбори собиқ ба ошхонаву маркази савдои масолеҳи сохтмонӣ табдил ёфтааст.

Бахтиёр Лақаев, раиси бозори "Шоҳмансур" гуфт, ки дастури баста шудани ин дӯконҳо ба он маъно нест, ки онҳо дигар фаъолият накунанд. Ба бархе аз онҳо пешниҳод шудааст, навъи моли худро дигар кунанд ва ба фурӯши ғизо рӯй оранд.

Бозори "Шоҳмансур" дар рӯзи иҷрои қарори Убайдуллоев
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:21 0:00

Роҳбарияти Бозори “Шоҳмансур” мегӯянд, бозор ба фаъолияти аввалаи худ, ки асосан аз фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ ва сабзавот иборат буд, бармегардад ва ба ин тартиб ҳар яке аз бозорҳои Душанбе ба анвои муайян молу коло ихтисос дода хоҳанд шуд. Аммо дар гузашта яке аз фурӯшгоҳҳои асосии мебел, дастгоҳҳои рӯзгордорӣ, сарулибос ва пойафзол маҳз дар ҳамин бозор воқеъ буданд ва кори сокинони атрофро осон мекарданд. Бархе аз ин сокинон мегӯянд, талошҳои ислоҳи ҳарҷу марҷро дар бозор ва ба тартибу танзими муайян овардани он ташаббуси нек аст, аммо мушкил бештар дар фарҳанги шаҳрдорию бозордорист, то дар навъу намуди моли тиҷоратӣ.

Аз сӯи дигар, тоҷирон мегӯянд, бо вуҷуди қарори раиси шаҳри Душанбе, дар бозори нави “Пойтахт-90” на ҳамаи ин фурӯшандаҳо ҷой мегиранд ва бо сабаби идома надодани фаъолияти худ қарзҳояшон афзун гардида, онҳоро ба муфлисӣ мерасонад. Вале онҳо мегӯянд, ба қарори нав итоат мекунанд.

Дар пайи як дастури раиси шаҳри Душанбе барои ба танзим даровардани бозори "Шоҳмансур" ва ҷилавгирӣ аз тамбашавии мошинҳо чанде аз дӯконҳои атрофи он баста шуданд. Ин тасмим рӯзи шанбеи 25 апрел норозигии даҳҳо тоҷири канори бозорро ба бор овард ва онҳо аз мақомот талаб карданд, ки ба ҳарфашон гӯш дода шавад. Ин гурӯҳи тоҷирон то ба идораи Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон рафтанд, то ҳарфи дилашонро тариқи оинаи нилгун изҳор доранд.

Бозори "Шоҳмансур" аз бозорҳои маъруфи пойтахти Тоҷикистон аст, ки дар он ҷо бештар маҳсулоти ғизоӣ, сабзавоту меваҷот ва либосу матоъ мефурӯшанд. Вале тоҷирон танҳо дар дохили бозор набуда, гурӯҳе аз онҳо дар ду тарафи роҳи паҳлӯи бозор ҳам саф мекашанд, ки гоҳо ба роҳгузарии сокинон халал ворид мешавад. Бархе аз нозирони умур мегӯянд, солҳои сол аст, ки ин вазъ дар бозори "Шоҳмансур" мушоҳида мешавад ва ҳоло тасмими бастани баъзе дӯконҳо барои тамбанашавӣ дар назди бозор шояд баҳонаи хубе барои кӯч додани тоҷирон ба маркази савдои "Пойтахт 90" бошад.

Дар ҳоле ки моҳи январи соли ҷорӣ масъулони шаҳрдорӣ дар нишасти хабарӣ иқрор карда буданд, "ними муассисаи давлатии “Маркази савдои Пойтахт 90” холист". "Маркази савдои Пойтахт-90", ки бо 194 миллион сомонӣ аз буҷаи шаҳри Душанбе дар кӯчаи "Меҳнат" бунёд шудааст, моҳи сентябри соли 2014 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

XS
SM
MD
LG