Пайвандҳои дастрасӣ

Шаҳбол Мирзоев, сарбози маҷрӯҳшудаи тоҷик, ки дар Маскав ҷарроҳӣ шуда ва дар бемористони вилоятӣ дар шаҳри Хуҷанд бистарӣ аст, ба зудӣ ба Маркази офиятбахшӣ интиқол меёбад.

Шаҳбол Мирзоев, сарбози маҷрӯҳшудаи нерӯҳои марзбонӣ, ки дар Маскав ҷарроҳӣ шуда ва дар бемористони вилоятӣ дар шаҳри Хуҷанд бистарӣ аст, ба зудӣ ба Маркази офиятбахшӣ интиқол меёбад. Пайвандони Шаҳбол мегӯянд, бо вуҷуди наздик шудани таҷлил аз 20-солагии нерӯҳои марзбонӣ, ки ҳамарӯза тариқи шабакаҳои телевизиони давлатӣ эълон мекунанд, сарраёсати марзбонӣ ба ин сарбозӣ ҳамакнун маҷрӯҳи худ кӯмаке накардаанд.

Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол, рӯзи шанбеи 24-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "ҳоло вазъи писарам нисбат ба пештара хеле хуб аст. Пизишкон марҳалаҳои ахири тоза кардани шушашро анҷом медиҳанд ва эҳтимол дорад 4 - 5 рӯзи дигар ин раванд идома кунад. Баъдан Шаҳболро ба маркази реабилитасионий мегузаронем."

Ба гуфтаи ҷаноби Мирзоев, аллакай бо яке аз Марказҳои реабилитасия ё офиятбахшӣ дар шаҳри Хуҷанд сӯҳбат шудааст ва эҳтимол дорад Шаҳбол ҳафтаи оянда ба ин марказ интиқол ёбад.

Ҳамакнун ба таъкиди Нӯъмон Мирзоев, пизишкони бемористони вилоятӣ дар шаҳри Хуҷанд Шаҳболро таҳти назорат доранд ва тамоми кушишро мекунанд, ки муолиҷаи Шаҳбол ба хубӣ сурат бигирад.

Ин аст, ки Нӯъмон Мирзоев мегӯяд, шаҳбол худашро хеле хуб эҳсос мекунад ва дасту пояшро ҷунбонида метавонад. Аммо бо ин ҳама марҳалаи барқарорӣ аз шаш моҳ то як сол идома мекунад.

Дар ҳамин ҳол, тамоми хароҷоти муолиҷаи Шаҳбол аз сӯи пайвандонаш буда ва ба гуфти падараш - Нӯъмон Мирзоев, ҳангоми интиқол аз Маскав ба Хуҷанд ва муддати як ҳафтае, ки дар бемористони вилоятӣ, ҳеҷ нафаре аз масъулони Сарраёсати нирӯҳои марзбонӣ ба аёдаташ наомаданд.

Ин ҳам дар ҳоле ки сарраёсати нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон барои таҷлили бошукуҳи 20-солагии таъсиси ин нирӯҳо омодагӣ мегирад ва рӯзи душанбеи 26-уми май ба ин муносибат дар майдони "Дустӣ", пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ паради низомӣ барпо мешавад.

Зимнан, Шаҳбол Мирзоеви 22-сола, сокини ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт, ки 7 моҳ пеш баъди хатми донишгоҳи Хуҷанд, довталабона ба хидмати артиш рафта буд, шаби 8 март баъди «гуштӣ» бо Усмоналӣ Ғайратов маъюб шудааст. Худи ӯ мегӯяд, бо вуҷуди шикастани гарданаш вайро як рӯзи дигар дар бунгоҳи тиббии қисми низомӣ нигоҳ дошта, танҳо баъди қасам хӯрданаш, ки сирри ин қазияро ба касе нахоҳад гуфт, ӯро ба беморхона бурданд.

Ҳарчанд мақомоти Сарраёсати нируҳои марзбонии Тоҷикистон ваъда кардаанд, ки куллияи масрафоти табобат ва амали ҷарроҳии Шаҳболро мепардозанд, аммо чун ин ваъда иҷро нагардид, Нӯъмон Мирзоев, падари ин сарбоз хонаашро фӯрухта ва писарашро барои ҷарроҳӣ ба Русия бурд.

Пас аз ҷарроҳӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Маскав, Шаҳбол дар таърихи 18 май тариқи парвози ҳавопаймои самти Маскав - Хуҷанд ба шимоли Тоҷикистон интиқол ёфт, ки дар анҷоми бомуваффақонаи ин кори хайр, саҳми сафорати Тоҷикистон дар Русия, дар шахси сафири вақт - Абдулмаҷид Достиев хеле бузург аст. Ҳатто ҷаноби Достиев, ду маротиба ба аёдати Шаҳбол Мирзоев ба бемористон рафт ва аз ҳисоби худаш ба ӯ маблағи 2 ҳазор доллар кумак кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG