Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шаҳбол Мирзоевро ҳафтаи оянда аз бемористон ҷавоб медиҳанд, вале то ҳол маълум нест, ки табобати ин сарбоз, ки дар қисми низомӣ гарданаш шикастааст, дар куҷо идома хоҳад ёфт ва аз ҳисоби кӣ?

Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол Мирзоев, сарбозе, ки рӯзи 8 март дар як қисми низомии нирӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ аз ҷониби сарбози дигар сахт маҷрӯҳ шудааст, рӯзи 27-уми март ба радиои Озодӣ гуфт, ки масъулони беморхонаи Қарияи боло фарзандашонро баъди 7 рӯз рухсат медиҳанд, вале онҳо намедонанд, ки баъди он чӣ бояд кунанд? Падари Шаҳбол мегӯяд, сарпизишики беморхона гуфтааст, ки марҳилаи табобати Шаҳбол ба анҷом мерасад ва имкони табобати бештари ӯ дар ин бемористон вуҷуд надорад ва аз ин рӯ, метавонанд ӯро ҳафтае баъд ба хона баранд.

«Медонед, вазъи Шаҳбол ҳеҷ беҳбуд наёфтааст. Аз миён поёнаш ҳаракат намекунад, гарданаш сахт маҷрӯҳ аст. То ҳол талошҳои мо барои ҷарроҳӣ кардани вай ҳеҷ натиҷае надодааст. Мо дар чунин шароит чӣ гуна ӯро бардошта, ба деҳаи дурдаст дар ноҳияи Ашт, ки ҳеҷ имкони дарёфти доруҳои зарурӣ дар онҷо нест, мебарем!?», мегӯяд Нӯъмон Мирзоев.

Вай мегӯяд, кумаке, ки аз тарафи Кумитаи сарҳадбонӣ расонида мешавад кофӣ нест ва феълан танҳо доруҳое барои табобати Шаҳбол истифода мешавад, ки аслан барои кам кардани дарди ӯст, на барои табобати комил. Наздикони Шаҳбол мегӯянд, азбаски дар маҳалли зисти онҳо - ноҳияи Ашт - шароити табобати ӯ вуҷуд надорад, маҷбуранд, барои идомаи табобати ӯ ягон бемористони пулакӣ биҷӯянд.

Нӯъмон Мирзоев қаблан гуфта буд, ки барои табобати комили писараш дар Олмон ё Эрон тақрибан 64 000 евро лозим будааст, вале азбаски ӯ рӯзгори хонаводаашро аз ҳисоби муҳоҷират дар Русия таъмин мекард, тавони ҷамъ овардани чунин маблағи бузургро надорад ва ҳатто хонаашро дар ноҳияи Ашт ба фурӯш гузоштааст, то писарашро ба пои худ рост кунад.

Ин дар ҳолест ки Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки рӯзи 21 март, дар рӯзи иди Наврӯз аз Шаҳбол Мирзоев дар бемористон аёдат кард, ваъда дода буд, ки табобати ӯро чӣ "дар дохил ва чӣ дар хориҷ" ин ниҳод пурра бар ӯҳда хоҳад гирифт.

Дафтари матбуоти нирӯҳои марзбонӣ рӯзи 27 март ба Озодӣ гуфт, азбаски тайи як ҳафта дар кишвар таътилоти наврӯзӣ буд ва идораҳои давлатӣ кор намекарданд, ҳанӯз масъалаи таъмини табобати Шаҳбол Мирзоев ҳал нашудааст. Вале ба гуфтаи ин манбаъ, таваҷҷӯҳ ба қазияи Шаҳбол Мирзоев аз сӯи раёсати марзбонии Кумитаи амнияти миллӣ хеле ҷиддист ва ин идора ба ваъдае ки ҷиҳати таъмини табобати Шаҳбол Мирзоев додааст, амал хоҳад кард.

Қаблан мақомоти марзбонӣ дар изҳороти худ гуфта буданд, табобати Шаҳбол Мирзоев дар беморхонаи ҷумҳуриявии Қарияи боло таҳти назорати табибони беморхонаи марказии ҳарбии нирӯҳои марзбонӣ ҷараён дорад ва тамоми доруву дармони лозим барояш расонда мешавад. Бино бар ин изҳорот, муолиҷаву табобат ва ҷарроҳӣ тибқи талаботи қонуни Тоҷикистон дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ ва вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба таври ройгон таъмин карда мешаванд.

Шаҳбол Мирзоеви 22-сола, сокини ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт, ки 7 моҳ пеш баъди хатми донишгоҳи Хуҷанд, довталабона ба хидмати артиш рафта буд, шаби 8 март баъди «гуштӣ» бо Усмоналӣ Ғайратов маъюб шудааст. Худи ӯ мегӯяд, бо вуҷуди шикастани гарданаш вайро як рӯзи дигар дар бунгоҳи тиббии қисми низомӣ нигоҳ дошта, танҳо баъди қасам хӯрданаш, ки сирри ин қазияро ба касе нахоҳад гуфт, ӯро ба беморхона овардаанд.

Аммо нирӯҳои марзбонӣ дар изҳороти худ аз 20 март хабарҳои нашршуда дар бораи бар асари латтукӯб дар маҳалли хидмат маъюб шудани сарбози қатории қисми ҳарбии 2620-и нирӯҳои марзбонӣ Шаҳбол Мирзоевро беасос хонда, гуфт, Усмоналӣ Ғайратов қасдан Шаҳбол Мирзоевро зада маъюб накардааст, балки барои бартариашро дар назди дигарон нишон додан бо ӯ ... гуштӣ гирифтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG