Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чанд кило шакару орду нахуд барои Шаҳбол. Аз кумаки молӣ хабаре нест


Волидони Шаҳбол Мирзоев дар вокуниш ба посухи генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба номаи вакили дифои писарашон мегӯянд, ки то кунун мақомоти марзбонӣ ваъдаҳои худро иҷро накарданд.

Волидони Шаҳбол Мирзоев, мегӯянд, ки ба номаҳои мақомоти Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар мавриди кӯмак ба фарзандашон бовар надоранд, зеро ба қавли онҳо, то кунун мақомоти сарҳадбонӣ ваъдаҳои худро он тавре, ки пешбинӣ карданд, иҷро накардаанд.

Нӯъмон Мирзоев -- падари Шаҳбол Мирзоев рӯзи 6 июн дар сӯҳбат ба "Озодӣ" аз номаи ҷавобии Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба мактуби Абдураҳмон Шарифов - вакили мудофеи Шаҳбол Мирзоев бехабарӣ кард ва гуфт, то ҳол кӯмаке ба Шаҳбол расонида нашудааст.

Нӯъмон Мирзоев афзуд, ки ин номаи ҷавобии Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар таърихи 12 май навишта шудааст, вале кӯмакҳои онҳоро ба истиснои ду дафъа ёрие, ки аз онҳо расида ва чанд ампула буд, надидаанд, ки онро низ қабул накардаанд.

Вай афзуд, ки дафъаи дигар чанд кило шакару орду нахуд оварданд, вале харҷу сарфи табобати Шаҳбол тақрибан аз ҳисоби худашон пардохта шудааст ва ин идома дорад. Нӯъмон Мирзоев афзуд, ки қабл аз бурдани Шаҳбол ба Маскав, чанд дафъа ба қабулгоҳи Раҷабалӣ Раҳмоналӣ рафта буд, аммо ба ӯ иҷозати рӯбарӯ шудан бо фармондеҳро надоданд.

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар номаи ҷавобиаш зикр кардааст, ки «дар буҷаи Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии барои пардохт намудани ҷуброни зарар ва расонидани ёрии моддӣ ба ҷароҳатбардоштагон ва осебдидагон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» маблағгузорӣ пешбинӣ шудааст.

Вай зикр кардааст, ки табобати таъҷилии ҷабрдида сарбози қаторӣ Мирзоев Шаҳбол Нӯъмонович дар шӯъбаи ҷарроҳии асабӣ №2 Маркази миллии тиббии ҶТ аз тарафи мутахассисони соҳавӣ ҳаматарафа аз ҳисоби Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Аммо падари сарбози маъюбшуда Шаҳбол Мирзоев мегӯяд, ки дар беморхонаи Қараболои пойтахт Раёсати сарҳадбонӣ чанд антибиотик ва доруҳое оварданд, ки дардро кам мекард ва ҳамонам саривақт оварда намешуд.

Шаҳбол Мирзоеви 22-сола, сокини ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт, ки 7 моҳ пеш баъди хатми донишгоҳи Хуҷанд, довталабона ба хидмати артиш рафта буд, шаби 8 март баъди «гуштӣ» бо Усмоналӣ Ғайратов маъюб шудааст. Мақомоти ин қисми низомӣ латукӯб ё бадрафторӣ нисбат ба Шаҳбол Мирзоев аз сӯи ҳамхидматонашро рад карда, мегуфтанд, ки Усмоналӣ Ғайратов бо Шаҳбол ... гуштӣ гирифтааст.

Аммо Шаҳбол Мирзоев баъдан ба хабарнигорон қисса кард, ки ҳатто баъди шикастани гарданашро ӯро як шабонарӯз дар дохили бунгоҳи тиббии қисми низомӣ нигоҳ дошта, ба бемористон нарасондаанд. Ба гуфтаи ӯ, ӯро танҳо баъди онки қасам хӯрдааст, ки сирри ин моҷароро ҳеҷ гоҳ фош нахоҳад кард, ба бемористон бурдаанд.

Алайҳи Ғайратов ҳанӯз рӯзи 14 март бар асоси қисми дуюми моддаи 373-юми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз ҷониби додситонии низомии гарнизони Душанбе парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

Ҳарчанд мақомоти Сарраёсати нируҳои марзбонии Тоҷикистон ваъда кардаанд, ки куллияи масрафоти табобат ва амали ҷарроҳии Шаҳболро мепардозанд, аммо чун ин ваъда иҷро нагардид, Нӯъмон Мирзоев, падари ин сарбоз хонаашро фӯрухта ва писарашро рӯзи 28 апрел барои ҷарроҳӣ ба Русия бурд.

Ҷарроҳии Шаҳбол Мирзоев дар бемористони низомии шаҳри Красногорски вилояти Маскав анҷом шуд. Баъди 2 ҳафта, рӯзи 18 май падараш Шаҳболро ба Хуҷанд овард ва ӯ аз он замон то имрӯз дар бемористони Хуҷанд шушҳояшро табобат мекунад.
XS
SM
MD
LG